«ҲАМНИШИНАМ БЕҲ БУВАД, ТО МАН АЗ Ӯ БЕҲТАР ШАВАМ»

Аз қадимулайём инсоният аз сабақи устод баҳра бурда, аз ҳар ҳарфу ҳиҷои омӯзгор панди ҳаёт гирифтааст.

Дарёфти комёбиҳо ва ҳосил шудани муроду мақсадҳоямон бевосита ба кӯмаку раҳнамоии устод вобаста аст. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ фармудааст:
Ба кор ор илме, ки омӯхтӣ,
Макуш машъалеро, ки афрӯхтӣ.
Таҷрибаҳо собит кардаанд, сифати баланди таълиму тарбия дар мактаб танҳо дар мавриде, ки кори ҷамоаи педагогӣ дуруст ба роҳ монда шавад, имконпазир мегардад.
Қаҳрамони навиштаи мо омӯзгори соҳибтаҷриба, фидоии касби худ, муаллимаи мактаби миёнаи рақами 110-уми ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд Фотима Холибоева мебошад.
Ӯ дар оилаи зиёӣ ба дунё омад, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, шавқу завқи донишомӯзиро даставвал аз волидайни маорифпарвараш омӯхт. 
Соли 1995 Донишгоҳи аграрии Тошкандро бино бар ихтисоси иқтисоддон-ташкилотчӣ хатм намуд. Аз соли 1996 инҷониб дар мактаби рақами 110-уми ноҳияи Мирободи пойтахт ба насли наврас сабақ медиҳад. Бо дастгирӣ ва мададу роҳнамоии муаллимони таҷрибадор нозукиҳои соҳаи  таълимро хуб азхуд намуда, соҳиби малака, таҷриба ва маҳорат гардид. Муаллима дарсҳояшро бо истифода аз воситаҳои аёнӣ муассиру пурсамар мегузаронад,  аз навгонӣ ва усулҳои нави таълим оқилона ва бамаврид истифода мебарад. Кӯшиш мекунад, ки сифати таълиму тарбия дар синф тавъаму баланд шавад. 
Роҳбарияти мактаб маҳорати педагогӣ, худомӯзӣ ва меҳнатдӯстии Фотимаро ба инобат гирифта, ӯро роҳбари синф интихоб кард. Дар синфе, ки ӯ дарс медиҳад, дараҷаи азхудкунӣ баланд буда,  тартибу интизом, иззату ҳурмат на танҳо дар байни хонандагон, балки миёни падару модарони онҳо низ пос дошта мешаванд.
Бо ташаббуси муаллима хонандагон ба ҷойҳои таърихӣ, осорхонаҳо, боғҳои истироҳатӣ, китобхонаҳои шаҳр мебароянд. Бо инсонҳои пурдида, зиёиён, адибону ҳунармандон, олимони меҳнаткашу дорои таҷрибаи ҳаётӣ суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Фотима ҳамчун муаллимаи фаъол дар машварат, ҷамъомад ва конфронсҳои илмиву методии байни омӯзгорони шаҳру ноҳия пайваста иштирок мекунад. Ӯ бо падару модарони хонандагон муносибати мустаҳкам дорад, бо онҳо зуд-зуд суҳбатҳо мегузаронад. Ба тарғиб ва ҷорӣ намудани методҳои ҳозиразамон ва усулу воситаҳои нави таълим диққати махсус медиҳад. 
Холибоева борҳо дар гузарондани ҷамъомад, мусобиқа ва ҷашнҳои мактаб ғайратнокӣ, масъулиятшиносӣ, дақиқкорӣ, мақсаднокӣ, ӯҳдадорӣ ва ташкилотчигии худро борҳо намоён сохтааст. Ӯ якчанд маротиба бо ифтихорномаҳои шуъбаи таълими халқи ноҳия, шаҳр ва вазорат мукофотонида шудааст.
Муаллима кадбонуи оилаи намунавист. Шавҳараш Сардор Холибоев нафақахӯр, писараш Хуршед донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тошканд, духтараш Гузалбегим хатмкардаи литсей мебошанд. Холибоева дар байни ҷамоати мактаб, ҳамкасбон, падару модарон ҳамчун омӯзгори фидоӣ ангуштнамо аст.
– Фотима Холибоева пайваста дар болои худ кор карда, дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, камолёбии хонандагон саҳми арзандаи худро мегузорад. Суҳбати ширину гуворо дорад, ки ин суханони ҳикматомезро маҳз дар бораи чунин инсонҳои ҳалиму хоксор чун Фотимаи мо фармудаанд: «Ҳамнишинам беҳ бувад, то ман аз ӯ беҳтар шавам»,– мегӯяд роҳбари мактаби номбурда Умеда Рашидова.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: