ХОНАИ МАТБУОТ ДАР ХИЗМАТИ ЖУРНАЛИСТОН

Дар арафаи иди Истиқлолияти кишвар дар шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё бинои чорошёнаи матбуот ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки солҳои зиёд аст матбуотчиёни вилоят ба худ бинои махсуси хешро соҳиб набуданд. Бо кӯшишу кӯмаки бевоситаи собиқ ҳокими вилоят Эркин Турдимов бинои кӯҳна аз нав таъмир карда шуда барои ходимони расонаҳои ахбори умумӣ бинои боҳашамат сохта шуд. Аз рӯи гуфтаи сохтмончиён дар таъмири бинои мазкур беш аз 7 миллиард маблағ сарф карда шуд. Ба қарибӣ дар маросими кушодашавии ин бино ҷамъомади бошукӯҳе бо иштироки собиқадорони расонаҳои ахбор, меҳнат, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо барпо гардид. Дар ин гирдиҳамоӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Б.Пӯлатов баромад карда, ҳамаи матбуотчиёнро бо ин туҳфаи муносиб табрику муборакбод гуфта, дар корҳои эҷодияшон комёбиҳои назаррас орзу намуд.
Сипас, собиқ сармуҳаррири «Сурхон тонги» нависанда ва олим Муҳаммадҷон Азимов ва рӯзноманигори собиқадор Абдулло Холмирзоев ба сухан баромада ба ин ғамхориҳое, ки нисбати аҳли қалам имрӯзҳо сарвари давлатамон зоҳир мекунад, сипосгузорӣ намуда, ҷавобан ба ин  ҳамаи ҳамкорони хешро дар роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, фарҳангӣ барои боз ҳам хубтар меҳнат кардан даъват намуд.

Нуралӣ САФАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: