ТАНТАНАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МАҚОМИ ҶОВИДОН

6 сентябр дар шаҳри Шаҳрисабз маросими тантанавии кушоиши Анҷумани байналхалқии санъати мақом баргузор шуд.

Алҳол дар Шаҳрисабзи куҳан, ки таърих ва ояндаро баҳам меоварад, муҳити идона ҳукмфармост. Бахшида ба Анҷумани байналхалқии санъати мақом шаҳр хеле зебову обод гардид. Боғу хиёбонҳои хушманзара, кӯчаҳои ободе, ки аз бӯву накҳати гулҳои муаттар саршоранд, ба чашмҳо нур мебахшанд. Табассуми самимии мардуме, ки аз қитъаҳои гуногуни ҷаҳон омадаанд, шаҳодати дар Шаҳрисабз оғоз ёфтани ҷашни бузург мебошад.
Ба шаҳри қадима шом фаро мерасад. Дар шуои чароғҳои гуногунранг Оқсаройи муҳташам нур мепошад. Аз ин ҷо то ба уфуқҳои дур шерозаи сабзаҳо, боғ ва гулбоғҳо доман паҳн кардаанд. Оре, Шаҳрисабзро беҳуда шаҳри сабз наменоманд.
Бо ташаббуси Президенти мамлакати мо бобати дар ин ҷо баргузор кардани Анҷумани байналхалқии санъати мақом ва мувофиқи қарори ӯ «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи санъати миллии мақоми ӯзбек» аз 17 ноябри соли 2017 дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин дар шаҳр корҳои васеъмиқёс ба сомон расонида шуданд.
Ба муносибати анҷуман хиёбони Амир Темур симои беш аз пеш зебо пайдо кард. Дар ҳудудҳои шафати Оқсарой шаҳракҳои этнографӣ бино ёфтанд, ки тарзи ҳаёт, анъана ва урфу одати минтақаҳои кишвари моро таҷассум мекунанд. Дар саҳнаҳои хурде, ки дар ин ҷо бунёд ёфтаанд, намоишномаҳои театрикунонидашуда пешниҳод мегарданд, дастаҳои фолклорӣ баромад мекунанд. Сайёҳони хориҷӣ бо намоишгоҳ-бозорҳое, ки дар онҳо сӯзаниҳо ва сару либосҳои миллӣ, гилемҳо, асбобҳои миллии мусиқӣ, маснуоти кулолӣ гузошта шудаанду имкониятҳои сайёҳии кишвари моро намоиш медиҳанд, шинос мешаванд.
Нусхаи муаррифии Бухоро – қалъаи Арк, сарпӯшҳои мӯинаи Хоразм, рамзи меҳмоннавозии мо – чойхонаҳо, ҳайкали корвонҳои шутур дар бораи гузаштаи ғановатманди кишвари мо ҳикоя мекунанд. Аз наздикии хирмани харбузаҳои ширини боғпарварони Мирзочӯл, меваву ангурҳои хуштаъм наметавон бефарқ гузашт. Иштирокдорони анҷуман ба маҷмӯи Дорус-cаодат ва Дорут-тиловат, масҷиди Қундузак, мадрасаи Абдушукури Оғалик, бозори «Чорсу» ва дигар ёдгориҳои  таърихиву меъморӣ баҳои баланд медиҳанд.
Анҷумани байналхалқии санъати мақом, ҳамчунин ба роҳ монда шудани ҳаракати қатораи баландсуръати «Afrosiyob» бино бар хатсайри «Қаршӣ – Шаҳрисабз» ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ мусоидат хоҳанд кард.
6 сентябр. Соати 19.00. Шаҳрисабз, майдони Оқсарой.
Иштирокдорони анҷуман ва тамошобинон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бо кафкӯбиҳо истиқбол мегиранд.
Бо ташаббуси роҳбари давлати мо бори аввал Анҷумани байналхалқии санъати мақом, ки намунаи нодири санъати классикии ҷаҳонӣ ба шумор меравад, баргузор мегардад.
Ба майдон намояндагони кишварҳои иштирокдори ин  ҷашнвораи санъат даъват мешаванд. Мусиқии даъватӣ садо медиҳад.
Сухан ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дода мешавад.
Роҳбари давлат иштирокдорони анҷумани байналхалқии мусиқиро, ки дар майдони таърихии Оқсарой, ки ба он Амир Темури бузург асос гузоштааст, кушода мешавад, хайрамақдам гуфта, зикр сохт, ки мақсади асосии он ҳифзи ин мероси нодири маънавӣ, шинос кардани ҷомеаи васеи хориҷӣ бо он, дар шакли  ибтидоӣ ба насли наврас вогузоштани он ба шумор меравад. Президенти кишвари мо ба намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, шахсони масъули соҳаи маданияти мамлакатҳое, ки анъанаҳои ғановатманди мақомро ҳифз кардаанд, арбобони санъат, ки ин ташаббуси Ӯзбекистонро дастгирӣ намуда, барои иштирок ба анҷуман омадаанд, миннатдорӣ изҳор кард.
Барномаи театрикунонидашудаи консертӣ бахшида ба кушоиши ҷашнвораи байналхалқии мусиқӣ баргузор шуд. Дар саҳна сурудҳои классикӣ садо доданд, ки аз тариқи мониторҳои бузург ба ҷойҳои дигар низ намоиш дода шуданд.
Анҷумани байналхалқӣ ба тарғибу ташвиқ ва ҳифзи намунаҳои нодири санъати миллии мақоми ӯзбек, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи эҳтиром ба мусиқаи классикӣ, мустаҳкам шудани дӯстии байни халқҳо хидмат хоҳад кард. Дар ин ҷашнвора зиёда аз 300 нафар меҳмонон аз 73 мамлакат иштирок доранд, ки бозгӯйи мақом ба обрӯи ин чорабинӣ мебошад.
Санъати мақом дар сарзамини мо аз қадимулайём инкишоф ёфтааст. Манбаъҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аввалин мактаби мақом аз ҷониби Соҳибқирон Амир Темур маҳз дар Шаҳрисабз кушода шудааст. Муаррихи машҳур Шарофиддин Алӣ Яздӣ дар асараш «Зафарнома» дар бораи шабҳои мусиқии назди қасри Амир Темур чунин навиштааст: «Ҳофизони хушовоз ғазал ва шеърҳои гуногунро месароиданд, турку уйғур, муғулу чин, арабу форс ҳар кадом ба тарзи худ суруд мехонд».
Имрӯз ҳам дар мамлакати мо деҳа ё худ маҳаллаеро пайдо кардан душвор аст, ки дар он ҳофизи худӣ, оҳангнавози худӣ набошад. Тақрибан дар ҳар кадом оилаи ӯзбек ягон асбоби мусиқӣ – дутор, думбура, доира ҳаст, ки низ бозгӯйи муҳаббати беҳудуди мардуми мо ба санъат мебошад.
Намояндагони соҳибистеъдоди мусиқии халқи мо ба ҷомеаи байналхалқӣ хуб маълуманд. «Шашмақом», «Катта ашула» ба сифати кашфиёти беҳтарини маданияти ҷаҳонӣ ба Руйхати ҷаҳонии мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд. Дар пояи санъати мақом, ки алҳол танҳо дар байни якчанд халқ маҳфуз мондааст, анъанаҳои ғановатманди гузаштагони мо нуҳуфтаанд. Бино бар ҳамин ҳам дар мамлакати мо ба рушди он эътибори зиёд дода мешавад. Бобати барқарор намудани моҳияти бадеиву зебошиносии мақоми қадима, истифода бурдани имкониятҳои эҷодӣ, тарзи иҷро ва омӯзиши илмии он ба сифати қисми ҷудонопазири ҳаёти мусиқии кунунӣ корҳои бузург оғоз ёфтанд.
– Ман дар бисёр ҷашнвораҳои байналхалқӣ иштирок кардаам ва метавонам бо эътимод иброз намоям, ки беҳтарини онҳо ин Анҷумани байналхалқии санъати мақом буд, ки дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор мегардад, – мегӯяд профессори Донишгоҳи Флорентий Перо Долар. – Анҷуман бо он муҳим мебошад, ки ба тарғибу ташвиқи навъи қадимии санъат – мақом нигаронида шудааст. Ин ҷашнвораи мусиқӣ дар худ фалсафа, зебоӣ ва ҷозибаи мақомро таҷассум менамояд. Ман консертро тамошо карда, бори дигар дарк намудам, ки мусиқа қодир аст, ки торҳои қалби  ҳама гуна шунавандаро ба ҷунбиш оварад. Мо баромадҳоеро, ки гузаштаи бузург ва маданияти ғании халқи шуморо инъикос мекарданд, бо қаноатмандӣ тамошо кардем. Чорабинии мазкур, бешубҳа, саҳми бузурги Ӯзбекистон дар пешрафти санъат ба шумор меравад.
– Дар шафати Оқсарой, дар шаҳраке, ки мувофиқи  даврони куҳан оро дода шудааст, мо анъанаҳои ҳунармандӣ, боғдорӣ, маросими сури халқамонро намоиш медиҳем, – мегӯяд саррежиссёри Театри драмаи мусиқии вилояти Қашқадарё Исҳоқ Тӯраев. – Меҳмонони хориҷӣ ҳайрати худро аз мероси ғановатманди халқамон ва аз он ки мо ҳуввиятҳои миллии худро ҳифз намуда, аз насл ба насл медиҳем, пинҳон намедоранд.
... Дар саҳна сурудҳои классикӣ аз «Шашмақом»-и дар тамоми олам машҳур, ки маҷмӯи шаш мақом мебошад, садо медиҳанд, рақсҳои зебову ҷозиб ба тамоми ҳозирон кайфияти самимӣ мебахшанд, онҳо ба ҳунарпешагон ҳамовоз мешаванд.
Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар Тошканд Маркази мақом созмон дода мешавад, дар тамоми вилоятҳо дастаҳои мақом амал мекунанд. Фаъолияти онҳо аллакай натиҷа мебахшанд, санъати мақом дар байни аҳолӣ торафт оммавӣ мегардад. Бо назардошти он ки анҷумани мазкур дар ду сол як бор баргузор хоҳад шуд, метавон тасбит намуд, ки дар рушди ин санъат комёбиҳои беш аз пеш баландтар ба даст меоянд.
– Дастаи иҷрогарони мақом аз 22 мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонае, ки дар вилоятамон амал мекунанд, дар 20-тояш мавҷуд аст. Ба қарибӣ чунин ҷамоаи эҷодӣ фаъолияти худро дар донишгоҳи мо низ оғоз намуд, – мегӯяд мудири кафедраи таълими мусиқии Донишгоҳи давлатии Тирмиз Абдураим Турсунов. – Дар озмуни ин анҷумани бонуфуз ҷавонони сурхондарёӣ низ иштирок мекунанд. Мақсади мо тарбия кардани истеъдодҳои нав, кашф намудани овозхонҳои беҳтарин мебошад. Чорабинии ҳолоина барои ҷавонони мо ба сифати мактаби таҷриба хидмат хоҳад кард.
Дар анҷумани байналхалқӣ, ки то 10 сентябр идома меёбад, намояндагони 29 мамлакат бино бар самтҳои гуногуни мақом мусобиқа мекунанд. Ҳакамоти байналхалқӣ ба баромадҳои онҳо доир ба номгӯйҳои «Беҳтарин дастаи мақом», «Беҳтарин иҷрои созӣ», «Беҳтарин иҷрои вокалӣ» баҳо хоҳанд дод.
Дар доираи анҷуман Конфронси байналхалқии илмиву амалии «Санъати мусиқии мақом ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ» баромадҳои бадеии устодони ватанӣ ва хориҷии мақом, озмуни иҷрогарони ҷавони мақом, муаррифии илмиву эҷодӣ, «мизҳои мудаввар» ва чорабиниҳои дигар баргузор хоҳанд шуд.

М.ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигори махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: