UZBEKISTAN AIRWAYS: БЕХАТАР, МУНТАЗАМ ВА БОЭЪТИМОД

Авиатсияи миллии мусофиркашон – Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» дар бозори байналхалқии мусофиркашонӣ мавқеи назаррас дошта, ифтихори мамлакат ва яке аз рамзҳои истиқлолият ба шумор меравад.

Тӯли солҳои гузашта бренди Uzbekistan Airways машҳур шуд ва дар тамоми ҷаҳон ба сифати авиатсияи мусофиркашони боэътидол, бехатар ва муътамад эътироф гардид. Алҳол киштиҳои  мусоиди ҳавоии Ӯзбекистон мунтазам ба беш аз 40 шаҳри қитъаҳои Аврупо ва Осиё парвоз мекунанд, хатсайрҳои чартериро аз Аляска то Зеландияи нав амалӣ менамоянд. 
Тӯли солҳи сипаришуда саройи авиатсионии ширкати авиатсионӣ аз ҳисоби самолётҳои ҳозиразамони Airbus, Boeing, аз ҷумла Boeing 787 пурра шуд. Мувофиқи стратегияи рушд ва барномаи оид ба бозсозӣ ва навсозии саройи авиатсионии Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» сафи худро бо самолётҳои нави замонавӣ такмил медиҳад.
Солҳои 2019-2020 саройи авиатсионӣ боз бо ду Airbus A320 Neo ва се Boeing 787 Dreamliner пурратар мешавад, ки баъди хариди онҳо Ширкати миллии авиатсионии Ӯзбекистон истифодабари бузурги дримлайнерҳо дар кишварҳои ИДМ хоҳад шуд. Киштиҳои нави ҳавоӣ бо нишастгоҳҳои мусоиду васеи дорои экранҳои алоҳида муҷаҳҳаз мешаванд, ки ба хубу хушгузаронии вақт, воситаҳои алоқа ва Wi-Fi мусоидат менамоянд. Муносибати нав ба ороиши самолётҳо барои мусофирон ҳангоми парвоз мусоидати бештарро таъмин мекунад.
Авиатсияи мусофиркашони миллӣ метавонад тайёрии парвози самолётҳои худро мустақилона ва босифат анҷом диҳад. Дар корхонаи авиатсионии «Uzbekistan Airways Technics» ҳама гуна корҳои мураккаб – аз рангдиҳӣ то таъмири умумии самолётҳои гуногунтамға, аз ҷумла Boeing 787 Dreamliner иҷро мешаванд. Дар ин ҷо нафақат тайёраҳои  худии авиатсия, балки ширкатҳои хориҷӣ низ аз хидматҳои техникӣ баҳраманд мегарданд. 
Низоми тайёркунии кадрҳо такмил меёбад. Ҳоли ҳозир дар Маркази таълимиву тамринии Ширкати миллии авиатсионӣ, ки дорои тренажёрҳои замонавии авиатсионӣ ва ҳайати инструкторону омӯзгорон мебошаду метавонад тайёрии назарӣ ва амалии на фақат кормандони худӣ, балки ширкатҳои хориҷиро таъмин намояд, бобати тайёр кардани сарнишинон корҳо оғоз ёфтанд. Соли равон марказ аввалин шунавандагони худро қабул хоҳад кард.
Инфрасохтори рӯизаминии фурудгоҳҳои мамлакат бозсозӣ шуданд. Терминалҳои нави мусофирӣ бунёд гардида, технологияи хидматрасонӣ беҳтар карда шуд, хатҳои парвозу нишаст таҷдид гардиданд. Марказҳои нави идораи ҳаракати ҳавоӣ, низомҳои нави аэронавигатсионӣ, ки имкон медиҳанд парвозҳо беш аз пеш бехатар бошанд ва миқдори истифодабарандагони соҳати ҳавои Ӯзбекистон бештар гардад, ба истифода супурда шуданд. Дар тамоми бандаргоҳҳои ҳавоӣ низоми гузаргоҳи дукарата – «сабз» ва «сурх» ҷорӣ карда шуд, ки имкон медиҳанд логистикаи мусофиркашонӣ беҳтар ва расмияти гумрук соддатар карда шаванд. 
Аэропорти байналхалқии «Тошкент» ба номи Ислом Каримов беҳтарин иншооти бағоят муҳим оид ба риоя гардидани чора ва талаботи бехатарии Комиссияи байниидоравии ҷумҳурӣ бинобар назорати ба роҳ мондани таъминоти иншооти фавқулодда муҳими Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътироф гардид. Дар аэропорти пойтахт терминали нав барои мусофирони хатсайрҳои байналхалқии авиатсионӣ ба кор сар кард. Ба истифода супурда шудани бинои нав, ки метавонад соате то 1200 нафар мусофиронро қабул кунад, хидматрасониро барои мусофирони самтҳои байналхалқӣ хеле беҳтар намуд ва ҷараёни баргузории тартиботи заруриро ҳангоми сафар ба мамлакат тезонид. Дар аэропорти байналхалқии «Нуқус» терминали нави мусофирон бо иқтидори хидматрасонӣ ба 400 мусофир дар як соат кушода шуд. Терминали нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст, ки имкон медиҳад ба мусофирон ва бори онҳо мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ хидмат расонида шавад.
Бобати рушди сайёҳӣ корҳои зиёд анҷом меёбанд. Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» узви Иттиҳодияи саёҳатҳои мустақил (AITO) гардид. Вай дар чаҳорчӯбаи Код - шеринга ва Интерлайн – муоҳидаҳо бо авиатсияҳои мусофиркашони Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Аврупо ва Америка ҳамкории қарин дорад. Бо операторони сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ бобати вусъат додани шабакаҳои фурӯши хидмати ширкатҳои авиатсионӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Ӯзбекистон кор мебарад. 
Самтҳои нави парвоз аз Тошканд ба Душанбе ва аз Самарқанд ба Истамбул кушода шуданд, парвозҳо ба Лоҳур аз нав оғоз гардиданд. Бо киштиҳои ҳавоии Ширкати миллии авиатсионӣ ба Иссиқкӯл, ҷазираҳои Малдив, Шарм ал-Шайх ва Бодрум хатсайрҳои чартерӣ амалӣ мешаванд. Барои сайёҳони аврупоӣ аз шаҳрҳои Милан ва Париж бевосита ба Урганч парвозҳо анҷом меёбанд. Аз моҳи октябри соли 2018 ширкати авиатсионӣ парвозҳоро ба Мумбай, ҳамчунин хатсайрҳои мунтазамро ба Ҷидда оғоз менамояд. 
Намояндагиҳои Ширкати миллии авиатсионӣ дар хориҷа бо шарикони хориҷӣ, аз ҷумла бо ширкат ва фирмаҳои сайёҳӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Якҷо бо операторони сайёҳии хориҷӣ сафарҳои кӯтоҳмуддати зиёратиро барои сайёҳон аз Малайзия, Сингапур, Индонезия, Ҷопон ва кишварҳои дигар кор карда мебароянд. Баробари саёҳат ба зиёратгоҳҳои муқаддас саёҳатҳои «Ӯзбекистон +» низ барои сайёҳони транзитӣ бо буду боши кӯтоҳмуддат ба мамлакати мо пешниҳод мешаванд.
Хидматрасонии саёҳат бо чархболҳои Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ба ҷойҳои дидании Ӯзбекистон ҷорӣ карда шуд. Аз он метавонанд оҷонсиҳои сайёҳӣ, операторони сайёҳӣ ва тамоми хоҳишмандон истифода бубаранд. Ширкати авиатсионӣ дар рушди иқтидори содиротии мамлакат саҳм мегирад. Вай барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва бофандагӣ тарифҳои махсуси имтиёзнокро пешниҳод менамояд. Барои беҳтар кардани сифати хидмат ба содиргарон Ширкати миллии авиатсионӣ тартиботи имзои шартномаҳо, қабул ва бронкунии борҳоро барои содирот соддатар кард. 
Бобати таъмин кардани мунтазамнокии иҷрои парвозҳо ва баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ корҳои зиёд амалӣ шуданд. Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» аз ҷониби аэропортҳои хориҷӣ чандин бор беҳтарин ширкати авиатсионӣ эътироф гардид. 
Хӯрок барои мусофирон ва тартиби пешниҳоди он куллан таҷдиди назар шуд, соати медиа-контенти шавқовар дар дохили самолёт бештар гардид, барои мусофирони бизнес-класс пешниҳоди ашёҳои нави босифат ташкил шуд. 
Барои кӯтоҳ кардани вақти хидматрасонӣ ва қайди мусофирон дар тамоми аэропортҳо асбобҳои автоматиконидашудаи шумури шиносномаҳо устувор гардиданд, низоми автоматиконидашудаи борқабулкунӣ ҷорӣ шуд, ки имкон медиҳад, вақти  ба соҳибаш баргардондани он хеле кӯтоҳ шавад. Дар вокзалҳои ҳавоӣ барои таҳорат ва намозхонӣ ҷойҳои махсус ҷудо гардиданд. Барои мусофирони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд шароитҳо фароҳам оварда шуданд, ба онҳо ҳангоми парвоз ва нишаст ходимони махсуси тиббӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Фаъолияти бомуваффақияти ширкати авиатсионӣ, албатта, бидуни дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти мамлакат ғайриимкон буд. Комёбиҳои ба даст омада, ин, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати амиқ андешидашуда ва дурусти давлати мо ба шумор меравад, ки ба таъмин кардани ҳаёти бехатару сазовори халқ, сулҳу салоҳ ва эътидол дар кишвари мо нигаронида шудааст. 

Муаттар РӮЗИБОЕВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: