ХАТСАЙРИ ТИРМИЗ – ДУШАНБЕ ИФТИТОҲ ЁФТ

Ба қарибӣ автобусҳои мусофиркашони «Тирмиз – Душанбе», ки бино ба хатсайри шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон ва шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, ба роҳ монда шуд.

Ба ин муносибат дар истгоҳи бузурги шаҳри Тирмиз бо иштироки намояндагони ду давлат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт. Дар он ҳокими шаҳри Тирмиз Исроил Худойбердиев ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки чанд сол пеш байни шаҳри Душанбе ва Тирмиз автобусҳои мусофиркашон мунтазам ҳаракат мекарданд. Тибқи қарордоди сарони ду давлат боз ин хатсайри автобусҳо ба ҳаракат омода ҳастанд. Аллакай аз ҷониби шаҳри Душанбе 60 нафар мусофирон ба зиёрати шаҳри Тирмиз омаданд. Пасон раиси бахши вилоятии Бунёди «Нуроний» Муҳиддин Абдуллоев ба сухан баромада, ин иқдоми сарони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, мусофиронеро, ки аз шаҳри Душанбе ба ин ҷо ташриф оварда буданд, хайрамақдам гуфт.
Бояд гуфт, ки пас аз ин ҳар рӯз ду автобуси мусофиркашон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тирмиз меояд. Дар навбати худ ду автобус аз шаҳри Тирмиз ба ҷониби Душанбе мусофиронро мебаранд. Роҳкирои хатсайри мазкур 70 ҳазор сӯм буда, аз Душанбе то ба Тирмиз 70 сомониро ташкил медиҳад.

Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: