ДУ НАВИД

Дар арафаи иди истиқлол сокинони воҳаи Сурхондарё мекӯшанд, ки онро бо туҳфаву дастовезҳои муносиб пешвоз гиранд.

Ба ин муносибат дар чандин сохтмони биноҳое, ки бояд дар ҳамин рӯзи саид ба истифода супорида шаванд, корҳои охирин бо ҷадал анҷом мепазиранд.
Аз ҷумла дар ноҳияи Узун ду бинои муҳташам ба истифода супурда шуданд. Алҳол дар ин ҷо 46 маҳалла мавҷуд аст. Маҳаллаҳои «Оқмачит» ва «Толтуғай» аз маркази ноҳия 125 километр дур воқеъ буда, дар ин минтақа беш аз 13 ҳазор аҳолӣ дар доманакӯҳи Боботоғ кору зиндагӣ мекунанд. Корафтодагони маҳаллаҳои номбурда ба маркази ноҳия – ба идораи шӯрои мақомоти худидораи бунёди «Маҳалла» меомаданд. Вай маскани муайян надошт,дар ду ҳуҷраи тангу тор кор мебурд. Ба қарибӣ бинокорон дар маркази ноҳия ба маблағи 700 миллион сӯмина барои он идора сохта, ба истифода супурданд.
Инчунин бинокорони ташкилоти «Узун Равнақ Файз» ба маблағи 15 миллиард сӯмина маҷмӯаи савдоро бунёд карданд. Дар ин маҷмӯа беш аз 142 нуқтаи савдо мавҷуд буда, дар шафати он бозори деҳқонӣ бунёд шуд, ки онро низ коргарони ин муассиса сохта ба истифода супурданд. Дар ин бозори деҳқонӣ 596 растаи савдо амал мекунад. Дар он барои фурӯши молҳои истеъмолӣ ва кишоварзӣ шароитҳои мусоид муҳайё шудаанд. Барои сохтмони он беш аз 7,5 миллиард сӯмина маблағ харҷ гардид. Аз рӯйи ҳисобу китоби оморшиносони ноҳия дар ҳарду маҷмӯа беш аз 700 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд. 
Дар ноҳияи Музробот бошад, зери шиори «Тадбирҳо  оид ба меҳру мурувват» хонадоршавии суннатии 12 нафар писарбачагон дар тӯйхонаи «Шукрона» бо иштироки сарвари ташкилоту муассисаҳо, муовинони ҳокимият баргузор шуд. Ҳокими ноҳия Э. Алимов дар бораи суннатҳои миллии халқу Ватанамон сухан ронда, гуфт, ки мардуми мо аз қадимулайём ҳамеша аз пайи меҳру мурувват ва корҳои хайр будааст. Ин анъанаҳои нек, хусусан дар замони мустақилӣ боз ҳам инкишоф ёфтанд. Ҳокими ноҳия ба арӯсу домод гиламҳои қиматбаҳо, мошинаҳои дарздӯзӣ, ба наврасон бошад, велосипедҳо туҳфа кард.

Нуралии РАҶАБ,
хабарнигори рӯзнома
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: