“ШИФО-РОШИДОН” – ДАР ХИЗМАТИ БЕМОРОН

Дар маркази шаҳри Риштон шифохонаи хусусии “Шифо-Рошидон” ба фаъолият шурӯъ кард.

Тавре ки мудири ин шифохона Давлат Дадабоев таъкид намуд, дар шифохонаи мазкур беш аз бист тарзи хизматрасонии тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
– Умедворам, ки ифтитоҳи ин маскани шифо дар маркази Риштон, пеш аз ҳама дар барқароркунии саломатии аҳолии шаҳр ва деҳоти атрофи он хеле мусоидат хоҳад кард. Дар шифохонаи мо ду намуди хизматрасонӣ мавҷуд аст. Хизматрасонии якум барои бемороне анҷом дода мешавад, ки танҳо рӯзона омада муолиҷа мегиранд.  Намуди дуюми хизмат ба бемороне расонида мешавад, ки шабонарӯз дар назорати пизишкони мо қарор доранд, – изҳор намуд Давлат Дадабоев.
Мудири ин шифохона афзуд, ки беморони статсионарӣ  ва рӯзона ду маҳал бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Онҳо вазифадор ҳастанд, ки доруҳои барояшон лозимиро харидорӣ кунанд. Ба таъкиди Давлат Дадабоев дар айни замон шифохонаи хусусии “Шифо–Рошидон” бисту чор нафарро ба кор ҷалб намудааст ва қисмати бештари онҳоро пизишкон ва ҳамшираҳо ташкил мекунанд.
– Ходимони мо талош мекунанд, ки ҳар як бемор дар қадами аввал хеле хуб аз муоинаи тиббӣ гузаронда шавад. Баъд ҷиҳати муолиҷаи ӯ иқдомот сурат мегиранд. Духтури кӯдакон Бироҳила Саидова, кардиолог Ҷалолиддин Саидов, духтури бемориҳои асаб Анварҷон Абдуллоев, гинеколог Равшаной Азизова  аз зумраи пизишконе мебошанд, ки солҳои дароз дар шифохонаи марказии ноҳия фаъолият кардаанд ва таҷрибаи калони тиббӣ доранд,  – тазаккур дод Давлат Дадабоев.
Дар шифохонаи мазкур беморон ҳамчунин аз хизматҳои пулакии духтури дандон, массажкунӣ, ташхисҳои лабораторӣ, муайян кардани ҳомиладорӣ, дастгоҳҳои муоинакунии узвҳои дохилӣ ва амсоли он истифода баранд. Гуфта мешавад, пизишкони шифохонаи хусусии “Шифо–Рошидон” қодиранд, ки амалиёти сабуки ҷарроҳиро анҷом диҳанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: