МУБОРАКБОДИҲОИ САМИМӢ

Ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ба муносибати 27-умин солгарди истиқлолияти кишвари мо муборакбодиҳои самимӣ мерасанд. Дар онҳо беҳтарин орзуҳову хости муваффақиятҳо ба роҳбари давлати мо, шукуфоӣ ва фаровонҳолӣ ба мардуми Ӯзбекистон ифода ёфтаанд.

Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Иҷозат диҳед аз номи ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва халқи Чин, шахсан аз номи худам ба Шумо ва халқи бародари Ӯзбекистон ба муносибати 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарини худро ирсол намоям.
Дар Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Шумо вазъияти муътадили сиёсӣ мушоҳида мешавад, ислоҳот бинобар тамоми самтҳо пеш мераванд, суръати рушди иқтисодӣ торафт афзуда, ба шарофати он сатҳи ҳаёти мардум муттасил баланд мегардад ва дар сохтори давлат комёбиҳо ба даст меоянд, нуфузи мамлакат дар ҷаҳон меафзояд. Чин ба сифати ҳамсояи нек, шарики муътамад ва дӯсти хуби Ӯзбекистон аз ин комёбиҳо самимона хурсанд аст.
Ман ба пешрафти муносибатҳои чиниву ӯзбекистонӣ эътибори зиёд медиҳам, ба муносибатҳои неки корӣ, ки бо шумо ба миён омадаанд ва дӯстии шахсӣ баҳои баланд медиҳам. Ба наздикӣ дар соҳати ҳамоиши СҲШ, ки дар шаҳри Синдао ба вуқӯъ пайваст, мо мулоқоти пурмаҳсул доштем, ба як қатор муоҳидаҳои муҳим имзо гузоштем, ки ба муносибатҳои чиниву ӯзбекистонӣ такони нав бахшиданд.
Ман тайёрам якҷо бо Шумо дар рушди муносибатҳои чиниву ӯзбекистонӣ бобати шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба манфиати ду мамлакат ва халқҳоямон муваффақ шудан саъю ҳаракат кунам.
Ба Ӯзбекистони бародар шукуфоӣ ва нерӯмандӣ, ба халқи он бахту саодат ва фаровонҳолӣ орзу мекунам. 
Бо эҳтиром, 
Си СЗИНПИН,
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

***
Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Шумо ва халқи Ӯзбекистонро бо қаноатмандии бузург бо Рӯзи истиқлолият муборакбод менамоям. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷонибдори мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии ҳудуди Шумо боқӣ мемонад, мо хурсандем, ки Шумо 27-умин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистонро ба сифати давлати озоду муттасил рӯ ба инкишоф қайд менамоед.
Тӯли 27 соли гузашта муносибатҳои мо хеле пеш рафтанд, сафари таърихии Шумо ба Қасри сафед моҳи майи соли равон авҷи ин пешравиҳо гардид. Ман аз вохурӣ бо Шумо ва имконияти додани такони нав ба шарикии стратегии мо барои ҳаллу фасли таҳдидҳои умумии минтақа хурсанд шудам. Ман ҳамчунин мехостам Шуморо барои ислоҳоти назаррас дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқи инсон табрик намоям, ки ба манфиати халқи Ӯзбекистон ва истиқрори асоси мустаҳкам барои шукуфоии осоишта хидмат мекунанд.
1-уми сентябр мо бо қаноатмандӣ ба қафо – ба солҳои шарикӣ назар медӯзем ва имкониятҳои наверо, ки минбаъд ба миён меоянд, бесаброна интизор мешавем. Ман мехоҳам аз номи халқи Амрико орзуҳои самимии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бобати идома додани кори муштарак дар самти шукуфоии пойдори Ӯзбекистони демократӣ изҳор намоям.
Бо эҳтиром, 
Доналд Ҷ. ТРАМП, 
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико


Ба Волоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Иҷозат диҳед ба Шумо барои мулоқоти боэътимод ва шарикии конструктивӣ, ки дар байни Бонки умумиҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар гаштааст, миннатдории самимӣ баён кунам.
Дар даврони пас аз мулоқоти пурмаҳсули мо, ҳангоми сафари Шумо ба Вашингтон моҳи майи соли ҷорӣ мо бинобар бисёр самтҳои ҳамкории тарафайн ба пешрафти назаррас муваффақ шудем.
Коршиносони Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ барои кӯмакрасонӣ ба ҳукумат бинобар масъалаҳои бағоят муҳим, аз ҷумла дар соҳаи ислоҳсозии сектори энергетикӣ, такмил додани сиёсати андоз ва савдо, ҷорӣ намудани механизмҳои шарикии давлативу хусусӣ, рушди таълими томактабӣ, созмон додани Шӯрои иқтисодӣ ва ғайра мунтазам ба Ӯзбекистон сафар мекунанд.
Ҳамкориҳои қарин амалӣ мешаванд ва барои ҷорӣ намудани 8 лоиҳаи иловагӣ ба маблағи умумии тақрибан 1 миллиард доллар, аз ҷумла тайёр кардани лоиҳаҳои нави пешрафти иқтисодиёт ва барномаи «Обод қишлоқ», ки ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати ҳаёти аҳолии деҳот нигаронида шудаанд, омодагӣ  меравад.
Ман то ҳол аз суръат, миқёс ва умқи тағйирот дар Ӯзбекистон таҳти таассуроти амиқ қарор дорам. Мехостам барои имконияти иштироки Ӯзбекистон дар давраи нахустини татбиқкунии лоиҳаи мо бинобар рушди капитали инсонӣ самимона миннатдорӣ баён кунам. Умедворам,  Шумо метавонед ба сифати пешвои самти мазкур шахсан ба мо муттаҳид шавед.
Ба Шумо барои даъвати сафар ба Ӯзбекистон сипосгузорӣ мекунам ва ба ташрифи ҳарчи зудтар ба кишвари Шумо самимона умед мебандам.
Бо эҳтиром, 
Ҷим Ёнг КИМ, 
президенти Бонки умумиҷаҳонӣ   

Вуруди номаҳои табрикӣ идома дорад

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: