Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар бораи бо ордени «Дӯстлик» мукофотонидани Ван Илин

Барои хизмати бузургаш дар инкишофи соҳаи нафту гази иқтисодиёти Ӯзбекистон, ҳамдастӣ дар ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, саҳми калонаш дар бобати баланд бардоштани зарфияти содиротии мамлакатамон, мустаҳкамсозии риштаҳои дӯстии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин раиси шӯрои директорони ширкати «CNPC», раиси ширкати «PetroChina» Ван Илин бо ордени «Дӯстлик» мукофотонида шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
29 августи соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: