НАВОӢ ВА НИЗОМӢ

Чӣ риштае миёни онҳост?

Ба аввалин сарояндаи «Хамса» («Панҷ ганҷ») ба форсӣ-тоҷикӣ –  Низомии Ганҷавӣ шуҳрати ҷаҳонӣ насиб кард. «Хамса»-и туркӣ-ӯзбекӣ ба шоир ва мутафаккири бузург Низомиддин Мир Алишери Навоӣ умри ҷовидон бахшид. Ҷашнҳои ёдбуди ин ду ситораи тобноки сухан, ки 300 соли тамом дар синну сол фарқ доранд, ба як вақт иттифоқ меафтад ва чунин ба назар мерасад, пайвандии ин ду достонсарои беҳамто бо риштаҳои ноаён бесабаб нест.
Соли 1941 бо қарори махсуси ҳукумат бояд 800-солагии Низомӣ ва 500-солагии Навоӣ таҷлил мегашт. Вале ҷанг сар шуд. Ҷанг ба тадбирҳои муҳиме, ки ба нақша даромада буданд, халал расонд ё  нарасонд?
Тавре олимон ва донишмандони маъруфи даври худ дар хотираҳояшон қайд кардаанд, роҳбари онвақтаи Ӯзбекистон Усмон Юсупов дар масъалаи бузургдошти Навоӣ аз Иосиф Виссарионович Сталин маслиҳат пурсид. Сталин гуфт, бинобар ногаҳон саршавии набарди хонумонсӯз аҳволи мамлакат маълум: ҳар кор вақту соат дорад. Вале модоме қарор баровардем, бояд аз пайи иҷро шавем. Навоӣ шахс ва эҷодкори барҷаста буд. Ман «Девони Фонӣ»ро ба форсӣ-тоҷикӣ хонда, ба маҳорати ғазалсароияш қоил мондаам. «Хамса»-аш бо туркӣ-ӯзбекӣ, тавре мутахассисони соҳа эътироф мекунанд, дар адабиёти классикии Шарқ ганҷинаи бебаҳо. 500-солагиаш бояд таҷлил гардад...
Оиди ҷои баргузории тадбири ҳукуматӣ Сталин Ленинградро пешниҳод кард. Ба душвориҳои давр нигоҳ накарда, омодагиҳо оғоз ёфтанд. Вале дар чӣ вазъ будани Ленингради муҳосирашуда ба ҳама маълум. Чӣ тавр он ҷо хотирҷамъу дилпур тадбири адабиро доир кардан мумкин?
Ҷуз роҳе, ки ба кӯли Ладога мебаровард, дигар ҳамаи роҳҳо ба шаҳри соҳили Нева баста. Муҳосира 872 рӯз давом намуд ва аҳолии шаҳр, бинобар норасоии озуқа ва либос, ноқулаии обу ҳаво ва дигар душвориҳои зиндагӣ, ба замми ин таҳи борони бомбаҳо азоби ҷаҳаннамро кашид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, соли аввали ҷанг қаҳрамоншаҳр баҳри муносиб таҷлил сохтани ёдбуди Навоии бузургвор тайёрӣ медид.
Декабр. Ҳаво сард. Вале олимони шарқшинос, аҳли илм ва адабиётдӯстон, ки ба Эрмитаж роҳ пеш гирифтаанд, тӯли ду рӯз бо ҳисси пурҳарорат навоихониро ташкил карданд. Бахшида ба ҷашн 29 декабри соли 1941 дар Институти шарқшиносӣ шӯрои илмӣ баргузор ва дар он Иосиф Абгарович Орбели, Едуард Бертелс барин академикҳои номӣ маърӯзаҳо хонданд. Ҳозирон хусусан, аз баромади академик И.Крачковский дар бораи ҳаёт ва эҷоди ибратбахши Навоӣ таассуроти калон бардоштанд. Тантанаҳои адабӣ дар соҳили Неваро академик Сергей Жебелев «иди фан» номид ва дар шароите, ки фашистон бо яроқу аслиҳаи марговар ба ҳаёти одамӣ таҳдид мекарданд, доир кардани иди адабиёт, шод гардондани рӯҳи Навоӣ, ки ғояҳои некӣ ва арзишҳои умумиинсониро таблиғ сохтааст, аз башорати некхоҳона – пирӯзии адолат аз болои зулм дарак медод ва ҳаёт ҳаққонияти ин башорати башардӯстонаро ба исбот расонд.
Ҳикоят мекунанд, аснои тадбир таркиши ногаҳонии бомбаҳои душман ду маротиба гирду атрофро ба ларза андохт. Ҷамъомадагон саросема шуданд. Нафаре таклиф кард ба ҷои бехавф бароянд. Вале вайрон шудани ҷамъомадро нахостанд – ҳама боз ба ҷои худ нишаста, ба шунидани маърӯзаҳо давом намуданд. Дар ҳамон гуна шароити вазнин қайд карда шудани 500-солагии Навоӣ бо тантанаҳои хос дар Ленингради муҳосирашуда далел бар чист?
Дар қарори ҳукуматие, ки 12 марти соли 1941 интишор ёфт, ҳамчунин, таҷлили 800-солагии Низомии Ганҷавӣ, тавре дар боло ишора рафт, мавриди назар қарор гирифта буд. Комиссияҳое, ки барои ба тарзи муносиб доир кардани ҷашнҳо ташкил карда шуданд, самаранок кор карданд. Дар Боку бо эҳтимоми кумитаи ҷашнӣ бо забонҳои озарӣ ва русӣ се маҷмӯаи мақолаҳо бо унвони «Низомӣ» аз чоп баромад. Матни илмӣ-танқидии осори Низомӣ таҳти ҳамкории кумитаи ҷашнӣ ва Академияи улум омода гашт, тарҷумаи русии достонҳои шоир дар шакли наср диққати умумро ба худ кашид ва он барои баргардониши осори ӯ ба забони халқҳои бародар, инчунин ҷомаи табъ бабаркунии як қатор асарҳои илмӣ-оммавӣ ҳамчун манбаъ хидмат намуд. Бо вуҷуди ҳамин саршавии ҷанг имкон надод мақсадҳои бузурге, ки пеш гузошта шуда буданд, пурра амалӣ гардонида шаванд.
Чунин метобад, бо шарофати «Хамса»-ро пайравӣ карда, бо забони модариаш достонҳои олиҷаноби ишқӣ-лирикӣ офаридани ҳазрати Навоӣ ва мавқеи ба худ хос пайдо кардани он дар адабиёти ҷаҳонӣ, Низомӣ – зодаи Озарбойҷон, ки «Хамса»-аш дар адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ, ҳамчунин, аз шоҳкориҳост, ба Ӯзбекистон маҳбубияти дигар дорад. Ҷашни ин шоир ва донишманди беҳамто дар диёри мо васеъ таҷлил ва соли 1947 китоби «Гулдаста» (порчаҳо аз «Панҷ ганҷ»)-и ӯ таҳти сарсухани Мақсуд Шайхзода, дар Тошканд ба чоп расид. Соли 1948 асари профессор Воҳид Зоҳидов бо унвони «Симои нуронии адабиёти дунё» аз чоп баромад. Барои абадӣ гардондани хотираи шоир Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд номи Низомиро гирифт. Соли 1985 китоби Арбоби шоистаи фанни Ӯзбекистон, доктори илмҳои филологӣ Натан Маллаев, ки солҳои дароз дар ин маскани таълим фаъолияти омӯзгорӣ пеш бурдааст, бо унвони  «Мероси Низомии Ганҷавӣ ва аҳамияти маърифатӣ-тарбиявии он» нашр гашт. Соли 2015 ба муносибати 80-солагии маскани таълимии мазкур бо саъйи муҳаққиқ Озода Тоҷибоева ва таҳти таҳрири профессор Ҳамидҷон Ҳомидӣ ин китоб бо унвони «Низомии Ганҷавӣ» дубора рӯи чопро дид.
«Хамса»-и Низомӣ ба ӯзбекӣ тарҷума ва дар ин ҳодисаи муҳими адабӣ шоир ва тарҷумони хушсалиқа Олимҷон Бӯриев саҳми арзанда гузоштааст.
Саҳми Низомӣ ва Навоӣ – ду чеҳраи намоёни шеъру шоирӣ дар адабиёти классикии Шарқ, ки риштаҳои ноаён онҳоро пайваста, дар қавӣ шудани муносибатҳои байниякдигарии халқҳо, дӯстии адабиётҳо торафт эҳсосшаванда мегардад. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ ва Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Навоӣ ворисони муносиб осори бебаҳои ин ду нобиғаи суханро меомӯзанд, дар фаъолияти самарабахши хеш онҳоро зинда медоранд.

М.ШОДИЕВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: