МУВАФФАҚИЯТИ ОЛИМПИЁНИ МО

Бинобар натиҷаи рӯзи панҷуми Бозиҳои XVIII тобистонаи Осиё, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешаванд, аъзои ҳайати варзиши Ӯзбекистон 19-то медал, аз ҷумла 4 медали тиллоӣ, 8 нуқра ва 7 биринҷиро соҳиб гардида, алҳол аз рӯи рейтинги умумӣ ҷойи нуҳумро соҳиб мебошанд.

Дар рӯзи панҷуми мусобиқаҳо варзишгарони мо панҷ медалро ба даст оварданд. Варзишгарон Шаҳбоз Холмурзоев ва Шаҳбоз Абдуҷабборов дар баҳсҳои ҷуфтии заврақронии академӣ дар баромади худ ба марра якум расида, соҳиби медали тиллоӣ шуданд. Баъдан, ду ҷуфти дигар — Сардор Тӯлқинхӯҷаев ва Алишер Турдиевҳо ба майдон баромада, соҳиби ҷойи дуюм гардиданд ва бо медали нуқра тақдиронида шуданд. Дар баҳсҳои чоргона намояндагони Ӯзбекистон (Исломбек Мамбетназаров, Отамурод Раҳимов, Шеҳроз Ҳакимов ва Зафар Усмоновҳо) медали биринҷиро ба ҳайати варзишамон тақдим карданд. 
Дар мусобиқаҳо оид ба таэквондо (дар вазни 49 килограмм) Мадинабону Манноповаи 17-сола ва варзишгари номвари гимнастикаи варзиш Оксана Чусовитина соҳиби медалҳои нуқрагин шуданд.

 

ӮЗБЕКИСТОН ДАР ЧОРЯКФИНАЛ
Дар мусобиқаи оид ба футболи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дастаи мунтахаби олимпии Ӯзбекистон дар ҳаштякфинал дастаи мунтахаби олимпии Ганконгро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуда, ба чорякфинал роҳхат гирифт. 
Боиси қайд аст, ки дастаи мунтахаби олимпии Ӯзбекистон U-23 таҳти сармураббии даста Равшан Ҳайдаров дар гурӯҳи «В»-и мусобиқа якҷо бо дастаҳои Қатар (бо ҳисоби 6:0), Бангладеш (3:0) ва Таиланд (1:0) вохӯрӣ гузаронда ба давраи ҳаштякфинали мусобиқа баромада буд. 
Рақиби сабқати навбатии дастаи мунтахаби мо дар чорякфинали мусобиқа дастаи яккачини олимпии Куриёи Ҷанубӣ мебошад, ки бозии мазкур 27 августи соли ҷорӣ соати 14:00 вақти Тошканд баргузор мегардад.   

МУРОДҶОН АҲМАДАЛИЕВ СОҲИБИ КАМАР ШУД

Муштзани ӯзбекистонӣ Муродҷон Аҳмадалиев, ки алҳол фаъолияти худро дар бокси касбӣ идома медиҳад, дирӯз дар Амрико ҷанги чоруми худро гузаронд. 
Варзишгари мо дар ин сабқат ба муқобили Рамон Контрераси чилигӣ ҷанг кард. Дар ин мусобиқае, ки ба 10 давр (раунд) ташкил карда шудааст, ҳамватани мо рақиби худро дар даври якум ба накаут расонда, пеш аз муҳлат унвони чемпиониро ба даст овард. 
Туфайли ин ғалабаи муҳим Муродҷон Аҳмадалиев соҳиби камари WBA InterContinental шуд.
Боиси қайд аст, ки Аҳмадалиев то имрӯз се маротиба ба ринг баромада, дар ҳамаи онҳо пирӯз шудааст. Вай дар ду ҷанги худ рақибони худро пеш аз муҳлат мағлуб намуда буд. Муродҷон Аҳмадалиев ҷоизадори чемпионати Олимпиада ва ҷаҳон маҳсуб меёбад. 

М. ҚОДИРЗОДА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: