МАРКАЗИ САЙЁҲӢ ДАР ДАШТ

Оби гарми табиии шифобахши дашти Ҷилвон дар шафати кӯли Оғитма воқеъ гардида ҳар сол фасли тобистон мавсими гармоб бо вуҷуди дурии роҳ ва мураккабии шароиташ беморони зиёд ин ҷо ба умеди шифоёбӣ аз дуру наздик меоянд. Бояд таъкид намуд, ки масофаи маркази ноҳия то ин нуқта қариб сад километр аст.

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ECOTRAVEL SHOFIRKON» ба қарибӣ ба кори хайр даст зад. Ташаббуси вай бобати дар самти ҷанубии кӯл бунёд кардани маркази сайёҳӣ ва дар таркиби он муолиҷагоҳ (бо оби гарм ва лой, дорои сад ҷой) дастгирӣ ёфт.
Ин лоиҳа, ки 2 миллиард сӯм қимат дорад (500 миллион сӯмаш аз ҳисоби худи корхона ва 1,5 миллиард сӯмаш аз ҳисоби воми имтиёзноки шуъбаи ноҳиявии «Бонки миллӣ») дар ду навбат рӯи об баромада, навбати аввали он чоряки аввали соли оянда амалӣ мегардад.
Айни замон дар ин ҷо барои сад нафар сайёҳони хориҷӣ юртаҳо сохта мешавад. Сонитар ҷой, сафи сайёҳону муолиҷагирандагон ва намудҳои хизматрасонӣ афзуда 50-то ҷои нави корӣ арзи вуҷуд мекунад.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: