Дар рафти мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки 9 август баргузор гардид, масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия баррасӣ шуданд.
Ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва идомаи табодули фаъоли башардӯстона таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Сарони ду кишвар ҳамчунин ҷадвали баргузории чорабиниҳои дарпешистодаро баррасӣ намуда, хостори дар рӯзҳои наздик баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, анҷуманҳои матбуотии байниминтақавӣ, таълимии Ӯзбекистону Русия шуданд.
Доир ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.