ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба минбаъд мустаҳкам кардани интизоми пардохт дар соҳаи расонда додан, истеъмоли қувваи барқ ва гази табиӣ, инчунин, боз ҳам такмил додани сохтори иҷрои корбарӣ» аз 29 майи соли 2017, вазифаҳои Бюрои иҷрои маҷбурии назди Сарпрокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тарзи зайл муқаррар гардидааст.

Хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик» Ӯктам Иброҳим дар хусуси ҷамъбасти фаъолияти шаш моҳи соли равони Идораи иҷрои маҷбурии вилояти Самарқанд бо нозири калони он доир ба робитаҳо бо ҷомеа ва ахбори ҳуқуқӣ Дӯстбек СУЛАЙМОНОВ суҳбат орост, ки он дар зер оварда мешавад.
– Аз ҷониби Бюрои иҷрои маҷбурӣ ба истеъмолчиён чӣ гуна талабҳо гузошта шудааст?
– Дар сароғози суҳбат бояд бигӯям, ки аз 1 июли соли 2017 тартибе ҷорӣ карда шудааст, ки  шахсҳои ҷисмонӣ бояд ҳар моҳ то санаи 10-уми он ҳаққи истеъмоли қувваи барқ, гази табииро  барои моҳи гузашта пурра пардозанд.
Агар ҳаққи истеъмоли қувваи барқ ва гази табиӣ дар муддати муайяншуда пардохта нашавад ва қарздорӣ ба миён ояд, истеъмолчиён – шахсҳои ҷисмонӣ аз шабакаи барқ ва газ ба таври маҷбурӣ гусаста мешаванд.
Аслан барои шахсҳои ҳуқуқӣ расонда додани қувваи барқ ва гази табиӣ, таъминкунӣ бо об пас аз 100 фоиз пардохт кардани ҳаққи онҳо дар амал сурат мегирад. Дар ҳолатҳои қаблан пардохта нашудани ҳаққи газ ва барқ нисбати чунин истеъмолчиён чораҳои пурра аз шабакаҳои тақсимкунии газ ва барқ ҷудо карда шудани онҳо амалӣ мешаванд.
То аз сари нав пайваст кардани истеъмолчӣ бо таъминоти барқ ва шабакаи газ  барои шахсҳои ҷисмонӣ дар ҳаҷми 2 баробари музди камтарини меҳнат ва барои истеъмолчиён – шахсҳои юридикӣ ба миқдори 10 баробари музди камтарини меҳнат ҷарима андохта мешавад. Пас аз гузарондани пардохти қарздорӣ  ба ҳисобрақами ташкилоти таъминотӣ ускунаи истеъмолчиён ба шабакаи газ ва барқ пайваст карда мешавад.
– Масъалаи қарзҳои ғайривоқеӣ ва ботил чӣ гуна ҳаллу фасл карда мешаванд?
– Рост аст, ки аз истеъмолчиён дар мавриди қарзҳои ғайривоқеӣ аризаву шикоятҳо мерасанд. Ходимони бюро барои холисона ҳаллу фасл намудани муаммо корҳо пеш мебаранд. Алалхусус, ҳангоми аниқ кардани қарзи беасос нозир дар ҳамкорӣ бо ходимони таъминоти газ ва барқ дар тартиби дахлдор далолатнома тартиб дода, мониторинг мекунанд.
Ҳаминро алоҳида таъкид кардан лозим, ки яке аз вазифаҳои асосии онҳо омӯхтани сабабҳои ба вуҷудоии чунин қарзҳо, пешгирӣ ва бартараф кардани онҳо мебошанд.
Маҳз бо ҳамин мақсад бо ташаббуси дастгоҳи марказии бюро моҳи марти соли равон байни корхонаҳои таъминкунии қувваи барқ ва гази табиӣ, ҳамчунин, идора ва вазоратҳои дахлдор «Дар бораи омӯхтани қарздориҳои мавҷуда, беасос» фармоиши муштарак имзо гардида, иҷрокунандаи  он мақомоти бюро ба ҳисоб меравад.
Дар шаҳрҳову ноҳияҳо барои иҷрои босифати фармоиш гурӯҳҳо ташкил карда шудаанд, корҳои азқайдгузаронӣ бурда мешаванд. Алалхусус, 6 моҳи соли равон 10.991 нафар истеъмолчиён аз қайд  гузаронида шуданд, аз ҷониби корхонаҳои таъминотӣ дар ҳисоби онҳо будани 12 млрд. сӯм қарзҳои нореал ва 7,3 миллиард сӯм қарзҳои ботил аниқ карда шуданд.
Инчунин, 17.453 нафар истеъмолчиёни гази табиӣ аз қайд гузаронда шуда, дар ҳисоби корхонаҳои таъминоти газ будани 22,1 миллиард сӯм қарздории нореал, 9,8 миллиард сӯм қарзҳои ботил  ба ҳисоб гирифта шудааст.
– Тартиби ба кор қабул намудани ходимон ба мақомоти Бюрои иҷрои маҷбурӣ чӣ гуна сурат мегирад?
– Ҳозир онҳо пас аз гузаштан аз суҳбати комиссияи аттестатсияи махсус ба кор қабул мешаванд. Дар ин маврид сифатҳои инсонӣ, сатҳи дониш ҳамаҷониба, амиқ санҷида мешаванд.
– Дар 6 моҳи соли равон аз ҷониби Бюрои иҷрои маҷбурии вилоят чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?
– Дар давраи ҳисобот дар сартосари вилоят қарздорӣ 600,8 миллиард сӯмро ташкил дод. Аз 574 145 истеъмолгар ба 548 583 нафар (95%) талабномаҳо барои бартараф кардани 299,7 миллиард сӯм қарздорӣ фиристода шуданд. Мувофиқи талабномаҳои фиристода ҷамъулҷамъ аз 331 063 нафар истеъмолчӣ 114 миллиарду 532 миллион сӯм ситонда шуд. Чунин нишондод дар вилоят 38 фоизро ташкил кард. 
Инчунин, дар давраи гузашта ҳолатҳои ба шабакаҳои барқ ба таври ғайриқонунӣ васл намуда, ҷамъулҷамъ 3 миллиарду 654 миллиону 674 ҳазор сӯм зарар расондан муайян шудааст. 2 миллиарду 087 миллиону 253 ҳазор сӯми он рӯёнда шудааст. 2238 нафар (аз онҳо 102 нафар шахсони мансабдор) мувофиқи моддаи  101-уми Кодекси маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
– Муроҷиатҳои истеъмолчиён чӣ тавр ҳаллу фасл мешаванд?
– Дар даври гузашта аз шахсҳои ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ 9658-то муроҷиат ба қайд гирифта шудааст. 9189-то шикоят ва ариза ё ин ки 95% онҳо бевосита дар садорат ё ин ки шуъбаҳои  дар шаҳру ноҳияҳо воқеъгардидаи он ҳал карда шудаанд.
– Нозирони идора ҳангоми иҷрои вазифа бо кадом муаммоҳо дучор мешаванд?
– Маълум аст, ки ходимони мо бо мардум кор мекунанд. Ҳангоми иҷрои вазифа гоҳо ба муқобилиятнишондиҳӣ, муносибати таҳқиромези одамон ҳам дучор мешаванд. Нисбати чунин истеъмолчиён дар доираи қонун чораҳо дида мешаванд.
Бояд гуфт, ки пардохти қарздориҳо, риояи қонунҳои ҷорӣ қарзи шаҳрвандии ҳамаи  мо ба шумор меравад.

Ӯктам ИБРОҲИМ.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: