(Пурсиш ва посух аз гузаштагони бузург)
Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
профессор
САДОҲО АЗ ЖАРФОИ ТАЪРИХ
(Пурсиш ва посух аз гузаштагони бузург)
(Эссе)
ПУРСИШ ВА ПОСУХ АЗ АБУМАНСУРИ ДАҚИҚӢ
(935 - 976)
Насли асри ХХI бузургӣ ва камолоти фитрии шуморо чун суханвар ва поягузори «Шоҳноманависӣ» бениҳоят қадр мекунад. Шумо аз аввалинҳоед, ки ҳувияти қавми форсизабононро ба риштаи назм кашида, меҳри худро нисбат ба гузаштагон ва дину арзишҳои маънавии онҳо дар эҷодиёти бадеии худ басо равшан ифода кардаанд. Шумо дар умри хеле ҳам кӯтоҳу бобаракати хеш тавонистед заминаи фарҳанги эрониро аломатгузорӣ кунед. Пайдост, ки меҳри бениҳоят самимиатон нисбат ба ниёгону эътиқоди озодипарастии онҳо, ростгӯии шумо сабаби дасисакорӣ ва бадгӯӣ ва дар охир боиси қатли шумо аз ҷониби ифротгароёни дини наву миҳанфӯрушон гардидаанд. Аммо рӯҳи бузурги шумо то кунун зиндааст ва мо бо он фахр мекунем.
Пурсиши мо аз рӯҳи абадзиндаю мубораки шумо он аст, ки чаро чунин амалҳои бад чун ифротгароии динӣ, сиёсӣ, идеологӣ, қатлу куштор, фасодкорӣ баъди чандин асри қатли бераҳмонаи шумо низ аз байн нарафта, баръакс бештару ҳассостар шудаанд?
Азизон, бояд гуфт, ки интихоб ё баргузидани ин ё он мазҳабу дин, на ба ниҳоди бунёди онҳо – ҳамзистӣ, ҳампазироӣ, ҳамфикрӣ, дӯстӣ, балки ба қавмгароӣ, решаҳои этникӣ, ҷуғрофӣ такя мекунанд. «Худо»-ро, ки такягоҳи маънавияти одамон аст ва некиро аз бадӣ, равшаниро аз торикӣ, ростиро аз дурӯғгӯйи, дӯстиро аз душманӣ, лутфро аз ғазаб ҷудо мекунад ва эҳсосоти башариро бедор менамояд, ба мафҳуми хурофотӣ табдил медиҳанд. Аз ин ҷост, ки дар фарҳанги исломӣ хурофот дар Шарқ аз Ғарб дида пештар шакл мегирад ва садди пешрафт ва рифоҳи ҷомеа мегардад. Тамоми қафомонии усули зиндагии шумо аз мубориза ба муқобили навоварӣ – навоварӣ дар тафаккур, дар эҷод, дар усули дарк ва шинохти Парвардигор, дар созандагӣ, ки онро бидъат, бадкирдорӣ ном кардаанд, маншаъ мегирад. Мубориза бар зидди навоварӣ дар гузашта тамоми фаъолияти мардумро фаро гирифта, то ҳатто тарбия ва таълими кӯдаконро ҳам. Маърифати динӣ набояд завқу иродаи эстетикӣ, бурузи рӯҳиёти одамонро, ки зербинои худсозии эшон мебошад инҳисор (монополия) кунад, вагарна дар ҷомеа яклухтӣ ба вуқӯъ меояд, шавқу ҳаваси одамонро ба зиндагӣ коста мекунад.
Барои аз байн бурдани ифротгароӣ, хашинӣ, қатлу куштор дар ҷомеа се омилро бояд амалӣ кард. Якум, маърифати динӣ бояд худро ба маърифати илмӣ муқобил нагузорад ва ба сиёсат нагарояд, дувум, маърифати экологӣ, ки дар гузаштаи дур қобили эҳтиром буд, эҳё ва дар маърифати динӣ пойдор гардад, сеюм, маърифати динӣ набояд аз меъёри меъроҷ берун равад, вагарна, тавре ки бузургони пешин фармудаанд, ба муҳмалот (абсурд) табдил меёбад.
ПУРСИШ ВА ПОСУХ АЗ АБУБАКРИ РОЗӢ
(865-935)
Шумо бузургтарин кашшофи замони худ, аввалин шахсе ҳастед, ки фармудаанд, ки барои оламиён бунёди илми педиатрӣ (ташхиси тиббии кӯдакон)-ро гузоштед, назария ва амалияро дар ҳамбастагии ногусастанӣ таълим додед, барои бенавоён табобатхонаро дар ҷойҳои хушбоду ҳаво сохта, онро худ идора кардед, тартиб додани таърихи касалиҳои ҳар як фардро ба роҳ мондед, ҷарроҳии кимёвиро оғоз бахшидед, касалиҳое ба мисли обила ва сурхаконро дармон карда, пахтаро чун василаи истифода дар табобат барқарор кардед. Шуморо ҷаҳониён чун падари илми кимё эътироф карданд Аввалин шуда сохт (структура)-и моддаҳои кимёвиро муайян карда, усули омӯзиши онҳоро пешниҳод намудед. Шуморо асосгузори илми дорусозӣ ҳам мегӯянд.
Шумо ҳамчун файласуф ҳам дар хусуси беканории олам дар давраи маҳдудияти тафаккури замони худ ва ифротгароии зиёди динӣ ҷасурона фикри худро баён кардед. Фалсафаи худро чун дигар мутафаккирон на дар мабнои фалсафаи Юнони Қадим ва ислом, балки дар асоси фалсафаи Эрони бостон, Ҳинд ва Бобул шакл додед. Чун шахси дорои тафаккури муқтадир аввалин бор аз назари илмӣ ва фалсафӣ тамоми адён, мазоҳиб ва нубувватро шарҳу тавзеҳ додед. Хулоса, таълимоти беназири фалсафӣ ва илмии шумо дар асри ХХ1 ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. Асарҳои шумо «Ал - Ҳавӣ» («Маҷмӯи илми тиб»), «Китоб дар бораи вақту замон», «Тибби Мансурӣ» (дар сӣ ҷилд), «Табобати бечорагон», «Китоби лаззот» ва ғайра ба забони лотинӣ, таҳти номи Рамзес, тарҷума шуда, садсолаҳо китоби дарсӣ ва рӯимизии аврупоиён буданд.
Мо – насли асри ХХI шуморо чун асосгузорӣ озодандешӣ, мубоҳисаҳои солими илмӣ, донандаи зиндагии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ ҳам мешиносем ва қадр мекунем.
Дар замони мо, замони тамаддуни рақамӣ, иттилоотӣ, компутерӣ маънавияти ҷавонон, ҳатто бисёр арзишҳои ахлоқӣ, тавре ки шумо дар китоби худ «Тибби рӯҳонӣ» ишора кардаед, на фақат коста шудаанд, балки таҳриф ҳам мешаванд. Чуноне ки дар асарҳои «Тибби рӯҳонӣ» ва «Китоби лаззот» навиштаед, «Бояд ҳама чиз барои саодат ва хушбахтии инсон офарида шавад». Метавон гуфт, ки саодат ва хушбахтии одам дар замони мо ба сарвату мол, ба шикампарастӣ, ба даст даровардани сарват асос ёфтааст. Яъне василае пайдо ва ё шакл нагирифтааст, ки ин «касалӣ»-и рӯҳӣ табобат шавад.
Ақидаҳои муҳиме, ки аз саҳифаҳои осори ман ба шумо ирсол мешаванд, инҳо рушди мусовӣ ва солими ҷисму ҷон, ақлу хирад, модиёт ва маънавиёт, фаъолияти назарӣ ва амалӣ, тарбия ва таълим, илму амал мебошанд. Агар сухан аз хусуси маънавияти фард, шахсони алоҳида равад, дар ин бобат амалиёти худсозӣ, худтарбиякунӣ, худдарккунӣ нақши муҳим доранд. Одам бо тамоми ҷузъиёт ва куллиёти худ, тибқи қонунҳои универсалии олам, ки бузургон онро ишқ ҳам мегӯянд, тавлид мешавад. Вале худсозӣ, худтарбиякунӣ, худдарккунӣ ба зиммаи худи ӯст.
Ба назарам табиат, Эзиди бузург ягон касро бидуни ягон ҳунару истеъдод намеофарад, ба ҷуз ононе, ки гирифтори норасоиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ таваллуд мешаванд. Дар бисёр ҳолат, ҳатто дар ботину ҷисми чунин касон ҳам ҳунар ва истеъдоде ниҳон аст. Фақат онро дарк кардан зарур аст. Худсозӣ, худдарккунӣ, худидоракунӣ аз идораи давлат сангинтар аст. Дар худсозӣ ва худдаркунӣ ман бисёр мухолифон ва ҳатто душман доштам. Масалан, муносибати шоҳи сулолаи Сомониён Мансур бо ман бо чунин мутафаккирони бузург ба мисли Носири Хусрав, Абуҳотами Розӣ, Абунасри Форобӣ, Ҳамидиддин Кирмонӣ ва ғайра. Уламои дину мазҳаб, анъанагароён маро бад медиданд, ҳатто мулҳид ҳам ном бурдаанд. Аммо ман аз роҳи ҳақиқатҷӯйӣ нагаштам. Бидуни муносибати солими танқидӣ ба илм, ба тамоми паҳлуҳои зиндагӣ ҷомеа аз ҳаракат боз мемонад, ё ба ботлоқ табдил меёбад, мисли обе, ки аз беҳаракатӣ хушк ё гандида мегардад.
Як тамоили номатлуби шумо нафаҳмидани таълимоти ман дар бораи лаззот мебошад. Намудҳои лаззот бисёранд: лаззоти маънавӣ ва модӣ. Масалан, лаззати шикастани ташнагӣ аз об ё хӯрдани нон дар гушнагӣ лаззоти моддӣ (ҷисмонӣ) аст. Аммо лаззат аз шунидани мусиқии форам ё китобхонӣ лаззоти маънавист. Лаззати ҳақиқӣ ба дарки Парвардигор ва арзишҳои зиндагӣ мебарад. Ва низ ҳангоме ки лаззат ба ифрот табдил мешавад, зиндагӣ мегардад. Дар замони шумо майли шикампарастӣ, ғутазанӣ ба «лаззоти» техникӣ, компутерӣ инсонро ба «Ҳомо техникус,» «Ҳомо экономикус» табдил дода, аз саодату бахти зиндагӣ маҳрум кардаанд.
Ҳиндувони қадим гуфтаанд, ки одам аввал майли омӯхтани заҳри мор мекунад, ҷойи он, ки аввал худро биёмузанд, ки заҳр дорад ё на. Албатта, на ҳар як кас ба худидоракунӣ ғайрату ҷуръат дорад. Барои ин иродаи матин лозим аст. Аз ин ҷиҳат инсон будану инсон шудан заҳмати бисёрро тақозо мекунад. Ман бори дигар мегӯям: «Инсоне, ки ҳадафаш хидмат ба Худост, инсони хуб аст. Аммо инсоне, ки ҳадафаш хидмат ба инсонҳост, яқинан, асилтарини инсонҳо аст».