МАЙДОНИ БУНЁДКОРИҲО

Инак, панҷ моҳ аст, ки Барномаи давлатии «Деҳаи обод» баҳри ободонӣ, фаровонии ҳаёти мардум, зебо гардидани ҳудудҳо хизмат мекунад.

Дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим корҳои бузурги бунёдкорӣ ба сомон расиданд. Танҳо дар ҳудуди вилояти Ҷиззах чандин шаҳру маҳал, ки ҳоли валангор доштанд, намои дигар гирифтанд. 
Шаҳраки «Хонбандӣ» воқеъ дар ноҳияи Фориш  солҳои охир аз эътибор дур монда буд. Даҳҳо биноҳои серошёна  ба таъмир муҳтоҷ буданд. Чордаҳ бинои серошёна рӯйи таъмирро дид. Аз ҷумла, хонаи маданият аз таъмир баромада, ба ихтиёри мардум супурда шуд. Майдони варзишӣ низ намуди дигар гирифт.
– Дар солҳое, ки роҳбарии ноҳияро ба ӯҳда доштам, иҷрои ин қабил корҳо фақат бо иҷозати Маскав амалӣ мегашт, – мегӯяд фахрии меҳнат, собиқ ҳокими ноҳия Эркин Қазоқов. – Ҳоло бошад, ба кори роҳбарон ҳавасам меояд. Ташаккур ба Президент, ки ин гуна корҳоро амалӣ мегардонад. Оилаҳои зиёд соҳиби хона гардиданд. Дили маълӯлон ва шахсоне, ки ногироӣ доранд, тасаллӣ ёфтанд. 
Боз як майдони бунёдкорӣ воқеъ дар ноҳия Мирзочӯл мебошад. То ҳол 169 хонаҳои намунавиро сохта ба истифода супурданд. 36 бинои серошёнаи таъмирталаб рӯйи таъмирро дид, зиёда аз 33 ҳазор тонна партовҳоро бароварда партофтанд. 11 ширкати хонаву ҷой ташкил карда шуд. Дар 6 маҳаллаи ноҳия: Ғалаба, Ӯзбекистон, Мустақиллик, Мирзодала, Дӯстлик корҳои калонҳаҷми бунёдкорӣ ва ободониву таъмирӣ ҷараён доранд. Ба аҳолии маҳаллаи Ӯзбекистон 1254 дона баллонҳои гази моеъ тақсим карда шуданд. Ба фаъолият шурӯъ намудани маҷмӯи дӯзандагии Мирзочӯл ва маҷмӯи чорвои Мирзочӯл 200 ҷойи нави корро ба вуҷуд овард.
– Солҳои азхудкунии заминҳои дашт падарам ҳамроҳи амаконам ба ин ҷо кӯч бастаанд, – мегӯяд фермер аз ноҳия Зафар Шарифов. – Онҳо фикр накарда буданд, ки Мирзочӯл то ин дараҷа ободу зебо мегардад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: