ҚУЛАИҲОИ ХИДМАТИ МАСОФАВИИ БОНКҲО

Чун дигар самтҳои иқтисодиёти кишвар дар соҳаҳои молияву бонк низ ислоҳоти назаррас ба амал бароварда мешаванд.

Қарори Президенти кишвар аз 23 марти соли равон «Дар бораи чорабиниҳои иловагии баланд бардоштани хидматҳои бонк» зинаи муҳими рушди соҳа гардид. Дар қарори мазкур вазифаҳои ба амал ҷорӣ намудани ташаббусҳои замонавӣ ва пешқадами хидматҳои бонкӣ ба рушди хидматрасонии масофавии бонк, технологияҳои нави ахбор, омӯхтани таҷрибаи пешқадами байналхалқии фаъолияти бонкҳо ва ҷорӣ намудани навъҳои гуногуни хидмату маҳсулоти бонкӣ аниқ ифода гардидаанд.
Баҳри таъмини иҷрои қарори мазкур бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Қишлоқ қурилиш банк» чорабиниҳои заруриро ба амал мебарорад. Махсусан, технологияҳои замонавии ахборро ҷорӣ намуда, доираи хидматрасонии масофавиро васеътар мегардонад.
Дар ҷамъомади навбатие, ки бонки номбурда дар Маркази матбуоти миллӣ ташкил намуд, оиди қулаиҳои намуди хидмати масофавӣ ба мизоҷон сухан рафт.
– Имрӯзҳо бонк хидмати масофавии худро ба мизоҷон тавассути хидматҳои «Интернет банкинг», «Мобил банкинг» ва «СМС-банкинг» мерасонад, бо ин усул вақти мизоҷро сарфа намуда, бо тасарруфи зудамали маблағҳо ба аҳолӣ қулаиҳо фароҳам меорад. Ин дар навбати худ ба имкони баланд шудани самаранокии иқтисодӣ ва зиёд гардидани миқдори мизоҷони бонк мусоидат мекунад, – таъкид намуд дар баромади худ роҳбари раёсати департаменти технологияҳои ахбори «Қишлоқ қурилиш банк» Улуғбек Исломов. – Масалан, хидмати «Интернет банкинг» ба мизоҷон имкони ба бинои бонк нарафта, аз ҷойи кор, тавассути интернет маблағи дар ҳисобварақ доштаашро ба зудӣ тасарруф намудан ва маълумоти кофӣ гирифтанро фароҳам меорад.
Барои аз хидматрасонии масофавӣ истифода бурдан мизоҷ чун шахси юридикӣ ба филиалҳои бонке, ки ба онҳо хидмат мерасонад, муроҷиат намуда шартномаи махсусро расмӣ мегардонад. Мутахассиси бонк ба компутери мизоҷ дастури махсус дохил карда, калиди бехатарии «ikey» тақдим менамояд. Инчунин бо тарзи аз он истифода бурдан шинос мекунад.
Алҳол аз ин хизматрасонӣ 3181 нафар мизоҷон истифода мебаранд.
Дигар аз хидматрасонии масофавӣ хидмати «Мобил банкинг» мебошад. Дар ин самт ба амал баровардани амалиёти гуногун тавассути карточкаҳои пластикӣ ба роҳ монда шудааст. Шаҳрванд метавонанд ба воситаи телефони мобилӣ маблағи дар ҳисобрақами бонк будаи худро идора кунад ва аснои зарурат аз он сарф намояд.
Хидматҳои «Депозит-банкинг», «Хабарномаи СМС» низ барои фароҳам овардани қулаиҳо ба роҳ монда шудаанд. То ҳолати 25 августи соли ҷорӣ 73489 нафар мизоҷи бонк аз хидмати «СМС –  хабарнома»-и «Қишлоқ қурилиш банк» баҳраманд шудааст.
Бонки мазкур баҳри баланд бардоштани сифати хидматҳои масофавӣ доимо саъӣ мекунад ва бо ин роҳ ба зиёд шудани сафи мизоҷони худ замина мегузорад.

Г. КАБИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: