Ташаббус

НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ ҲУНАРУ МЕҲНАТ БАРГУЗОР ШУД

Тайи чандин сол аст, ки ба таври анъанавӣ барои дарёфти мукофоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни «Ташаббус» гузаронида мешавад. Дар озмун беҳтарин намунаҳои ҳунарии ҳунармандон, маҳсулоти беҳтарини косибон ва соҳибкорон ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Дар театри мусиқӣ-драмавии вилояти Ҷиззах марҳилаи шаҳрии озмуни номбурда баргузор гардид. Дар он ҳунарманд Севара Шомирзоева намунаҳои ҳунарии худро намоиш дод. Ҳозирон маҳсулоти нассоҷии соҳибкори ҷавон Дилшод Ҳасановро низ бо майли тамом аз назар гузаронданд. Ӯ дар марҳилаи шаҳрии озмун аз рӯйи раванди «Соҳибкори ҷавон» ҷойи аввалро гирифт.


Ҳамкорӣ

ҚАРОРДОДИ ШАҲРСОЗӢ

Бо ташаббуси Оҷонсии миллии идоракунии лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳокимияти вилояти Ҷиззах ва Вазорати инфрасохтори замин ва нақлиёти Куриёи Ҷанубӣ оид ба дар ояндаи наздик тарҳи шаҳри Ҷиззах ва умуман, дар ҳудуди вилоят тибқи лоиҳаҳои намунавӣ бунёд намудани шаҳру қишлоқҳо меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Коршиносони куриёӣ изҳори қаноатмандӣ карданд, ки дар ҳудуди вилоят имкониятҳои фаровони сайёҳӣ ва иқтисодӣ мавҷуд аст. Ин тақозо менамояд, ки шаҳрҳо дар асоси лоиҳаи шаҳрсозӣ равнақ ёбанд. Аз ин ҳамкорӣ хушнудем ва таҷрибаи худро дар ин қабил корҳо истифода мебарем.

А. НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: