НАВСОЗИИ ЗИЁРАТГОҲИ ХОҶАИ АЗИЗОН

Хоҷаи Азизон – Хоҷа Алии Рометанӣ дар тариқати Хоҷагон – нақшбандия пири чорум, дар «Силсилаи шариф» пири сенздаҳум аст.

Вай фақириро пеша карда, зоҳиран бо халқ, ботинан бо Ҳақ буд:
Чун зикр ба дил расад, дилат дард кунад,
Он зикр бувад, ки мардро фард кунад.
Ҳарчанд, ки хосияти оташ дорад,
Лекин ду ҷаҳон бар дили ту сард кунад.

Ӯ мақоми баланди маънавӣ дошт. Каромотҳои фавқулодда зоҳир менамуд. Хоҷаи Азизон шогирди Хоҷа Маҳмуд Анҷири Фағнавӣ буд. Баъди фавти вай силсилаи хоҷагонро раҳнамоӣ кардааст ва байни аҳли тасаввуф бо лақаби «Азизон» машҳур гаштааст:
Хоҷа Алии Рометанӣ иршоди диёри худ будааст.
Вай ба Бовард (Абеивард) кӯчида, муридони зиёд тайёр кардааст. Сипас ба Хоразм рафта, то охири умр он ҷо зистааст. Мегӯянд, ки ин пири комил ду писар (Хоҷа Муҳаммад ва Ҳоҷа Иброҳим) дошт. Аз ӯ роҷеъ ба тасаввуф асарҳои «Рисолаи Азизон» ва «Маҳбуб-ул-орифин»  ва шеърҳои зиёди тоҷикӣ боқӣ мондаанд.
Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ шогирди  ӯст.
Нафас мурғи муқайяд дар дарун аст,
Нигаҳ дораш, ки хуш мурғест дамсоз.
Зи пояш банд бигсил то бипаррад,
Ки натвонӣ гирифтан баъди парвоз.
Зиёратгоҳи Хоҷаи Азизон низ солҳои соҳибистиқлолияти мамлакат обод шуд. Ба он дарвозахона, хонақоҳ, мақбара, айвон, ҳавз, чоҳи сангин, ошхона ва боғ ҳусн бахшиданд.
Тирамоҳи соли 2014 санги қабр нав карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки аз «Ҳафт пир» зодгоҳи ду пири комил Хоҷаи Азизон – Хоҷа Алии Рометанӣ ва Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ мавзеи Қӯрғони ноҳияи Рометан аст. Ҳоло ин ҳудуд аз панҷ-шаш маҳалла иборат буда, зиёратгоҳи Хоҷаи Азизон дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Азизон» ва зиёратгоҳи Бобои Самосӣ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Самосӣ» воқеъ гардидаанд.
Аҳолии ин мавзеъҳо пурра тоҷик буда, се мактаби миёнаи тоҷикии ноҳия низ дар ҳамин ҳудуд то қарибиҳо фаъолият доштанд.
Он замон банда ҳар сол бо масъалаи обуна ба ин мактабҳо мерафтам. Аз бозе, ки дар ин ҷойҳо таҳсил ба забони модарӣ аз байн рафт, ба камина низ лозим омад, ки чун Ҳасани аробакаши Мирзо Турсунзода нақшаи сафарро дар ин ҳудуд маҳдудтар кунам, ҳарчанд дар Қӯрғон то ҳол дӯстону ҳамкасбони собиқам кам нестанд.
Одатан мусофирон ба Қӯрғон, ба зиёратгоҳи ду пири комил бо шоҳроҳи Бухоро – Газлӣ – Хоразм – Нуқус меоянд. Масофаи то истгоҳи Қӯрғон 20 километрро ташкил мекунад.
Ҳамин тариқ баъди чанд сол боз ба Қӯрғони Рометан равона шудам. Дар маркази ноҳия мардум 27-солагии истиқлолияти мамлакатро рӯҳбаландона ҷашн мегирифтанд. 
Дере нагузашта ба зиёратгоҳи Хоҷаи Азизон расидам.
Он ҷо серодам буд. Зиёраткунандагон аз водии Фарғона бештар ба чашм  мерасиданд. Бо чанде аз онҳо мулоқот кардам. Дар байни мусофирони намангонӣ хешовандони ҳамкорам Анвар Муродовро дида хеле шод шудам.
Зиёратгоҳи Хоҷаи Азизон куллан таҷдид мешавад. Баландии пештараро ба тарзи ҳайратовар ҳамвор карда, болои он дарвозаю иморатҳои пурҷозиба сохтаанд. Дар айвони масҷид бо ноиби имом-хатиби масҷиди Хоҷаи Азизон Ғайрат Наҷмиддинов шинос шудем. Вай барои зиёраткунандагон аз Қуръони карим пораҳо тиловат мекард. Ноиб зодаи деҳаи ҳамсоя – Ғазберон (Ғазнибирулон) будааст. 
Фурсате нагузашта имом-хатиб Отабек Раҳимов ҳам омад. Баъди вохӯрӣ бо вай корҳои ободониро ҳамроҳ аз назар гузарондем.
– Хоҷаи Азизон – Хоҷа Алии Рометанӣ бофанда будаанд, – суҳбатро оғоз кард имом-хатиб. – Эшонро месазад пири бофандагон номид. Зеро дар Хоразм ва ҳудуди имрӯзаи Туркманистон туфайли ӯ ва шогирдони зиёдаш ҳунари  қолинбофӣ нашъунамо ёфтааст. Мутаассифона, инро аксарият намедонанд... Ба қарибӣ тавассути «оинаи нилгун» барномаеро дар бораи гилембофони фарғонагӣ тамошо кардам. 
– Пири шумо кист, – пурсид баранда аз ӯ. 
– Ӯ хоразмӣ аст, – ҷавоб дод вай.
Гап дар сари он аст, ки «хоразмӣ»-е, ки гилембофи фарғонагӣ пиндошт, аслан бухорогӣ, аниқтараш ҳамин яке аз «Ҳафт пир» Хоҷаи Азизон – Хоҷа Алии Рометанӣ мебошанд. Беҳуда нест, ки ҷавонони хоразмию туркманистонӣ, ки қолинбофиро пеша кардан мехоҳанд, аввал ба зиёрати Хоҷаи Азизон омада, аз вай гӯё «фотиҳа» мегиранд.
Мо бо имом-хатиби масҷид назди бинокорон омадем. Дарвозаю манор қад афрохта буд. Ба онҳо Тоҳир Ҳакимов, Баҳриддин Юлдошев, Фирӯз Абдиев сарварӣ мекарданд. Рамазон Тоҳиров, Саид Ашӯров, Фирдавс Ҳакимов аз деҳаи Хонободи  ноҳияи Бухоро ва посбони зиёратгоҳ Худоёр Ҳасанов кумак мерасонданд.
Ин вақт сардори ситоди ободгардонии зиёратгоҳ Тойир Қобилов бо ҳамроҳии Зиннатҷон Мустафоев – директори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Зиннатҷон, Зафар, Ҷаъфар, ки сарпудратчии корҳои сохтмон дар зиёратгоҳ будааст, омаданд. Мо аз фурсат истифода бурда, бо лоиҳаи азнавсозии зиёратгоҳ шинос шудем. Сохтани дарвоза (бо дукони китобу туҳфаҳо), мақбара, таҳоратхона, ҳавз, фаввораи об, меҳмонхона, худоихона, девор, манор, таъмири масҷид ва ғайра аз ҷумлаи вазифаҳои пешистода маҳсуб меёбанд ва масоҳати умумии корҳо қариб ба як гектар мерасад.
– Барои ҷомаи амал пӯшидани ин нақша чӣ қадар маблағ лозим аст? – пурсидем аз Тойир Қобилов.
– Даҳ миллиард сӯм, – ҷавоб дод вай.
– Хароҷот аз ҳисоби кӣ?
– Аз ҳисоби давлат ва ҳомиён. Масалан, ҳомии бунёди дарвозаи зиёратгоҳ корхонаи муштараки «Ромстар» мебошад.
Сохтмони ҳавзро ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бизон А сервис» ба поён расонд. Манорро фарзандони усто Музаффар бо сардории усто Маъмур месозанд.
Дар ин ҷо ҳар рӯз 75-80 нафар ба ҷараёни ободгардонӣ иштирок мекунанд. Аз он ҷумла 16 нафар устоёни намангонӣ санги мармар мехобонанд. 19 нафар бинокорони фарғонагӣ меҳмонхона месозанд, 5 нафар усто аз Қароқалпоқистон бо бунёди таҳоратхона машғуланд. Даҳ нафар кормандони садорати «Газлимагистралгазқувурлари» низ бо сардории Муҳсин Муродов ба ҷараёни корҳо кумак мерасонанд. Рӯзҳои наздик сохтмони девор ба охир мерасад. Меҳнатдӯстон ният доранд, ки то охири моҳ бунёди манор, таҳоратхона, ошхона, кушхона ва меҳмонхонаро анҷом диҳанд. Дар маъракаи ободгардонӣ мардуми (шаҳрвандони) маҳаллаҳои «Деча», «Ғазберон», «Азизон», «Ӯзбекистон» ва дигар ташкилоту корхонаҳои ноҳия низ саҳм мегузоранд. Прораб Тӯлқин Абулов сифати корҳоро назорат мекунад...
Ҳамин тариқ, азму кӯшишҳои ободкунандагони зиёратгоҳ ба мо қаноатмандӣ бахшид. Ба мутасаддиён ва бинокорон муваффақият хоста, бо онҳо хайру хуш кардем. 

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: