ТАЙЁРӢ БА ҶАШН ДАР АВҶ АСТ

Ҳар сол дар мамлакатамон ҷашни истиқлолияти кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Ин санаи таърихӣ дар ҳаёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла аҳолии кишвар нақши муҳим дорад. Ҳамасола ба корҳои тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашни истиқлолият аз ҷониби Президент ва ҳукумати кишвар эътибори алоҳида дода мешавад. Соли ҷорӣ низ мувофиқи Қарори Сарвари давлат «Дар бораи тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашни 27-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 28 июн дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба пешвози ҷашни истиқлолият корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.
– Дар асоси Қарори Президенти кишвар «Дар бораи тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашни 27-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» таркиби гурӯҳи кории шаҳри Нурафшон тасдиқ гардид, – мегӯяд сармутахассиси корҳои сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва маънавиву маърифатии шаҳр Шокир Ҳазратқулов. – Мувофиқи баёноти қарори маҷлиси ҳокимияти шаҳр, ки дар бораи корҳои тайёрӣ ва дар савияи баланди гузарондани ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти кишвар баргузор гардид, нақшаи корҳои ташкиливу амалӣ, чорабиниҳои маданиву маърифатӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ тасдиқ шуданд. То имрӯз ва минбаъд аз ҷониби гурӯҳи корӣ барои ташкил намудани чорабиниҳои ҷашнӣ таҳти шиори «Азизу ягонаам тӯӣ, Ӯзбекистони маҳбуб», ҳамчунин, ба аҳолӣ фаҳмонидани мазмуну моҳияти Стратегияи амалиёт бино ба панҷ самти рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, Барномаи давлатии «Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо», «Обод маҳалла» ва «Ёшлар – келажагимиз» корҳои васеъмиқёс ва тадбирҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҳандозӣ мегарданд. 
Бинобар гуфти Ш.Ҳазратқулов аз 10 августи соли ҷорӣ дар бозори деҳқонии шаҳр «Ярмаркаҳои савдо» ташкил гардиданд ва бо нархи арзон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти соҳибкорони шаҳр ташкил карда шудааст. Ҳамчунин, якҷо бо роҳбарон ва ходимони ҳокимияти шаҳр, Бунёди ҷамоатии хайрияи «Маҳалла», Шӯрои шаҳрии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва ташкилотҳои дигар бахшида ба истиқлолияти кишвар ба мақсади ташкил намудани тадбирҳои ҷашнӣ бо иштироки оилаҳои камтаъмин, эҳтиёҷманд, куҳансолони бепарастор, ногироён, хонаводаҳои серфарзанд ва аъзои оилаи хидматчиёни ҳарбиёни марҳум, инчунин ба онҳо супурдани туҳфаҳои ҷашнӣ корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Дар назар аст, ки ба ин муносибат мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии рақами 1 ва 4-уми шаҳр, бозори «деҳқони»-и Нурафшон дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Гузар, фаввора ва «Автошоҳбекати»-и Нурафшон дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Наврӯз ба истифода супурда мешаванд.  

М. МИРМАҲМАДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: