ИСТИФОДАИ ПУРРАИ ИМКОНОТ, МУНОСИБАТИ НАВ БА КОР – ОМИЛИ МУҲИМИ МИНБАЪД БАЛАНД ГАРДИДАНИ НЕКӮАҲВОЛИИ ХАЛҚ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар маҳалҳо, корҳои бунёдкорӣ, лоиҳаҳои бузург ва ҳамчунин мулоқот бо мардум 29 август аз вилояти Тошканд боздид ба амал овард.

Роҳбари давлат бо фаъолияти ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Ӯзбекистон» шинос гардид, ки он яке аз объектҳои бузурги истеҳсолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи қарори Президент «Дар бораи барномаи рушди ҶС «Ӯзметкомбинат» дар солҳои 2018-2020» аз 9 январи соли 2018 дар комбинат лоиҳаҳои васеъмиқёси иқтисодӣ татбиқ мегардад. Сехи истеҳсоли хӯлаи оҳан яке аз онҳост.
Сарвари давлат сехи нави хӯлаи оҳани арзиши лоиҳавиаш 60 миллион долларро, ки бо технологияҳои замонавии энергиясарфакунанда ва таҷҳизоти пешқадам муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ба кор даровард.
Дар чорабинӣ коргарони корхона, кормандони масъули соҳа, сармоягузорони хориҷӣ иштирок карданд.
– Бояд аз ҳар ваҷаб замин оқилона истифода бурд, объектҳои иловагии истеҳсолӣ сохта, ҷойҳои нави корӣ фароҳам овард, гуфт Президент.
Сехи нав якҷоя бо ширкати «Posco Daewoo»-и Куриёи Ҷанубӣ сохта шуда, дар он соле 25 ҳазор тонна хӯлаи силитсия ва ферросиликомарган истеҳсол карда мешавад. Ин имконияти на танҳо пурра пӯшондани эҳтиёҷоти соҳаи металлургӣ, балки ба ҳисоби миёна соле содир намудани 8 ҳазор тонна хӯлаи оҳанро фароҳам меорад, ки имконияти даст кашидан аз воридот ва сарфа намудани 35 миллион долларро медиҳад. Дар ин ҷо беш аз 300 нафар писарону духтарон бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Президенти мамлакат ба таҳкурсии маҷмӯаи рехтагариву кироявӣ санги аввалинро гузошт.
Арзиши умумии лоиҳа 452 миллион долларро ташкил дода, беш аз 400 ҷойи нави корӣ созмон дода мешавад. Баробари дар соли 2020-ум бо иқтидори пурра ба кор сар кардан имконияти иловагӣ истеҳсол намудани 1 миллион тонна тахтаҳои пӯлодини ғафсиашон 2-12 миллиметр фароҳам оварда мешавад.
Дар натиҷа воридоти тахтаҳои пӯлодӣ кам гардида, дар як сол сарфа намудани 350 миллион долларро фароҳам меорад. Баробари ин, эҳтиёҷоти солонаи 500 ҳазор тонна тахтаҳои ҷӯшон прокатшуда, ки ашёи хоми асосии заводи металлургии айни замон сохташаванда ба ҳисоб меравад, таъмин карда мешавад. Бо сохтмони маҷмӯаи рехтагариву прокатӣ ширкати «Danieli»-и Итолиё шуғл меварзад.
Шавкат Мирзиёев бо хидматчиён ва кормандони комбинат суҳбат ороста, бо шароитҳое, ки барои меҳнати пурмаҳсул ва фароғати сермазмуни онҳо фароҳам оварда шудаанд, таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
– Дар солҳои охир дар корхона умуман пешравӣ ба назар намерасид, аз ин рӯ мо соли гузашта онро ба ихтиёри хориҷиён гузоштем. Дар натиҷа истеҳсолот ба 1,5 баробар афзуд. Ба шарофати афзоиши даромад корхона дар соли ҷорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Бекобод 75 миллиард сӯм ҷудо кард, – гуфт роҳбари давлат.
Президент бо лоиҳаҳое, ки дар доираи барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар солҳои 2018-2019 татбиқ хоҳанд шуд, шинос гардид.
Лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли велосипед дар ноҳияи Қӯйичирчиқ, инкишофи кишоварзӣ дар ноҳияи Юқоричирчиқ, кластери пахтаву бофандагӣ дар ноҳияи Бӯка, барқарорсозӣ ва инкишофи асппарварӣ дар ноҳияи Қӯйичирчиқ, ташкили гармхонаи замонавии гидропонӣ дар ноҳияи Оҳангарон ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ба шахсони масъул супоришоти дахлдор доир ба минбаъд такомул додани лоиҳаҳо дода шуд.
Чи хеле ки маълум аст, 18 августи соли 2017 Президенти мамлакатамон ҳангоми сафараш ба шаҳри Бекобод бино бар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ба рушди Бекобод ва Олмалиқ нигаронда шудааст, супориш дода буд.
Дар тӯли соли гузашта дар Бекобод корҳои васеъмиқёс амалӣ гардиданд. Дар шаҳр, ки дар он беш аз 90 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ба мақсади қонеъ гардондани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба манзил сохтмони 5 манзили панҷошёна ба охир мерасанд. Сохтмони боз 5 манзил дар арафаи оғозёбист. Манзилҳои мазкур дар охири сол ба соҳибони худ супурда хоҳанд шуд. Дар ҳудуди манзилҳои бисёрошёна сохтмони майдончаҳои бачаҳо, истгоҳҳои автомобилӣ, нуқтаҳои замонавии савдо ба нақша гирифта шудааст.
Мавзеи мазкур, ки бино бар пешниҳоди сарвари давлатамон  ба шарафи 27-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ номи «27-солагии истиқлолият»-ро гирифт.
Президенти мамлакатамон бо сокинони шаҳри Бекобод вохӯрда, онҳоро бо 27-умин солгарди истиқлолияти мамлакатамон муборакбод намуд.
– Як сол қабл мо ба Бекобод омада, бино бар рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр, беҳтар гардондани сифати зиндагии аҳолӣ як қатор нақшаҳо муайян намуда будем. Вохӯрии имрӯзаамонро аз суҳбат оиди натиҷаҳои аввалини нақшаҳои пешбинишуда оғоз менамоем,– гуфт сарвари давлатамон. –  Дар Бекобод то ҳол оби гарм набуд, аз сабаби бад будани сифати оби нӯшокӣ дар солҳои охир касалиҳо афзуда, шумораи бекорон зиёд гардид. Дар айни ҳол ба шаҳр сармояҳои бузург ҷалб карда шуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешаванд. Ба таъмири роҳҳо, шабакаҳои гармидиҳӣ, қубурҳои газ, бомҳо эътибор дода мешавад. Байни Тошканд ва Бекобод ҳаракати электропоед ба роҳ монда шуд. Мо миқёси корҳоро васеъ мегардонем.
Бекободиён таъкид намуданд, ки ба туфайли эътибор шаҳр қиёфаи нав гирифта, ҷаҳонбинӣ ва  руҳияи одамон тағйир ёфта, онҳо ба Президенти мамлакатамон миннатдорӣ изҳор намуданд.
Ба сарвари давлатамон дар бораи сохтмони манзилҳои бисёрошёна дар вилояти Тошканд маълумот дода шуд. Мувофиқи онҳо дар Олмалиқ, Янгийӯл, Бекобод, Нурафшон 62 манзили бисёрошёнаи 2604 ҳуҷрадор ба истифода супурда мешаванд.
Дар ин ҷо тақдимоти таҷдиди кӯчаҳои Амир Темури шаҳри Оҳангарон, сохтмони манзилҳои намунавӣ дар шафати роҳи автомобилгарди ноҳияҳои Юқоричирчиқ, Ӯртачирчиқ, Оҳангарон ва Тошканд – Бекобод ва Тошканд – Сирдарё, рушди низоми оби нӯшокӣ дар вилоят, лоиҳаҳои якбора майда, хушк ва сепаратсия кардани ангишт, партовҳои технологӣ, рӯдаи минералӣ ва биомасса ба амал омад.
Президенти мамлакатамон бо корҳое, ки дар хоҷагии фермерии «Юсупов Ғофуржон файз»-и ноҳияи Бекобод амалӣ мегарданд, шинос шуд.
Имрӯз дар мамлакатамон усулҳои киште ҷорӣ карда мешаванд, ки ба низоми нави кишоварзӣ мутобиқ буда, ҳосилдеҳии заминро баланд мебардорад ва ҳосили фаровонро таъмин мекунад. Ба обёрӣ, дар асоси меъёрҳои муайяншуда озуқонидани зироати кишоварзӣ, муборизаи самарабахш бо касалиҳо ва зараркунандаҳо, коҳиш додани хароҷоти ба тухмӣ ва захираҳо алоқаманд, эътибори алоҳида дода мешавад. Бино бар такмил додани корҳои селексиониву тухмипарварӣ дар самти беҳтар гардондани нишондиҳандаҳои сифатии ғаллапарварӣ ва пахтакорӣ чораҳо андешида мешаванд.
Майдони умумии хоҷагии фермерие, ки ба ғаллапарварӣ ва пахтакорӣ махсусонида шудааст, 78,6 гектарро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ роҳбари хоҷагии фермерии «Юсупов Ғофуржон файз» дар 31,1 гектар ғалла рӯёнда, аз ҳар гектар беш аз 71 сентнерӣ ҳосил бардошт. Фоидаи соф 80 миллион сӯмро ташкил дод. Дар айни ҳол дар 47,5 гектар пахта рӯёнда мешавад. Аз ҳар гектар ба даст овардани ҳосили 35 сентнерӣ ба нақша гирифта шудааст.
Фермер бо ташкилотҳои содиркунанда барои расонда додани 13,5 тонна мош, 7,5 тонна лӯбиё, инчунин ба бозори дохилӣ расонда додани 60 тонна картошка ва 45 тонна сабзӣ шартнома имзо намуд. Аз ин рӯ, дар майдонҳои аз ғалла холишуда маҳсулоти кишоварзӣ рӯёнда мешавад. Дар хоҷагӣ 35 нафар кор мекунад.
Сарвари давлатамон дар бошишгоҳи хоҷагӣ бо фермерони вилоят суҳбат орост.
Даромади асосии мамлакатамон аз ҳисоби кишоварзист. Офаридани навъҳои истиқболнок, серҳосили пахта, дар ду қатор шинондани пунбадона ба афзун гардондани даромади фермер мусоидат менамояд. Модоме ки фермер дар саҳро меҳнат мекунад, аз самараи меҳнаташ хона, мошин харид кунад, фарзандонашро соҳиби маълумот ва хонаву ҷо гардонад, ояндаи онҳоро таъмин намояд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба шахсони мутасаддӣ бино бар рушди хоҷагиҳои фермерии серсоҳа, омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти мазкур супоришот дод.
Корхонаҳои бузурги саноатӣ дар рушди иқтисодиёт ва таъмин кардани шуғли аҳолӣ нақши муҳим доранд. Заводи металлургии Тошканд, ки дар ноҳияи Зангиатои вилояти Тошканд бунёд мегардад, яке аз онҳост. Сарвари давлатамон бо рафти сохтмони корхона шинос шуд.
Барои корхонаи арзиши лоиҳавиаш 286,7 миллион евро аз хориҷ таҷҳизоти замонавӣ оварда хоҳад шуд. Завод барои кузовҳои автомобилӣ ва техникаи маишӣ, листҳои металлӣ, сафолҳои бомпӯшии металлӣ, профинастил истеҳсол менамояд. Баробари бо иқтидори пурра ба кор сар кардани корхона имконияти дар як сол истеҳсол намудани 500 ҳазор тонна маҳсулот ва бо кор таъмин намудани қариб 700 нафар фароҳам оварда мешавад.
Президент моҳи феврали соли 2017 бо лоиҳаи сохтмони корхона шинос шуда, ба шахсони масъул супоришоти дахлдор дода буд.
Дар давраи гузашта дар ин ҷо корҳои васеъмиқёси сохтмонӣ амалӣ гардонда шуданд. Конструксияи металлии завод сохта, ба охир расонда шуд.
Шавкат Мирзиёев бо рафти сохтмон шинос шуд ва бобати ба иқтисодиёти мамлакат муҳим будани он истода гузашта, зарурати эътибори алоҳида додан ба тайёр намудани мутахассисони корхонаро таъкид намуд.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: