ФОЛНОМАИ ҲОФИЗ

Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯйӣ мекунад. Ҳоло мо ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Сӯзи дил» ниҳодем ва фолномаи Ҳофизро ҳамроҳ бо шарҳаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» манзури хонандагони азизи «Овози тоҷик» менамоем.

Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.

СӮЗИ ДИЛ

Сина аз оташи дил дар ғами ҷонона бисӯхт,
Оташе буд дар ин хона, ки кошона бисӯхт.
Танам аз воситаи дурии дилбар бигудохт,
Ҷонам аз оташи меҳри рухи ҷонона бисӯхт.
Хирқаи зуҳди маро оби харобот бибурд,
Хонаи ақли маро оташи майхона бисӯхт.
Чун пиёла дилам аз тавба, ки кардам, бишикаст,
Ҳамчу лола ҷигарам бе маю хумхона бисӯхт.
Моҷаро кам куну боз о, ки маро мардуми чашм,
Хирқа аз сар бадар оварду ба шукрона бисӯхт.
Тарки афсона бигӯ, Ҳофизу май нӯш даме,
Ки нахуфтем шабу шамъ ба афсона бисӯхт.

Як ошиқи ҳақиқӣ дар роҳи висоли маҳбуба ҳама чизи худро аз даст медиҳад ва сахтиҳои бешумореро таҳаммул мекунад. Вале бурдборию шикебоии ӯ ва низ дилогоҳии вай метавонад омили муассире дар роҳёбӣ ба камоли вай бошад.

Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: