ҲАР КАС ҲАМ РАИС НАМЕШАВАД

Падари Абдусаттор – Ғаффорҷон Абдуҷабборов сардори бригадаи колхози ба номи 1 Майи ноҳияи Чустро дар ӯҳда дошт.

Барои ҳамин ҳам бачагии Абдусаттор бештар дар қитъаҳои пахтакории хоҷагӣ мегузашт. Ин вайро баробари дар меҳнат обутоб ёфтан аз синни бачагиаш барои сирру асрори деҳқониро омӯхтан ҳидоят мекард. Меҳнат кунӣ – кам намешавӣ. Ҳамаи комёбиҳо аз пайи меҳнат меояд, мегуфт падараш. Баъди хатми мактаби таълими ҳамагонии рақами 2-юми шаҳри Чуст Абдусаттор ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тошканд месупорад. Вале бахташ омад накарда, аз имтиҳонҳои қабул нагузашта ба зодгоҳаш меояд.
Чуноне ки вай бештар дар саҳро кор карда устухонаш аз меҳнат шах шуда буд, бе ҳеҷ гуна дудилагӣ роҳи идораи колхозро пеш мегирад.
– Дилгир нашав, ҳоло ту ҷавон ҳастӣ, хондан дер намешавад. Дар оянда албатта, мехонӣ, соҳиби диплом мешавӣ. Ҳозир ту барои ман чун обу ҳаво зарур, – гуфт раиси онвақтаи колхози «1 Май» Муҳаммадҷон Мирзомаҳмудов ӯро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифта.
Бо ҳамин Абдусаттор Ғафуров дар синни ҷавониаш сарварии бригадаи пахтакории ҷавонон, ки беш аз 50 нафар аъзо  дошт, ба ӯҳда гирифт. Таҷрибаи солҳои мактабхонӣ ҳосилкарда ва маслиҳатҳои муфиди аз падараш  гирифта ба ӯ кор дод. Дар боғ, токзор, полиз, пахта барин ҳама соҳаҳои кишоварзии колхоз барои рӯёнидани ҳосили фаровон заҳмат кашид. Аз ҳар гуна меҳнат худдорӣ накарда, ба дигарон намунаи ибрат мегардид.
Оре, падари Абдусаттор, ки деҳқони чашмикордони соҳибтаҷриба ва сардори бригадаи пахтакорӣ буд, на фақат Абдусатторро, балки дигар фарзандонашро низ ба деҳқонӣ дилгарм мекард. То ки онҳо касби падарро идома дода, дар оянда бо нони ҳалоли деҳқонӣ фарзандонашонро бонӣ кунанд.
Сонитар А. Ғафуров ҳангоми дар хоҷагӣ иқтисодчӣ ва зоотехник будан, дар факултаи иқтисодиёти хоҷагии қишлоқи Донишкадаи хоҷагии халқи Тошканд ғоибона таҳсил гирифта, соҳиби маълумоти олӣ мегардад.
– Аз вақте ки хоҷагии ҷамоавии «1 Май»-ро ба ӯҳда гирифтам, он вақт 35-сола будам, – гӯён он солҳоро ёд меорад Абдусаттор Ғафуров. – Падарам (рӯҳашон шод бод!) ба раисии хоҷагӣ интихоб шуданамро дониста, аввал дуо карданд. Баъд раисӣ кори чӣ қадар душвор, пурмасъулият ва пурмашаққат буданашро борҳо таъкид карданд. «Ҳалол шавӣ, ба кибру ҳаво роҳ надода, ҳама вақт байни одамон шавӣ, мудом корат пеш меравад», – мегуфтанд. Ба машварату маслиҳатҳои муфиди падарам риоя карда кор кардам.
Дар вазифаи раисии хоҷагӣ худомӯзиро сармашқи кори худ шуморида, ба одамони нек такя карда, ба дили онҳо роҳ ёфт ва ҳамчун роҳбари нек ба камол расид. Соҳаи худро пухта омӯхт. Зиёда аз бист сол дар хоҷагии ҷамоавии «Сабзазор», се сол дар хоҷагии ҷамоавии ба номи Норхӯҷаев ҳамчун раис фаъолият нишон дода, ҳатто аз заминҳои шӯр низ ҳосили фаровони пахта рӯёнид.
Дар канори деҳаи Алмос, ки аз ҳудуди хоҷагии ҷамоавии «Сабзазор» мегузашт, бо ташаббуси Абдусаттор Ғафуров барои чустиён коттеҷҳо қад рост намуданд. Қубури гази табиӣ ва об гузаронд. Барои мактабҳои таълими ҳамагонии рақами 7-ум ва 8-ум биноҳои таълимӣ бунёд кард. Бо ташаббус ва раҳнамоии ӯ Қасри санъати Чуст қад рост намуд. Барои мактабҳои таълими умумии рақами 2, 7 ошхона ва толори варзишӣ созонд. Варзишгоҳи «Пахтакор»-ро низ (ҳозира варзишгоҳи марказии «Чуст») аз  тарафи хоҷагии ҷамоавии «Сабзазор» бунёд кунонд. Дастаи футболи хоҷагӣ дар мусобиқаи гурӯҳи минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок кард. Он вақтҳо дар вилояти Намангон чунин дастаи футбол дигар набуд.
Абдусаттор Ғафуров ба депутатии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шуд. Он солҳо ба зиммаи депутатҳо вазифаҳои муҳим гузошта мешуд, ки аз онҳо на фақат ташаббускорию дурандешӣ, балки соҳиби дониши баланди сиёсӣ буданро тақозо мекард. Вай ҳамчун намояндаи Олий Маҷлис дар ноҳияи Чуст барои ободӣ ва фаровонӣ ҳисса гузошт. Аз ҷумла, бо ташаббуси ӯ барои шифохонаи шаҳри Чуст шуъбаҳои таваллуд ва бемориҳои гӯшу биниву гулӯ сохта шуданд. Дар мавзеи Боғишамол шифохонаи нави бисёрсоҳавии ноҳия қомат афрохт, ки дар бунёди он Абдусаттор Ғафуров ва сардухтур Раҳматулло Мамадалиев (рӯҳаш шод бод!) саҳми сазовори худро гузоштаанд.
Сонитар Абдусаттор Ғафуров вазифаи ҷонишини мудири филиали чустии «Намангон қишлоқхӯжаликкимё»-ро ба ӯҳда гирифт.
Соли 2007 дар вилояти Намангон Маркази миллию мадании тоҷикони вилоят таъсис гардид. Ба он роҳбарони вилоят Абдусаттор Ғафуровро ҳамчун раис таъин карданд.
Абдусаттор Ғафуров аз шаҳри Чуст барои марказ бино интихоб карда, сари вақт онро аз таъмир бароварда, бештар аз ҳисоби маблағи худ ҷиҳозонид.
– Камина аз солҳои мактабхониам адабиётро дӯст медорам. Вақтҳои холӣ бештар бо мутолиаи китоб машғул мешавам. Инчунин, худам ҳам ёддоштҳои фаъолияти меҳнатиамро ба қалам мегирам. Ёддоштҳоямро соли 1997 бо унвони «Фароштуруки сап-сафед» ба чоп ҳозир кардам, –  гуфт Абдусаттор Ғафуров.
Солҳои охир бо ташаббуси роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев ба марказҳои миллию мадании ҷумҳуриамон эътибори зиёд дода мешавад. Дар шаҳри  Намангон низ барои марказҳои миллию мадании вилояти Намангон «Хонаи дӯстӣ» барпо карда шуд. Бо саъю кӯшиши А.Ғафуров хонаҳои ба маркази миллию мадании тоҷикони вилоят пешбинишуда сари вақт аз таъмир бароварда, бо ашёҳои миллии тоҷикона ҷиҳозонида шуданд. Имрӯзҳо меҳмононе, ки ба «Хонаи дӯстӣ» ташриф меоранд, метавонанд бо маҳсулоти ҳунармандӣ, анъана ва расму оинҳои деринаи тоҷикони вилоят шинос шаванд. 
Меҳнатҳои шоёни таҳсини Абдусаттор Ғафуров аз тарафи ҳукумат баҳои муносиб гирифт. Вай ба муносибати 27-умин солгарди истиқлолияти мамлакатамон бо ордени «Дӯстлик» сарфароз гардид. Умед аст, ки раиси Маркази миллию мадании тоҷикони вилояти Намангон Абдусаттор Ғафуров бо чунин қадршиносӣ боз ҳам барои мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар кишварамон саҳми назаррас мегузорад.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: