ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО

Ӯзбекистон сарзамини офтобӣ, мардумонаш гуногунмиллат буда, дар он ҳама дӯсту бародарона зиндагӣ доранд.

. Барои ҳаёти орому осоиштаи мардуми диёр тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Марказҳои миллию фарҳангии халқу миллатҳои гуногун дар мамлакатамон босамар фаъолият доранд, ки ҳар яке барои нигаҳдошти урфу одат, анъана ва қадриятҳои миллӣ, адабиёту санъати халқҳои худ саъю кӯшиш ва ҳаракат мекунанд. 
Аз ҷумла, фаъолияти марказҳои миллию фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ низ сазовори таҳсин мебошад. Онҳо дар фаъолияти кории худ ба комёбиҳои нав ба нав ноил мегарданд. Фаъолияти марказҳои миллию фарҳангии вилоят ва ноҳияҳо низ назаррас аст. 
Аз ҷумла, хидмати корманди Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ Насиба Зайниддинова сазовори таҳсин мебошад. Чун ба даст китобҳои шоирони тоҷик Мирзо Турсунзода «Чароғи абадӣ», Лоиқ Шералӣ «Ман намемирам», Паймон «Шабогард», романи «Фирдавсӣ»-и нависанда Сотим Улуғзода (Тошканд, нашриёти «Тамаддун») ва дигаронро гиред, дилатон аз хушнудӣ ва хурсандӣ лабрез мегардад. Беихтиёр ба касоне, ки қатъи назар аз кию чӣ буданашон дар ин сарзамин барои рушду такомули адабиёт, матбуоти тоҷик барои хонанда асаре ё осореро пешкаш менамоянд, офаринҳо мегӯед. 
Инро дар мисоли чопи маҷмӯаи мақолаҳои «Пайроҳаи илм», ки оид ба роҳи ҳаёт ва эҷодиёти олими забардаст Абдулғанӣ Мирзоев навишта шудааст низ метавон гуфт. Гузаронидани тадбир бахшида ба ёдбуди як нафар фарзанди обрӯманди тоҷик А.Мирзоев дар зодгоҳи олим – ноҳияи Китоб бо ташаббус ва саъю ҳаракати Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ  гузаронида шуд.
Муттаҳидӣ моро ба  мақсадҳо мерасонад. Мо дорои адабиёту фарҳанги ғаниву қадимӣ ҳастем. Ин мероси аҷдодиро ба наслҳои оянда бегазанд расонидан қарзи инсонӣ ва фарзандии мост. Ояндаро аз имрӯз бояд созем, бунёди оянда аз иттиҳод, дӯстию рафоқат, оромию осоиштагӣ имконпазир мегардад.
Ба хидматҳои Насиба мо аз забони шоир чунин баҳо медиҳем, ки муҳоботе нест:
То сухан чун қомати 
мавзун шавад,
Дар сари ҳар мисрае дил 
хун шавад.
Дӯстам ранҷидан 
аз инсоф нест,
Ҳарчи дар ҳаққи ту гӯям 
лоф нест.
Имрӯзҳо нақшаи зиёде дар дил дорад Насиба Зайниддинова. Гузаронидани ҳар як тадбир бори дигар садо аз таърихи рӯзи гузашта, ҳаёти шахсони таърихӣ мебошад. Дар ташкили корҳои хубу манзури оянда тавфиқ ёрашон бод. 
  
Шавкатулло ОСТОНАЕВ,
Абдуманнон САФАРОВ, 
аъзои Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ноҳияи Узун. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: