ДАР НОҲИЯИ УЗУН СЕ ИНШООТИ НАВ БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

Дар арафаи 27-умин солгарди истиқлолияти Ватани мо дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё бинои Шӯрои ноҳиявии ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон, маҷмӯи савдои «Узун Равнақ Файз» ва бозори деҳқонии ноҳия ба истифода супурда шуд.

Дар чорабинии мутантане, ки ба ин муносибат баргузор шуд, қайд гардид, ки ислоҳоти мустақими бо ташаббуси роҳбари давлат татбиқшудаистода нафақат ба ободониву шукуфоии мамлакат, афзоиши некӯҳолии аҳолӣ мусоидат мекунанд, балки иқтидори азими истиқлолиятро васеъ инъикос менамоянд.
Дар бинои нави Шӯрои ноҳияи Узун оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон барои мувофиқ сохтани фаъолияти 45 ҷамоати шаҳрвандони ноҳия тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Дар бино, ки барои сохтмони он 700 миллион сӯмина маблағ харҷ гардид, бобати самарабахш ба роҳ мондани корҳо тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
– Дар ноҳияи дурдасти мо зиёда аз 165 ҳазор нафар зисту зиндагӣ мекунанд, – мегӯяд муовини аввали Шӯрои оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандони ноҳия С. Гулбоева. – Бинои нав барои мувофиқсозии корҳое, ки ҷамоатҳои мавҷудаи шаҳрвандон татбиқ мекунанд, шароитҳои зарурӣ дорад. Хонаҳои алоҳидае, ки барои кормандон ҷудо карда шудаанд, бо воситаҳои алоқа, мебел, компутер ва инвентарҳои дигар таъмин гардидаанд. Ин шароити мусоид бобати ба дараҷаи сифатан нав бардоштани фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон дар маҳалҳо аҳамияти бузург дорад. Мо аз давлат барои чунин эътибор хеле миннатдорем.
Маҷмӯи савдои «Узун Равнақ Файз», ки дар ноҳия бунёд гардид, ба савдои сару либос ва маснуоти дигар тахассус дорад. Дар ин ҷо ҳам барои фурӯшандагон ва ҳам барои харидорон шароитҳо муҳайё карда шудаанд, 138 нуқтаи савдо амал мекунад. Фурӯши молҳои гуногуни босифат ва арзон ба роҳ монда шудааст, 450 ҷойҳои нави корӣ ташкил гардидаанд.
– Мо ҳамеша орзу мекардем, ки дар ноҳияи мо ҳам, ки бо давлати ҳамсоя ҳамҳудуд мебошад, чун дар гӯшаву канорҳои дигари вилоят маҷмӯи бузурги савдо амал кунад, – мегӯяд харидор З. Рӯзиева аз ноҳияи Узун. – Пештар моро лозим меомад, ки барои хариди сару либоси босифату арзон ва молҳои дигар ба ноҳияҳои ҳамсоя равем. Дар арафаи ҷашни аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз орзуи деринаи мо ҷомаи амал пӯшид, маҷмӯи азими савдо ба истифода супурда шуд, ки барои мо воқеан туҳфаи идона гардид. Аксар молҳое, ки дар ин ҷо фурӯхта мешаванд, дар кишвари худамон истеҳсол шудаанд, бино бар ин ҳам арзонтар мебошанд. Хеле хурсандем, ки оқибат имконияти дар маҷмӯи замонавӣ савдо намудан, нафақат вақт, балки маблағи хешро низ сарфа кардан фароҳам омад.
Бозори деҳқонии ноҳия барои савдои маҳсулоти гӯшту шир, тухм ва молҳои дигари озуқаворӣ махсусонида шудааст, дар ин ҷо павилонҳои васеъ, фарох ва мусоид сохта шудаанд, 596 пештахта амал мекунад. Дар бозори нав ҳамчунин анбор барои нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷойи мошингузорӣ мавҷуданд, он бо оби нӯшокӣ таъмин карда шудааст.
Барои фаъолияти самарабахши бозори деҳқонӣ дар ҳаҷми 7,5 миллиард сӯмина корҳои бинокориву монтажӣ амалӣ шуданд, 750 ҷойи кор ташкил гардид.
Дар вилоят корҳои ба истифода супурдани иншооти нав, таҷдиди иншооти мавҷудаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ғайра идома доранд.
Дар чорабиниҳо иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Сурхондарё Б.Пӯлодов суханронӣ кард.

Холмӯъмин МАМАДРАИМОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: