НУТҚИ ПРЕЗИДЕНТ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 27-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз!

Меҳмонони муҳтарам!
Хонумон ва ҷанобон!
Иҷозат диҳед, пеш аз ҳама, шумо, азизон, дар симои шумо тамоми халқамонро бо ҷашни аз ҳама бузург, аз ҳама азиз – Рӯзи истиқлолият аз самими қалб муборакбод намоям.
Дар ин санаи муҳим, ки барои мо оғози давраи нав гардида, ба ҳаёти наву озод роҳ боз намуд, мо амиқ дар мекунем, ки роҳи то чӣ андоза пурмашаққат ва айни замон шарафнокро паси сар намудем.
Дар ин айёми ҷашни бузург хотираи падару бобоёнамон, ки тамоми ҳаёташонро барои озодӣ бахшида, ҷони худро барои истиқлолияти Ватан фидо кардаанд, ҳамватанони марду диловарро пос медорем.
Номи барҳаёти асосгузор истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Президенти Нахустинамон муҳтарам Ислом Абдуғаниевич Каримовро бо эҳтиром ба ёд меорем.
Дӯстони азиз!
Ба туфайли истиқлолият мо узви баробарҳуқуқи ҷомеаи байналхалқӣ гардида, ояндаи дурахшонамонро бо дастони худ бунёд менамоем.
Дар тӯли солҳои истиқлол ба комёбиҳои ба даст овардаамон такя карда, аз эҳёи миллӣ ба сӯи шукуфоии миллӣ қадами қатъӣ мегузорем, 
Ба мақсади ба зинаи баланд бардоштани тараққиёти мамлакатамон Стратегияи мамлакатро қабул кардем. Ба татбиқи вазифаҳои азими дар ин ҳуҷҷати беназир муайяншуда қатъӣ шурӯъ намудем, Ин барои мо уфуқу имкониятҳои навро боз менамояд.
Дар замони ҳозираи мураккаб, ки дар миқёси ҷаҳон рақобат пурзӯр мегардад, дар асоси комёбиҳои илму фан, технологияҳои баланд модернизатсия ва навсозӣ кардани мамлакатамон ба вазифаи муҳимтарин табдил меёбад. Бо амиқ дарк намудани аҳамияти алоҳидаи вазифаи мазкур мо соли 2018-умро дар Ӯзбекистон Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо эълон кардем. 
Дар доираи барномаи давлатии ба ин муносибат қабулшуда татбиқ намудани корҳои васеъмиқёс дар ҳаҷми 11 триллиону 200 миллиард сӯм ва 1 миллиарду 300 миллион доллари ИМА пешбинӣ шудааст ва он пайваста иҷро мегардад. 
Дар кишварамон сиёсати фаъоли сармоягузорӣ гузаронда шуда, корхонаҳои замонавӣ сохта мешаванд, низоми андоз куллан ислоҳ мегардад, барои рушди соҳибкорӣ ва моликияти хусусӣ тамоми шароит фароҳам оварда шуда, бобати ба тамоми соҳаҳо ва ҷабҳаҳо ҷорӣ кардани навгониҳои технологӣ, комёбиҳои илмҳои замонавӣ, истифодаи муносибатҳои наву креативӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Бино бар ташкил кардани соҳаҳои замонавӣ, пешомаднок дар кишоварзӣ, ташкил кардани низоми кластерӣ, баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти хоҷагиҳои фермерӣ корҳои амалӣ татбиқ мегарданд. 
Дар натиҷаи чунин чорабиниҳои васеъмиқёс дар мамлакат суботи макроиқтисодӣ таъмин карда мешавад. 
Бо дарназардошти он, ки баланд бардоштани дараҷа ва сифати ҳаёти аҳолӣ вазифаи устувортарини мо ба ҳисоб меравад, мо дар ин самт корҳои бузургро ба анҷом мерасонем.
Барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» ба ноҳияҳои дурдасттарини мамлакат низ нафаси навшавӣ, рӯҳи бунёдкориро меорад. Дар деҳот тафаккур ва ҷаҳонбинии одамон тағйир ёфта, маданияти зиндагӣ баланд мегардид. 
Имрӯз дар доираи барномаҳои мазкур, ки тамоми мамлакатро фаро гирифтааст, корҳои сохтмон ва ободонӣ дар 416 деҳа ва 105 маҳалла фаъол идома дорад. 
Ин ба офаридани қиёфаи нав, шукуфоии Ӯзбекистони маҳбуб, баланд бардоштани некуҳолии аҳолӣ мусоидат менамояд. 
Ба мақсади қонеъ гардондани эҳтёҷоти аҳолӣ ба манзилҳои замонавӣ соли ҷорӣ 335 манзили замонавии барои беш аз 13,9 ҳазор оила пешбинишуда ба истифода супурда шуд. То охири сол ин нишондиҳанда аз руи ҳисобу китоб нисбат ба соли 2017 ду баробар меафзояд. 
Ин гуна корҳо дар деҳот низ дар асоси лоиҳаҳои нави замонавӣ идома доранд. То имрӯз аллакай 40 ҳазор оила ба хонаҳои нав кӯчида гузаштанд.
Дар ин кори муҳим мо ба қонеъ гардондани эҳтиёҷоти шаҳрвандони камтаъмин ва шахсони маъюб – масъалае, ки пештар эътибор дода намешуд, ғамхорӣ зоҳир менамоем. Дар тӯли ду соли охир беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони ба ин тоифа мансуб бо манзил таъмин карда шуданд. 
Ва чунин воқеаҳои гуворо зиёд гардида, ба ҳаёти ҳазорҳо оилаҳо хушнудӣ ва хушбахтӣ меоранд. Одамон бидуни суханони зиёдати дарк менамоянд, ки ҳақиқат ва адолат ҳаст.
Бигузор дар мамлакатамон бурёкӯбиҳо зиёд бошанд, орзуи онҳое, ки дар ин манзилҳо ба ҳаёти нав шурӯъ мекунанд, ҷомаи амал пушад!
Бино бар таъмин кардани шуғли аҳолӣ, ҷалб кардани миқдори зиёди оилаҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. 
Дар натиҷаи саъю кушиши мазкур дар мамлакат дар тӯли ду соли охир беш аз 700 ҳазор нафар бо кор таъмин гардида, ба соҳибкорон аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ  25 триллион сӯмина вомҳо ҷудо карда шуданд.
Ҳамватанони муҳтарам!
Дар тамоми барномаву нақшаҳои мо ба манфиатҳои ҷавонон – орзуву ояндаи мо эътибори аввалиндараҷа дода мешавад. 
Дар ин бобат сухан ронда, алоҳида қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯз дар мамлакат муассисаҳои нави таълими олӣ, филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ созмон дода шуда, квотаи қабул зиёд гардида, аз рӯи бисёр самтҳо шуъбаҳои ғоибона кушода шуданд. Инчунин дар рушди илимиву эҷодии ҷавонон мактабҳои махсуси ташкилшуда, ки номи гузаштагони бузургамонро гирифтаанд, мактабҳои эҷодии минтақаҳо, ки ба онҳо номҳои адибони барҷаста дода шудаанд, мунтазам гузаронда шудани озмуну фестивалҳои гуногун, мусобиқаҳои варзишӣ нақши муҳим доранд. 
Бино бар минбаъд дар ҷамъият қарор додани устувории қонун ва адолат, тамоюли муқаррарии ҷазо барои ҷиноят, такмил додани низоми ҳокимияти судӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, адвокатура то ки онҳо муҳофизони воқеии ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон гарданд, корҳои бузург  гузаронда мешаванд. 
Ба туфайли тағйиротҳои мазкури мусбат тамоюли интизом, волоияти қонун, ба назар гирифтани талаботи адолатноки одамон дар ҳаётамон ҷойи муносиб пайдо мекунанд. Дар асоси чунин дигаргунӣ ва хусусиятҳои ба халқамон хос мисли меҳрубонӣ, раҳму шафқат ва олиҳимматӣ дар ҷамъият муҳити солими маънавиву ахлоқӣ мустаҳкам мегардад. 
Ба ҳамаи шумо хуб маълум аст, ки вақтҳои охир мо барои ҳаёти муътадили оилаҳо, ба кори фоиданок ҷалб намудани одамон, ки дониставу надониста таҳти таъсири қувваҳои мухталифи вайронкор ба роҳи нодуруст даромаданд, корҳои бузургро амалӣ менамоем.
Ҳамчун идомаи ин корҳои нек дар арафаи Рӯзи истиқлолият Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи омурзиши 261 нафар, ки муддати ҷазоро дар шакли аз озодӣ маҳрум кардан гузашта, аз кирдори худ сидқидилона тавба кардаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромаданд, қабул гардид. 
Тасаввур кунед, ин маънои онро дорад, ки ин гуна дигаргунӣ дар ҳаёти 261 инсон аввало ба оила хушнудӣ оварда, бачаҳо, волидон, тамоми наздикони онҳо инсонпарварӣ ва меҳру шафқатро пурра эҳсос менамоянд. 
Ҳамватанони азиз!  
Бо боварии комил гуфтан мумкин аст: дар натиҷаи ташаккул ёфтани чунин муҳит дар ҷамъиятамон дӯстии байнимиллӣ, вазъияти ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳа мустаҳкам гардида, ҳаётамон боз ҳам фараҳноктар мегардад.
Маҳз аз ин боис халқи Ӯзбекистон сиёсати дохилӣ ва хориҷиамонро дастгирӣ менамояд, ки ба рушди минбаъдаи мамлакат нигаронда шудааст. 
Мо ҳеҷ гоҳ набояд ҳақиқати оддиро фаромӯш кунем: дастгирӣ ва маъқул ёфтани халқ – баҳои аз ҳама холис ва аз ҳама баланди кори мо ва пеш аз ҳама ман чун Президент, кори фаъолияти роҳбарони тамоми зинаҳо, депутатҳо ва сенаторон, тамоми идораҳои давлатӣ мебошад.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Имрӯз ба муносибати 27-солагии истиқлолияти Ватанамон дар пойтахт ва дар маҳалҳо маросимҳои тантанавии супурдани мукофотҳои олии давлатӣ ба ҳамватанонамон, ки соҳиби чунин унвонҳои ифтихорӣ, орден ва медалҳо гардиданд, баргузор шуданд.
Аз номи шумо ва шахсан аз номи худам бори дигар мехоҳам онҳоро табрик намоям ва беҳтарин таманноҳои худро ба ин писар ва духтарони муносиби Ватан, ки бо меҳнати бисёрсолаи босамари худ соҳиби эҳтиром ва обрӯи зиёд дар ҷамъият гаштаанд, иброз намоям.
Бигзор сафи чунин шахсони шуҷоатнок, мисли шумо, дар Ӯзбекистони азиз, дар тамоми шаҳру деҳот зиёд гарданд ва натиҷаи кори бошарафи шумо пеш аз ҳама бароятон ва хонаводаатон, тамоми мамлакат некӣ ва бахт орад!
Бигзор, ҳамеша дар хонаводаҳоятон сулҳ ва фараҳнокӣ ҳукмрон бошад!
Ҳамватанони азиз!
Ба марҳалаи нави тараққиёти миллӣ қадам гузошта, мо бояд нафақат дастовард ва муваффақият, балки хатову нуқсҳои худро амиқ бояд таҳлил намоем, барои сари вақт бартарафсозии онҳо чораҳои мутаассир андешем. Мушкилоти моро каси дигар ҳал намекунад.
Дар ин бора сухан ронда, фикр мекунам, ки аз низоми босамар ва нави мулоқот бо халқро ном барам, ки бамаврид хоҳад буд.
Имрӯз мақомоти давлатӣ ба халқ, на халқ ба мақомоти давлатӣ хидмат намуданро оғоз намуд. Ба шарофати ин шуур ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон тағйир меёбад, онҳо ба қувва ва имконоти худ бовар мекунанд, ба оянда бо боварӣ нигоҳ мекунанд.
Бино бар ин мехоҳам таъкид намоям: мулоқоти бевосита бурдан бо халқ, бо ғам ва ормонҳои вай зиндагӣ кардан – маъракаи муваққатӣ нест. Ин стратегияи дарозмуҳлати мост, ки ба таъмини фараҳмандии ҳаёти мардум, шукуфонии Ӯзбекистони азиз нигаронда шудааст.
Дӯстони азиз!
Дар имрӯзи пуртаҳлука вазифаи асосии мо нигоҳдорӣ ва мустаҳкамсозии боигарии воқеан беназирамон – ҳаёти ором ва осудаи мамлакат мебошад. Бо ин мақсад мо минбаъд низ ба баланд бардоштани иқтидори ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳамон эътибори алоҳида хоҳем дод.
Барои он, ки дар замони рақобати бераҳми арсаи байналхалқӣ муқовимат намоем, мо бояд ислоҳоти иқтисодиро амиқ намуда, дар бозори ҷаҳон ҷойгоҳи худро ишғол намоем, зарфияти содиротии Ӯзбекистонро боз ҳам боло барем.
Дар амал таъмин намудани озодии фаъолияти соҳибкорӣ, дахолатнопазирии моликияти хусусӣ вазифаи на камтар аз дигар муҳим мебошад.
Ба ғайр аз сохтмони корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ мо ба рушди сайёҳӣ, тиҷорати хурд, соҳибкории оилавӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлӣ, ҳунармандӣ ва хонакорӣ эътибори алоҳида хоҳем дод.
Минбаъд низ мустаҳкамсозии саломатӣ, минбаъд беҳсозии ҳаёти одамон, ҳифзи қишри бебизоати аҳолӣ, баланд бардоштани ҳаҷми музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кӯмакпулӣ дар маркази эътибори мо хоҳад буд.
Тавре ки маълум аст, бо мақсади татбиқи муттасили сиёсати давлатии ҷавонон мо Барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаи мо»-ро қабул намудем. Барои татбиқи он танҳо соли ҷорӣ 786 миллиард сӯм равона хоҳад гардид. Ин аз ҷумла имконият медиҳад, ки беш аз сад ҳазор нафар ҷавонон бо кор таъмин гарданд.
Корҳои доманфарох дар бобати таъмини ҷавонон бо манзили замонавӣ, бо кор, таълими касбӣ ва бозомӯзии онҳо идома хоҳад ёфт.
Ҳамватанони муҳтарам!
Ҳоло дар Бозиҳои тобистонаи Осиё дар Индонезия ҳамаи моро иштироки варзишгаронамон шод менамояд, ки дар байни намояндагони 45 мамлакат, дар муборизаи шадид ва бо иродаи мустаҳкам барои ғалаба ва истеъдоди баланд 15 медали тиллоӣ, 19 медали нуқра ва 23 медали биринҷиро ба даст оварданд.
Иҷозат бидиҳед, аз номи шумо ва аз номи тамоми халқи Ӯзбекистон ба варзишгаронамон, падару модар, устод ва мураббиёнашон миннатдории амиқ изҳор намоям, ки шарафи Ватанамонро меафзоянд.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Мо минбаъд низ ҳамкориро бо ҷомеаи ҷаҳон, тамоми давлатҳои хориҷии наздик ва дур, пеш аз ҳама бо мамлакатҳои ҳамсоя васеъ хоҳем кард.
Рушди ҳамкории бисёрҷанба бо ташкилотҳои байналхалқии гуногун, институтҳои молия инчунин ба манфиатҳои миллии мо комилан ҷавобгӯ мебошад ва мо ин роҳро муттасил идома медиҳем.
Аз фурсат истифода намуда, иҷозат бидиҳед ба сафирони давлатҳои хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, шарикони хориҷии мо, тамоми дӯстони Ӯзбекистон, ки дар тантанаи имрӯза иштирорк доранд, эҳтиром ва орзуҳои беҳтарини худро изҳор намоям.
Муҳтарам ҳамватанони ман!
Бори дигар аз таҳти дил шуморо бо 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон табрик менамоям.
Дар ин рӯзи таърихӣ ман бо муҳаббати фарзандона дар назди халқи меҳнатқарин, мард, меҳрубон ва бошарафамон таъзим менамоям, ки онҳо бунёдкори тамоми дастовард ва ғалабаҳоямон ба шумор мераванд.
Мехоҳам ба ҳамаи ҳамватанон беҳтарин ва самимитарин таманноҳои худро иброз намоям.
Имрӯз ҳамаи мо ба собиқадорони муҳтарам тансиҳатӣ ва умри дароз орзу менамоем!
Бигзор, модарони ғамхорамон, занони зебо ва меҳрубон – нигаҳдорандагони гармии хонавода саломат ва хушбахт бошанд. Чунки вақте ки зан, модар хушбахт аст – тамоми ҷамъият шукуфон!
Бигзор, фарзандон ва наберагони мо хушбахт бошад!
Бигзор, ҳамеша дар мамлакатамон сулҳ ва субот ҳукмрон, фазои Ватанамон мусаффо бошад!
Бигзор, истиқлолиятамон ҷовидон бошад!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: