ҶАВОНИ СОҲИБИСТЕЪДОД АЗ ДЕҲАИ ОЛМОС

«Имрӯзҳо дар давраи бозсозӣ ва навсозии мамлакат, рушди инноватсионии он, иҷрои вазифаҳои васеъмиқёс ва ғайриоддии дар назди мо қарордошта масъалаҳои зиёди муҳими идораи давлатӣ ва ҷамъиятиро мо бо кадрҳои ҷавони боистеъдод, пурғайрат ва ташаббускор, ки иқтидори баланди интеллектуалӣ доранд, ватанпарварони ҳақиқӣ, ки қодиранд дар ҳар гуна вазъияти мураккаб масъулиятро ба зимма гиранд, месупорем».

Чунин суханҳо аз тарафи роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев дар муборакбодии идона ба ҷавонони Ӯзбекистон 30 июни соли ҷорӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон сабт ёфтааст.
Дарҳақиқат имрӯзҳо ҷавонони ташаббускор ва соҳибистеъдод ва соҳиби дониши баланд будаи мамлакатамон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ иштирок карда, аз шоҳсуфаи ғолибон ҷой мегиранд. Чунин ҷавонони соҳибистеъдод нафақат дар шаҳрҳо, ҳатто дар деҳаҳои дурдасти кишварамон низ ба камол мерасанд. Яке аз онҳо сокини деҳаи Олмоси ноҳияи Чуст Умидҷон Ҳафизов аст. Вай то синфи 4-ум дар мактаби таълими умумии рақами 55-ум, сонитар таҳсилро дар мактаби таълими умумии ихтисосонидашудаи давлатии рақами 70-уми деҳаи номбурда идома медиҳад.
Ба фанни физика ва математика шавқи баланд доштани Умидҷонро омӯзгорони фанҳои номбурда Зуҳриддин Қӯчқоров ва Саодат Юлдошеваҳо сари вақт дарк мекунанду ба ӯ эътибори алоҳида зоҳир менамоянд.
– Мактабамон яке аз таълимгоҳҳои намунавии ноҳия буда, дастпарварони мо нафақат дар мактабҳои олии ҷумҳуриамон, ҳатто дар таълимгоҳҳои бонуфузи олии хориҷ низ таҳсил мегиранд. Аз ҷумла, Ҷамолиддин Турсунов дар Амрико, Темурбек Пӯлодҷонов дар Куриёи Ҷанубӣ, Яҳё Ҳабибуллоев дар Малайзия, Шоҳрух Камолиддинов дар Полша таҳсил мегиранд.
Умидҷон солҳои таҳсил дар мактабамон баробари бо баҳои аъло илм омӯхтан, дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои санҷиши дониш фаъол иштирок мекард. Баъди хатми мактабамон барои идома додани таҳсил бо вай машварат кардем, ки таҳсилро дар литсейи академии назди Донишгоҳи давлатии Намангон идома диҳад, – гуфт директори таълимгоҳи таълими умумии ихтисосонидашудаи давлатии рақами 70-ум Исломҷон Раҳматов.
Умидҷон Ҳафизов солҳое, ки дар литсейи академии назди Донишгоҳи давлатии Намангон таҳсил мегирифт, аз ҳамаи фанҳо, аз ҷумла аз фанни физика соҳиби дониши баланд буда, байни ҳамсиннонаш намунаи ибрат буд ва бештар аз эътибори омӯзгорони литсей ҷой мегирад.
Соли ҷорӣ ба вай бахт омад кард. Дар олимпиадаи ҷумҳурӣ аз фанни физика, ки дар Самарқанд барпо гардид, ба ҷойи якум ноил гардида, барои дар олимпиадаи байналхалқӣ иштирок кардан роҳхат мегирад. Дар олимпиадаи 49-уми байналхалқие, ки аз фанни физика дар шаҳри Лиссабони Португалия баргузор гардид, қариб аз 90 мамлакатҳои дунё ҷавонони соҳибистеъдод иштирок намуданд, Умидҷон ҷойи сеюмро ишғол карда медали биринҷиро ба даст овард. Ин ба вай имконият медиҳад, дар ҳамаи таълимгоҳҳои олии дунё бе супориши имтиҳони тест ба таҳсил қабул шавад.
– Дар мамлакатамон барои илмомӯзии мо — ҷавонон ҳамаи шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Ба ин ғамхории ҳукуматамон ҷавоби амалӣ гардонидан бароямон вазифаи аввалин аст. Комёбии бадастовардаам ба бистуҳафтумин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон туҳфаи муносиб аст, – гуфт Умидҷон Ҳафизов.
Имрӯзҳо нафақат таълимгоҳҳои олии Ӯзбекистон, ҳатто 5-то таълимгоҳҳои бонуфузи олии хориҷӣ низ Умидҷонро ба таҳсил даъват мекунанд. Алҳол роҳбарони Донишгоҳи давлатии Намангон Умидҷонро ба таҳсил қабул карданд. Бигузор Умидҷон таҳсилро дар куҷо, дар кадом мактаби олӣ идома надиҳад, ӯ танҳо ба рушди мамлакати соҳибистиқлоламон – Ӯзбекистон хизмат мекунад.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: