СОХТМОНИ КОРХОНАИ МУШТАРАК

Ноҳияи Шофиркон бобати бо хоку шағали бинокорӣ таъмин намудани иншооти сохтмони шаҳру ноҳияҳои вилоят мақоми махсус дорад.

Дар самти шимолии ноҳия захираи зиёди  ин масолеҳи табиии бинокорӣ мавҷуд аст.
Ба қарибӣ дар ин ҷо  бобати сохтани корхонаи истеҳсоли маҳсулоти асфалту бетон – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Kaan Iwsaat Investor  Group» бо соҳибкори машҳури Туркия, роҳбари ҶС «Kaan Vatirim Insat A.S.» Тайфун Кийрак аҳду паймон карда шуд.
Қимати лоиҳа ба 15 миллион доллари ИМА баробар аст. Ҳоло дар мавзеи Осиё барои корхонаи муштарак 24 гектар майдон ҷудо гардида, ҷараёни сохтмони завод ва иморатҳои он оғоз ёфтааст. Иқтидори солонаи лоиҳа 50 миллиард сӯмро ташкил намуда, 100 ҷойи корӣ фароҳам оварда мешавад. Ин корхона, ки мустақиман пурра аз сармояи хориҷӣ бунёд мегардад, то охири сол бояд ба кор дарояд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: