Дар Ӯзбекистон кулли раванди ислоҳот ба манфиати инсон нигаронида шудаанд.
Ӯзбекистон мамлакати сермиллат буда, дар он намояндагони беш аз сад миллату халқият буду бош ва ба динҳои гуногун эътиқод доранд, якдилона дар рушду нумӯи кишвар саҳм мегиранд.
Дар вилояти Навоӣ, бахусус, дар шаҳрҳои Навоӣ ва Зарафшон намояндагони бисёр миллату халқиятҳо зиндагӣ мекунанд, ки якҷо умумияти халқи Ӯзбекистонро ташкил медиҳанд.
Чанде пеш мо бо раиси Маркази миллию мадании тотору бошқирдҳои вилоят Бахтиёр Аблакулов суҳбат доштем.
Ӯ гуфт: – Дар ҳудуди вилоят беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони мансуб ба миллатҳои тотору бошқирд зисту зиндагӣ ва кор мекунанд. Онҳо чун тамоми халқҳои маскуни вилоят дар тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ ҳисса мегузоранд. Дар вилоят 8 маркази миллию маданӣ фаъоланд. (Афсӯс, то ҳол Маркази миллию мадании тоҷикон ташкил наёфтааст). Чун аҳли як оила ҳаёт ба сар мебаранд. Ҳар кадом миллат урфу одат, бузургтарин арзиши миллӣ – забони миллии худро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунанд, инкишоф медиҳанд. Пос доштани сулҳу субот, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, қадршиносиву эҳтиром вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост.
Дар арафаи Рӯзи дӯстии халқҳо – 30 июл маро бо нишони сарисинагии «Халқлар дӯстлиги» мукофотониданд. Ин ба ман барои корҳои неки минбаъда илҳом бахшида, масъулиятамро дучанд мекунад, – мегӯяд Б. Аблакулов.
Хурсандиовар аст, ки бо ин нишон намояндагони миллату халқиятҳои гуногуне, ки дар мустаҳкамсозии ҳамдилӣ ва якпарчагӣ саҳм гирифтаанд, сарфароз карда шуданд.
Солҳои охир Президент доир ба муносибатҳои миллӣ ва эътиқоду озодии виҷдон ба беш аз 50 ҳуҷҷат имзо кард, зиёда аз 40 қарори дахлдор қабул гардид. Ин ҳама имкон медиҳанд, ки халқи Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар баробарҳуқуқ ва фаъолияти пурсамар дошта бошанд.
Ҳини суҳбати мо зани аврупоинажод ворид шуд ва худро Анна Ядикина, раиси Маркази миллию мадании рус дар вилоят муаррифӣ намуд. Ба таъбире суҳбат дубора қӯр гирифт.
– Маркази мо дар вилоят аз соли 2001 боз фаъолият дорад, – гуфт ӯ. – Беш аз 220 шаҳрванд дар тадбирҳои гуногун иштирок намуда, ба тарғиби забони русӣ, ҳифзи урфу одатҳои миллӣ ҳисса мегузоранд.
– Моҳи марти соли равон, – суханашро идома дод А. Ядикина, – ҷашни «Юр. Масленитса» баргузор гардид. Дар ин ҷашн беш аз 200 нафар шаҳрвандони рустабор ширкат доштанд. Дар марказ маҳфилҳои мухталиф амал мекунанд. Ба қарибӣ дар бинои «Нигористони санъат» намоиши асарҳои рассомони ҷавон таҳти шиори «Барои эҷод монеа нест» гузаронида шуд, хушҳолона хабар дод Анна. Ӯ аз дастоварди ҳамзабонони худ меболид...
Умуман, дар Ӯзбекистон барои татбиқ сохтани мақсадҳои созандагиву бунёдкорӣ имкониятҳо ҳастанд. Мехостем, тоҷикони вилоят низ аз ин ҷараёни созандаю бунёдкорона дар канор набошанд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.