САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ НАВ

Бо фармони Сарвари давлатамон аз соли равон дар Самарқанд Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Роҳи абрешим» ташкил ёфт.

Мо ба ҳамин муносибат бо проректори донишгоҳи навтаъсис оид ба илм ва корҳои тарбиявӣ, доктори илмҳои иқтисодиёт, профессор Баҳодур ТӮРАЕВ суҳбат оростем.
– Президент  Шавкат Мирзиёев ҳангоми баромади худ дар ҷамъомади 19-уми Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 8-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин ба вуқӯъ пайваст, таъкид кард, ки дар Самарқанд Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Роҳи абрешим» ташкил меёбад, – гуфт Баҳодур Ҳотамович. – Боиси хурсандист, ки имсол 1225 нафар довталаб барои дохилшавӣ ҳуҷҷат супурда, пас аз гузаронидани санҷишҳои тестӣ 125 нафар қабул гардиданд.
– Сабаби маҳз дар Самарқанд ташкил гардидани чунин донишгоҳи бонуфуз дар чист?
– Шаҳри мо таърихи қариб сеҳазорсола дошта, бо осорхонаҳои нотакрор, табиати зебо, шароити мусоиду мардуми меҳмоннавози худ маълуму машҳур аст. Ғайр аз он, ҳар сол аз тамоми дунё ҳазорон нафар сайёҳони хориҷиву маҳаллӣ ташриф мефармоянд. Хизматрасонӣ ба онҳо яке аз вазифаҳои пуршарафи хатмкунандагони донишгоҳи мо хоҳад шуд.
– Асосҳои фаъолияти донишгоҳро чӣ ташкил мекунад?
– Самтҳои асосии фаъолияти моро бо роҳи истифода аз технологияи замонавии инноватсионӣ, илмӣ-педагогӣ ва истифодаи дастовардҳои навтарини фан ва техника дар соҳаи туризм омода кардани кадрҳои соҳибтаҷрибаи касбӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи муассисаҳои таълими хориҷии пешсаф дар соҳаи сайёҳӣ, такмилдиҳии сохтори омодасозии кадрҳо ба соҳаи туризм, коркарди барномаҳои таълимии нав ва шаклҳои инноватсионии хониши ба модернизатсия нигаронидашуда ва дар амал ҷорӣ намудани онҳо, барои таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантураи муассисаҳои таълими олӣ ва марказҳои тадқиқоти илмии хориҷӣ мунтазам фиристодани хатмкунандагони ҷавони ояндадор, муҳайё кардани шароит барои интегратсияи узвии фаъолияти таълимиву илмӣ бо фаъолияти истеҳсолӣ, дар ҳамкории муассисаҳои таълимии пешсафи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ, инчунин, марказҳои тадқиқоти илмӣ доир ба масъалаҳои муҳими соҳаи туризм гузаронидани анҷуманҳои байналхалқии илмиву амалӣ, семинар ва симпозиумҳо ташкил мекунад.
– Дар донишгоҳ таҳсил ба кадом забонҳо ба роҳ монда мешавад?
– Таҳсил ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ сурат гирифта, дар зинаи бакалавр забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ ва чинӣ омӯхта мешавад. Пас аз 4 соли хониш хатмкунандагон дипломи ҷавобгӯи талаботи байналхалқӣ мегиранд.
– Оё шаҳрвандони хориҷӣ ҳам метавонанд донишҷӯи ин донишгоҳ гарданд?
– Албатта. Онҳоро зарур аст, ки барои таҳсил маблағ супоранд. Бо роҳи суҳбат қабул карда мешаванд.
– Бинои донишгоҳи нав дар куҷо ҷойгир аст?
– Аз соли хониши нав дар иншооти собиқ литсейи академии назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил оғоз ёфт. Бояд гуфт, ки китобхона, ошхона, толори варзишӣ, меҳмонхона дар ихтиёри толибилмон хоҳад буд.
– Нақшаҳои ояндаи маъмурияти донишгоҳ?
– Аз рӯйи рейтинги байналхалқӣ дар дунё 959-то беҳтарин мактабҳои олӣ ба қайд гирифта шудаанд. Мақсади мо дар ин рӯихат ҷойи муносибро ишғол намудан мебошад.
– Таманнои шумо ба донишҷӯён?
– «Ба дониш бувад мардро обрӯй» гуфтаанд. Модоме ки аз илм қавитар сипар нест ва он қулфкушои ҳама дарҳост, бояд ба панду насиҳати бузургон амал карда, дониш талабему бузургӣ омӯзем. Раҳматии қиблагоҳам Ҳотам Тӯраев ба ҳайси доктори илмҳои математика дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд дарс медоданд, байти зеринро тез-тез такрор мекарданд:
Гирди номи падар чӣ мегардӣ,
Падари хеш шав, агар мардӣ!
Бинобар ҳамин ҳар яки мо бояд пайроҳаи худро пайдо карда, бо мақсади наҷиб ба халқу Ватан хизмати шоиста кунем.

Мусоҳиб
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: