РОҲИ ДАРОЗИ АРМОН

Гулчеҳра Сотиболдиева соли 1964 дар ноҳияи Рӯдакии вилояти Суғди Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қандил Ҷӯраевро хатм кардааст. Алҳол дар рӯзномаи «Халқ овози»-и Тоҷикистон ба ҳайси хабарнигор фаъолият дорад. Маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ таҳти унвони «Беш кунлик дунё» рӯи чопро дидааст.
Барф дар фурсати кӯтоҳ ҳама ҷоро сап-сафед пӯшонд. Ҳаво беғубор буд, барфи то зонурасида чашми касро мерабуд.
Ирода доимо худро хушбахт меҳисобид. Аз ҳеҷ чиз камӣ надошт. Ба хонаю дар, зиндагӣ, ба ҳаёти якҷояи ӯ бо фарзанду шавҳар, хушдоману падарарӯс ҳаваси кас меомад. Ирода ҷавонзани зебо, хушқомат, лобар буд. Аммо вақтҳои охир ба зиндагии осудаи ӯ чашм расид.
Ирода бо ду нафар фарзандаш ба хонаи падар ба меҳмонӣ рафт. Муддати меҳмонӣ ба охир расида бошад ҳам, тараддуди рафтан намекард. Ин ҳолро дида модараш пурсид:
– Ҳа, духтарам, майли ба хонаат рафтан надорӣ? Тинҷӣ аст? Ё бо ягон хафагарӣ омадӣ? Чӣ гап?
– Гашта намеравам. Ҳамааш ба ҷонам расид, ҷудо мешавам, – бо эркагӣ гуфт ӯ.
– Барои чӣ? Сабаб?
– Сабаб бисёр. Домодатон бисёртар пул ёбам намегӯяд. Ёфтааш аз рӯзгор зиёдатӣ намекунад. Марди хона бояд ҳамакора бошад.
– Духтарам,– гуфт модараш,– чиҳо мегӯӣ? Дар мо ибораи «ҷудо мешавам»-ро ба даҳон намегиранд, ин фикру андешаро, ки ба шаъни мо доғ меоварад, аз сарат дур кун. Маротибаи дуюм шавҳар карданро ҳеҷ гоҳ ба хотир набиёр, гуноҳи азим аст. Падарарӯсу хушдоманат инсонҳои хуб. Шавҳарат наменӯшад, намекашад, туро озор намедиҳад, ба будааш шукр кардан лозим. Гапҳои бемазаатро дигар нашунавам. Ҷудо мешавам гӯӣ, гӯшам кар, забонам гунг, фаҳмо?
Бо насиҳатҳои модари зор Ирода ба хонаи шавҳар баргашт.
Ӯ ҳар рӯз ба шавҳараш такрор мекард, ки ба Русия рафта кор кунад. Онҳо ҳам мехоҳанд дар қатори дигарон ҳаёти хуб гузаронанд.
Умарҷон аз ин машмашаи ҳаррӯза безор шуд ва оқибат бо ҳамроҳии дӯсташ роҳи Русияро пеш гирифт...
Хуб шуд, ки Умарҷон ба гапи занаш розӣ шуд. Кораш омад кард, дар муддати кӯтоҳ ба оилааш пули бисёре роҳӣ кард. Орзуву ниятҳои Ирода оҳиста-оҳиста ҷомаи амал пӯшиданд, соҳиби иморату мол гардид. 
Аммо ин дер напоид. Умарҷон якбора бедарак шуд. Хӯроки падару модар ва Ирода ба заҳр табдил ёфт. Шабу рӯз ба тақ-тақи дарвоза интизор шуда менишастанд. Роҳпоӣ душвор буд. Модари зор гиря мекард. «Илоҳо, сиҳат-саломат баргардад», дуо мекард ӯ.
Падари Умарҷон ба доду фарёд ва интизориҳои оила тоқат накарда, ду маротиба ба ҷустуҷӯйи писараш ба Русия рафт. «Ноумед – шайтон» гуфтаанд.
Бо «КамАЗ» бор кашондани Умарҷонро медонистаанду ҷои зисти ӯро ҳеч кас намедонистааст.
Ирода шабҳоро бедор гузаронда, изтироб мекашид. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Нимта нон, роҳати ҷон». Кошкӣ зинда бошаду аз дар дарояд. Барои ман ҳамин бас аст, мегуфт ӯ.
Ҳар касе, ки аз Русия меомад, аҳли оила Умарҷонро мепурсид. Дилсиёҳӣ, озурдагӣ, ғаму ғусса торафт онҳоро хароб мекард.
– Писарам, зинда бошӣ, дидоратро бинам дигар армонам нест. Туро Офаридгор аз балою қазо нигоҳ дорад,– оҳ мекашид модар ва оқибат ба бемории дил гирифтор шуд. Дунё барои ӯ танг гардид. Падараш низ шабу рӯз оҳу нола мекард.
Ирода бо ашкҳои шашқатор мегуфт:
– Дар сари як пиёла чой ба тарбияи фарзандон, бахту иқбол ва ояндаи онҳоро фикр кардан фурсат наёфтем. Ҳазор афсус, ки бахтро дар пулу мол, боигарӣ донистаам. Кошкӣ дар наздам бошию ташвишу бори зиндагиро якҷоя кашем. Туро ёд кардам, чашмонам ба роҳат чор, молу дунё лозим нест, фақат дар сарам ту бошӣ бас. Чаро беному нишон шудӣ, одам сӯзан нест, ки ба чоҳ партоӣ гум шавад...
Рангу рӯи Ирода торафт зард, хаёлпарешон ва лоғар мешуд. Ба ҳоли ӯ раҳми хушдоману падарарӯс меомад. 
Вақт ҳаками олӣ. Солҳо гузаштанд. Оҳиста-оҳиста ғамҳо дур шуданд. Ҳаракат карданд, ки Умарҷонро фаромӯш кунанд.
Рӯзе хушдоману падарарӯс Иродаро ба назди худ ҷеғ зада гуфтанд:
– Духтарам, танҳоӣ ба Офаридгор хос аст. То кай бо изтиробу алам ӯро интизор мешавӣ? Фарзандонатро ба мо монда шавҳар кун, бахтатро ёб. Агар Умарҷон зинда мебуд, меомад ё як порча мактуб мефиристод. Суханҳои мо – куҳансолонро ба замин нагузор. Аз ту ҳазорҳо миннатдорем.
Дарду алами Ирода зиёда гардид. Чӣ бало, аз хонаи худам меронанд? Даркор бошад, то охири умр роҳи ӯро мепоям. Ба ҳаққи фарзандонам, меҳру муҳаббатам ӯро интизор мешавам, мегуфт ӯ.
Ҳолдонҳо Иродаро ба мобайн гирифтанд, фаҳмонданд, ки солҳои ҷанг низ «хати сиёҳ» омада, аз бедарак шудани ҷанговар дарак медод. Ҳоло ту ҷавон ҳастӣ, рӯзатро бо ғаму ғусса нагузарон. Умри инсон мисли бод мегузарад.
Ниҳоят, Иродаро ба ҷавони ҳамсоя, ки занаш вафот карда буд, ба шавҳар доданд...
***
Шаб. Ҳама дар хоби роҳат буд. Касе худро «гуппӣ» карда аз девор ба ҳавлӣ партофт. Падару модар тахмин карданд, ки дузд даромадааст. Дар рӯ ба рӯи худ Умарҷонро дида, ҳуш аз сарашон парид...
– Вой, писарҷонам, ба чашмонам бовар намекунам. Хайрият зинда будаӣ. Ба Худо шукр! – мегуфтанд онҳо. Аз садои баланд ҳамсояҳо ҳам огоҳ шуданд. Дар ҳавлии ҳамсоя Ирода низ ҷои нишаст намеёфт...
Умарҷон ҳамаашро фаҳмид. Аввало худро айбдор кард, ки бедарак шуд, ба доми нохалафҳо афтид.
– Оҳ, ин чӣ хел ҷазо? Душвориҳои солҳои муҳоҷират барои ман бас набуд, ки аз Ирода низ ҷудо шудам. Ирода, Ирода, сабр накардаӣ, маро зинда гӯр кардӣ. Ҷудоӣ вуҷудамро пора-пора кард...
Ва ба падару модар рӯ оварда «шумоёнро дидам, акнун дар ин ҷо зиндагӣ барои ман бегона» гуфту аз назарҳо ғоиб шуд.
Қаҳрамонҳои ҳикояи мо ба хатоҳои нобахшиданӣ роҳ дода буданд. Афсус, барои ислоҳи онҳо дер шуда буд...

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи
С. БЕКНАЗАРОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: