БА ХОДИМОНИ МАТБУОТ ВА ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВӢ

Дӯстони азиз!

Аз таҳти дил шумо ва собиқадорони соҳаро бо Рӯзи ходимони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ, ки дар мамлакатамон васеъ ҷашн мегардад, самимона табрик менамоям.
Ин ҷашн на фақат ҷашни онҳое аст, ки ҳаёти худро ба касби мазкур бахшидаанд, балки боз иди миллионҳо нафар хонандагон, шунавандагон, тамошобинон, тамоми ҷамъият мебошад, ки аз ҳосили меҳнати эҷодии пурмашаққати шумо истифода менамоянд. 
Имрӯз низ суханони ҷадидон-маърифатпарварон, ки пойгоҳи матбуоти миллии моро гузоштаанд, молики аҳамияти муҳим мебошад, ки гуфтаанд, матбуот бояд барои рушди миллат ва матбуот хидмат намояд, ифодакунандаи афкори равшан бошад, офтобе бошад, ки тафаккур ва қалби одамонро равшанӣ бахшад, оинаи виҷдони ҳар як инсон бошад. 
Фақат ба туфайли касби истиқлолият орзу ва азми ниёгони бузургамон ба воқеият табдил ёфт. 
Солҳои охир дар натиҷаи бозсозиҳои ҷорӣ дар таърихи мамлакат пойгоҳи пурзӯри ҳуқуқӣ ва шароит дар ҷамъият ба вуҷуд оварда шуд, то ки воситаҳои ахбори оммавӣ барои баёни озоди фикр ва муҳофизони фаъоли манфиатҳои халқ минбар гардад. 
Таъмини озодии сухан ва матбуот, ҳуқуқи дарёфт ва паҳн намудани иттилоотро қисми муҳим ва ҷудонопазири рушди стратегиамон, ки ба ҳимояи манфиат, шараф ва арзиши инсон, сохтмони ҷамъият ва давлати демократие, ки ба мардум хидмат менамояд, мешуморем. Дар Конститутсияи таҷдидёфтаи мамлакат моддаҳои марбут боз ҳам пурзӯр карда шуд, ки он аз муттасилии амаламон дар ин самт далолат менамояд. 
Ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон 2140 воситаи ахбори оммавӣ, ё худ 626-то бештар нисбат ба соли 2016 вуҷуд дорад. Аз онҳо 65 фоизаш ВАО ғайридавлатӣ мебошад, ки аз бозсозиҳои сохтории идомаёбанда дар соҳа гувоҳӣ медиҳад. Шоистаи таъкид аст, ки дар қатори воситаҳои ахбори оммавии анъанавӣ нашрияҳои интернетӣ низ босуръат тараққӣ меёбад, ки теъдоди онҳо ба 745 расида, аудиторияашон бемайлон зиёд мегардад. 
Ташкил намудани хидматҳои иттилоотӣ дар ташкилот ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо барои пурзӯр гардидани гуфтугӯ бо аҳолӣ таъсири назаррас дорад. 
Низоми таъмини рӯшодгӯйӣ, шаффофияти фаъолият ва ҳисоботдиҳии мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ татбиқ гардида, таҷрибаи муайянсозии индекатори шаффофият, баҳогузории он дар асоси стандартҳои пешқадами байналхалқӣ роҳандозӣ гаштааст. Аз он ҷумла, ба қарибӣ бори аввал Индекси рушодгӯйии баҳогузории кори мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ бинобар ҷамъбасти соли гузашта нашр гардид, ки дар самти мазкур қадами муҳим гардид. 
Воситаҳои ахбори оммавии мамлакат боэътимодона ба фазои байналхалқии иттилоотӣ мегаравад. Барномаҳои Телерадиокомпанияи миллии Ӯзбекистон ва чандин телестудияҳои хусусӣ ба бештар аз 100 мамлакати ҷаҳон пахш мегардад. Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Агентии иттилоотии «Дунё» инчунин матолиби худро ба 10 забони хориҷӣ пахш менамоянд. 
Саҳми муносиби ходимони соҳаи табъу нашр дар кори неки оммавӣ гардондани маданияти қироат дар мамлакат эътибори алоҳидаро шоиста аст. Дар солҳои охир нашриётҳои ҷумҳурӣ 132 миллион нусха китобҳои бадеӣ ва адабиёти дигарро нашр намуданд, ки бешубҳа дар васеъ гардидани ҷаҳонбинии одамон, пеш аз ҳама ҷавонон, нақши муҳим дорад. 
Бо мақсади дастгирии воситаҳои ахбори оммавӣ барои онҳо имтиёз аз андоз барои даромад ба муҳлати се сол пешниҳод гаштааст, ки ин барои босуботии иқтисодии онҳо василаи муҳим гардид. 
Дӯстони муҳтарам!
Ҳоло замона бо суръати баланд дар наздамон дар тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла дар соҳаи иттилоот низ, вазифаҳои фавқулода муҳим мегузорад.
Имрӯз дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки ҳамаро нигарон намудааст, аз ин рӯ моро наметавонад шиддат ёфтани ситезаҳо дар ҷараёнҳои ҷаҳонии иттилоот нигарон насозад. Мутаассифона бояд бигӯям, ки дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон воситаҳои ахбори оммавӣ ба манфиати ин ё он қувваи сиёсӣ барои авҷ додани ҷангҳои иттилоотӣ хидмат менамояд, афкори ҷамъиятро гумроҳ месозад, фактҳоро таҳриф намуда, мафҳумҳоро табдил мекунанд.
Дар чунин вазъияти мураккаб, вақте ки бартарӣ дар фазои иттилоотӣ аз ҳар ҷиҳат аҳамияти ҳалкунандаро молик аст, мо дар шахси шумо соҳибони касби ҳақиқиро мебинем, ки қатъан ба принсипҳои асосии матбуоти демократӣ – объективӣ, эътимоднокии иттилоот, садоқат ба манфиатҳои миллӣ, одамоне, ки бо дониш ва зарфияти худ, қалами бурро ва сухани ҳаққонии худ ба ҷамъият барои фаҳмиши моҳияти ҷараёнҳои ҷории иҷтимоӣ кумак мекунанд, аз таъсири манфии иттилооти ботил ҳимоя месозанд, риоя менамоянд. 
Дар бартарафсозии камбудиҳо ва мушкилоти ҳаёти ҷамъият, мубориза бар зидди чунин иллатҳо, мисли бюрократия ва коррупсия мо пеш аз ҳама ба шумо, журналистон ва блогерҳои муҳтарам ва хусусан ба ҷавонони соҳибистеъдодамон, ки ба фазои ахбори миллӣ бо ғоя ва ташаббусҳои нав ворид мегарданд, такя менамояем.  
Маҳз барои ҳамин ба тарбияи кадрҳои журналистии соҳиби ҷаҳонбинии васеъ, балади забонҳои хориҷӣ ва технологияи иттилоотии баландмалака, содиқи Ватан бартарӣ дода мешавад. Ҳоло, ки садҳо мутахассисонро дар соҳаи журналистика Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд, Донишгоҳи давлатии Қароқалпоқистон ва Донишгоҳи давлатии Бухоро тарбия менамоянд, аз ин гувоҳӣ медиҳад.          
Дар ин муассисаҳои таълими олӣ донишҷӯён аз профессорон ва устодони соҳибтаҷриба асрори маҳоратро бинобар беш аз 20 самт, мисли ВАО чопӣ ва кори ноширӣ, журналистикаи аудиовизуалӣ, интернет-журналистика ва менеҷмент, назария ва амалиёти медиа, журналистикаи ҳарбӣ ва варзишӣ, ВАО рақамӣ, муносибати байналхалқӣ меомӯзанд. 
Мо дар пеши худ вазифа гузоштаем, ки журналистикаи нави Ӯзбекистони Навро ба вуҷуд оварем ва худи ҳаёт аз мо ҳамаҷониба омӯхтани натанҳо дар соҳаи анъанаҳои миллӣ бавуҷудомада, балки таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфта, пурзӯрсозии ҳамкорӣ бо пешқадамтарин муассисаҳои таълими олии соҳаи ВАО-и хориҷӣ, ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ ва медиокомпанияҳоро талаб менамояд. 
Бинобар ин рушди муттасили воситаҳои ахбори оммавӣ минбаъд низ дар маркази эътиборамон қарор хоҳад гирифт. Боварӣ дорам, ки дар муайян намудан ва татбиқи вазифаҳое, ки дар соҳаи мазкур дар наздамон қарор доранд, молики аҳамияти Гузориши миллӣ хоҳад буд, ки бо тарбияи онҳо ҳоли ҳозир Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон машғул мебошад, ки аҳамияти калони амалӣ хоҳад дошт. 
Аз фурсат истифода намуда, бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки давлат ва ҷамъиятамон барои дастгирии ногузир дар беҳсозии шароити меҳнат ва ҳаёти ходимони ВАО, рағбатноксозии фаъолияти пурмашаққат ва масъулиятнокашон, мустаҳкамсозии соҳаҳои моддиву техникӣ ва зарфияти кадрҳо омода мебошанд. 
Шуморо бо ҷашни касбии бузургатон ва ҳамчунин иди фарорасандаи дурахшони Қурбон табрик намуда, барои ҳамаатон тансиҳатӣ, тавфиқи нави эҷодӣ, хушбахтӣ ва ба хонаводаҳоятон фараҳмандӣ таманно дорам. 

Шавкат МИРЗИЁЕВ, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: