НИЯТЕ, КИ АМАЛӢ ГАРДИД

Айёми ҷавонӣ кас орзу мекунад соҳиби касбе шуда ба мардум ва Ватани худ хидмат кунад.

Мутаассифона, на ҳама ба орзуи худ мерасаду ин нияти некаш амалӣ мешавад. Шифокор касест, ки барои баровардани ҳоҷати мардум ва ё беҳтар шудани вазъи саломатии онҳо хидмати худро дареғ намедорад. Малика Абдуҳамидова шифокорест, ки ҳамеша мекӯшад ба беморон ёрӣ расонад, дардашонро даво кунад. Малика, ки аслан зодаи шаҳри Истаравшани Тоҷикистон аст, соли 1999 пас аз хатми Донишгоҳи тиббии Хуҷанд ва издивоҷ бо ҳамсабақи худ Фарҳод Ибодуллоев ба ноҳияи Бӯка омад. Вай тӯли солҳои зиёд дар шуъбаи таваллудхонаи иттиҳодияи тиббии ноҳия ҳамчун шифокор-неанотолог фаъолият дорад, аз модарони ҷавон кӯмак ва маслиҳатҳои худро дареғ намедорад. Фарҳод бошад, дар шуъбаи ёрии таъҷилии тиббии ноҳия кор мекунад. Чанде қабл овозаи ба фаъолият шурӯъ намудани поликлиникаи оилавии «Авитсенна-шифо», ки бо ташаббуси шифокорон Фарҳод Ибодуллоев ва Малика Абдуҳамидова бунёд гардида, ба истифода супурда шуд, дар мавзеи Қарабоғи ноҳия паҳн гардид. Аз ин хабари хуш наздикону хешовандон ва мардуми ноҳия хурсанд шуданд...
– Аз диққату эътибори махсус, ки солҳои охир аз ҷониби Президент ва ҳукумати кишвар ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дода мешавад, мо–шифокорон хеле хурсандем. Чандин сол боз ният доштем дар ҳавлии худ поликлиникаи оилавӣ кушоем. Пас аз иҷозати ҳукумат бобати фаъолияти марказҳои хусусии тиббӣ ва поликлиникаҳои оилавӣ нияти мо амалӣ гардид, – мегӯяд шифокор-физиотерапевт Малика Абдуҳамидова. – Инак корхонаи шахсии мо бинобар тамоюли физиотерапӣ фаъолият мебарад. Алҳол ба мо беморони гуногун муроҷиат мекунанд. Вазифаи асосиамон пешгирӣ намудани бемориҳо мебошад. Мо асосан касалиҳои бачагонаро табобат мекунем. Ба ногироҳо, бемороне, ки ба дарди сар, пой ва миён гирифторанд, кӯмакҳои тиббӣ мерасонем. Ба онҳое, ки барои масҳ, қабули нур ва эфк меоянд, хидмат мекунем. Алъон бо се таҷҳизоти тиббӣ кор мебарем.  
Дар поликлиникаи оилавии «Авитсенна-шифо» ҳамроҳи шифокорон Фарҳод Ибодуллоев ва Малика Абдуҳамидова се нафар ҳамшира низ ба беморон кӯмаки тиббӣ мерасонанд. Бемороне, ки ба ин ҷо меоянд, аз хидмати тиббӣ ва маслиҳати эшон хурсанд гардида, миннатдории худро иброз медоранд. 
Боиси қайд аст, ки ин маскани табобат дорои панҷ хонаи замонавӣ буда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар ин ҷо, ки 12 кат мавҷуд аст, беморон метавонанд рӯзона муолиҷа гиранд ва вазъи саломатиашонро беҳтар созанд. 

Меҳровари ҚОДИР,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: