ИСТИҚЛОЛ ИҚБОЛИ МАРДУМ АСТ

Ҳар сол дар диёри мо ин рӯзи накӯ бо як кайфияти хуше истиқбол гирифта мешавад.

Имсол мардуми мо 27-солагии ин иди бошукӯҳро қайд мекунанд. Дар ин даври таърих гӯё як ҷавон ба синни 27 қадам мениҳад. Ӯ руҳан ва ҷисмонан ба камол расида, бо шуҷоати бепоён барои амалӣ гаштани орзуҳои хеш дар зиндагӣ қадамҳои нек мегузорад. Воқеан, дар тӯли ин солҳо Ватани мо ба бисёр комёбиҳои назаррасе ноил гашта, дар арсаи таърих ба дунболи давлатҳои мутараққӣ равон аст.
Диёри Бойсун як гӯшаи хурди Ватан ба ҳисоб рафта, дар ин даври таърих бо кӯшишу ғайрати одамони накӯхислат ба бунёдкориҳое даст заданд, ки аз тамошои он дили кас фараҳ меёбад. Дар арафаи ин иди бузург соҳибкори саховатпешаву шуҷоатнок Ҳайиталӣ Алламуродов дар маркази ноҳия маҷмӯаи сеошёнаи савдоро ба истифода дод, ки он ба ҳусни ноҳия ҳусни нав бахшид. Хурсандиовар аст, ки дар ин маҷмӯаи савдо беш аз 20 нафар ҷавонон бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Инчунин имсол дар ноҳияи мо зиёда аз 20 хонаи арзон барои оилаҳои ногиро сохта шуд, ки ҳоло ин шаҳрвандон дар масканҳои боҳашамат зиндагии хешро идома медиҳанд. 
Кӯчаи Олмазори ноҳия дар ин давр ба худ ҳусни зиёде зам намудааст. Дар саргаҳи он бинои мактаби мусиқӣ, суд, идораи корхонаи барқ, истгоҳи ҳаракати нақлиёти кирокаш,  хонаи бахт қомат афрохт, ки он ба ин манзилу макон тарҳи дигар бахшидааст.
Дар ду бари шоҳроҳи «Тошканд – Деҳнав» як қатор биноҳои истиқоматӣ, нуқтаҳои савдо сохта ба истифода супурда шудааст, ки он диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Сокинони ноҳия хизматҳои бебаҳои бунёдкори соҳибтаҷриба Зариф Раҳмоновро  хеле хуб қадр мекунанд. Бо кӯшишу ғайрати ин марди заҳматкаш дар маркази ноҳия як қатор биноҳои истиқоматӣ, табобатӣ сохта шуд, ки одамон дар ҳаққи ӯ ва ҳамкоронаш ҳамеша дуоҳои нек мекунанд.
Дар ҷодаи Работ то истгоҳи роҳи оҳан садҳо бинои истиқоматӣ қад афрохтааст, ки дар он шаҳрвандони зиёд зиндагӣ мекунанд. Қобили қайд аст, ки дар ин минтақа садҳо гектар боғзор, ангурзор бунёд карда шудааст, ки ҳар сол аз меваҳои шаҳдбори он сокинони ноҳия ва берун аз он босамар истифода мекунанд.
Аз он бозе хоҷагиҳои ҷамоавӣ ба хоҷагиҳои фермерӣ табдил дода шуд, замин соҳиби хешро пайдо кард. Одамон дар талу теппаҳои заминҳои Изма, Тути қӯша, Қумсой садҳо гектар боғҳои мевазор бунёд карданд. Роҳбари соҳибтаҷриба, деҳқони асил Тӯрақул Ҳамроев дар мавзеи Қӯшатут бештар аз  30 гектар боғу ангурзор бунёд карда ба одамоне, ки ба замин айб монда аз заҳмат кашидан худро канор мегирифтанд, боғ бунёд карданро исбот намуд. Ё худ, раиси хоҷагии  «Сафармаҳмадбобо» Нурулло Сафармаҳмадов аз дӯсташ Тӯрақул Ҳамроев ибрат гирифта, дар замини ҳосилнокиаш паст зиёда аз 9 гектар боғ бунёд кард. Чунин мисолҳо аз ҳаёти кишоварзони ноҳия хеле зиёданд.
Соли ҷорӣ бо Қарори Президенти ҷумҳуриамон Шавкат Мирзиёев Барномаи «Деҳаи обод» эълон гашт. Ин иқдоми некро  мардуми мо ҷонибдорӣ карданд. Имсол деҳаҳои Сайроб ва Чилонзор ба ин барнома дохил шудаанд. Ҳоло баҳри амалӣ гаштани ин иқдоми нек дар  деҳаҳои номбурда корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ бо ҷадал идома меёбанд. Мо боварӣ дорем, ки рӯзе ин деҳаҳо бо ибтикори одамони нек обод гашта, ҳамагон ба бунёдгарони ин корҳои хайр аҳсан мехонанд.
Агар гӯем, ки дар ин солҳои таърихӣ ҷамоаи роҳсозон ҳиссаи худро гузоштаанд, саҳве нахоҳем кард. Роҳсозони ноҳия барои таъмири хушсифати роҳ ҳар рӯз хизмати бебаҳо мекунанд. 27 сол  қабл аз ин агар мусофирон дар муддати 5 соат ба деҳаи Дуоба мерасида бошанд, ҳоло онҳо ин роҳро дар як соат тай мекунанд. Аз деҳаи Дуоба то деҳаи Назарӣ ва аз он ҷо то деҳаи Қӯрғонча роҳҳоро васеъ карда, ба он шағал рехтаанд. Як замон сокинони деҳаҳои Хӯҷадияк, Мачай ва Қизилнавр бо воситаи кӯҳи Сари Маск ба манзили хеш мерасиданд. Ҳоло бо кӯшишу ғайрати роҳсозони ноҳия ин роҳ пурра таъмир карда шуда, мошинҳои сабукрав ва боркаш бемалол бо воситаи дараи Дарбанд ба манзили хеш мераванд. Кас ин бунёдкориҳоро, ки дар як муддати кӯтоҳ ба амал омадааст, дида ба чашми хеш бовар намекунад.
Бунёдкорӣ ва ободиҳое, ки дар тӯли як сол дар як ноҳияи хурд ба амал омадааст, ин ҷо барои ёдрас кардани он имкон надорем. Боварӣ дорем мардуми заҳматписанди диёри мо, ҳамеша дар роҳи тараққиёти кишвар аз ҳама душвориҳову норасоиҳо наҳаросида, даст ба корҳои хайр мезананд, пасовандон дар ҳақи онҳо зикри хайр хоҳанд кард.

Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё .

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: