«БАҲОДУРИ ТОҶИК» САДСОЛА ШУД

Толори мактаби миёнаи рақами 14-и ноҳияи Сӯх аз ҳарвақта дида муҷаҳҳазу бошукӯҳ буд.

Дар пешрӯйи саҳна акси калони қаҳрамонписари тоҷик Тешабой Одиловро овехта буданд, ки сари синаашро ордену медалҳои зиёд оро медоданд. Дар ҷойи дигар ордену медалҳои ҷангиву меҳнатии вайро  қатор чида буданд. Поёнтар аз он аксҳое гузошта шудаанд, ки  лаҳзаҳои ҷангии Тешабой Одиловро мунъакис кардаанд. Аксҳои даромадгоҳи толор давраҳои мухталифи фаъолияти Тешабой Одилов, мулоқотҳо бо ҳамяроқон ва ҳамдиёронро инъикос менамуданд.
Қабл аз ифтитоҳи маросими садсолагии «Баҳодури тоҷик» сафи меҳмонон  ва мизбонон ба пояи муҷассамаи ӯ гулчанбарҳои зебо ва гулдастаҳои тару тоза гузоштанд ва  барояш сари таъзим поин оварданд. Баъд мадҳияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод. 
Ҳокими ноҳия Фаррух Ӯсаров зимни сухани муқаддимавӣ гуфт, ки дар бораи ин марди ҷасуру қаҳрамон борҳо шунидааст ва акнун иштирок дар чунин ҷашнвораи бошукӯҳ барояш  саодати бузург мебошад. Ба таъкиди ӯ маҳз далериву шуҷоати чунин мардони далер буд, ки фашистон шармандавор шикаст хӯрданд ва мардуми зиёд аз юғи фашистон озод гардиданд. 
– Агар қаҳрамони афсонавӣ Тешабой Одилов дар қайди ҳаёт мебуд, садсола мешуд. Вай аз зумраи он далерони Ватан муаррифӣ шудааст, ки дар ҷанги зидди фашистони немис қаҳрамониҳои бемислу монанд, ҷасорати беҳамто нишон додааст. Наслҳои наврас бояд бо чунин ҳамдиёри фарзонаи худ ифтихор кунанд, ба хотираи вай  ҳамеша арҷ гузоранд ва номи некашро  доим вирди забон кунанд, – изҳор намуд Фаррух Ӯсаров.
– Вақти таҳсил дар мактаби миёна Тешабой Одилов борҳо ба мактабамон омадаву меҳмон  шудаанд. Фазилатҳои беҳтарини хоксориро ман аз он кас омӯхтаам. Дар рафтору гуфтори Тешабой Одилов ғурур ва суханпардозиҳои бемаънӣ аслан мушоҳида намешуданд. Бо тамкини хос дар бораи хотираҳои ҷангиашон нақл мекарданд. Ҳамин манзара ҳамеша пеши чашмонам ҷилвагаранд. Бо ин матонату қаҳрамонӣ он кас хеле хоксор низ буданд. Дарвоқеъ, хоксорӣ аз ин беш намешавад! – гуфт собиқадори меҳнат Баҳодурҷон Обидҷонов.
Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саврорҷон Эназаров изҳор намуд, ки мардуми Сӯхзамин бо қаҳрамонони худ – Тешабой Одилов ва Амиралӣ Саидбеков то зиндагӣ давом дорад, ифтихор хоҳанд кард.
– Ман солҳои зиёд аз забону адабиёти тоҷик дарс додаам. Хеле хушбахтам, ки гаштаву баргашта ва аз як синф ба синфи дигар шеъру достонҳои дар ҳаққи ин қаҳрамонписар навиштаи адибони гуногунро тарғибу ташвиқ намудаам, мазмун ва моҳияти онҳоро фаҳмонида додаам. Ноҳияи  моро маҳз қаҳрамонони беҳамто Тешабой Одилов ва Амиралӣ Саидбеков бо ҷасорату мардонагӣ шаъну шараф бахшидаанд, – гуфт Саврорҷон Эназаров. – Нуктаи дигар низ боиси қайд мебошад. Дар бобати тавсифи адибон нисбати қаҳрамонони ҷанги дуюми ҷаҳон  Тешабой дар қатори аввалин қаҳрамонҳои ин ҷанг меистад. Ана ҳамин нукта  боиси ифтихору ғурури ҳар як  фарди солимфикру ватанпарасти мо  ва тамоми мардуми кишвар бояд қарор гирад.
– Қаҳрамонии бемислу монанди ҳамдиёрамон Тешабой Одилов бофтаҳои хаёливу афсона нестанд. Ба хок яксон кардани тӯдаи фашистон ва гирифтани номи «Мергани уқобчашм», «Шайтони сурх» ва амсоли он маҳз ба он далел сурат гирифтааст, ки дар набардҳо Тешабой Одилов ҷасорати беназир нишон додааст ва ин ҷасорат қобили эътирофи умум қарор гирифтааст. Вай нишон дода тавонист, ки одам Ватанро чӣ тавр бояд дӯст дорад, – мегӯяд мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия Амирҷон Темиров.
Ин ҷо зикри тарҷумаи  ҳоли мухтасари «Баҳодури тоҷик»-ро лозим мешуморам. Вай соли 1918 дар деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх дида ба олами ҳастӣ кушодааст. То вақти даъват ба хидмати ҳарбӣ, яъне то соли 1939 дар мактаби деҳа омӯзгорӣ кардааст. Ҳанӯз хидмати аскарии вай ба охир нарасида, ҷанг оғоз ёфтааст. Дар қиссаҳои ҷангии Тешабой Одилов қайд шудааст, ки моҳи сентябри соли 1941 немисҳо ишғоли шаҳри Ленинградро шурӯъ намудаанд. Ҳамон вақт ин шаҳр дар муҳосира қарор доштааст ва вазифаи асосии ҷанговарон аз муҳосираи фашистон озод кардани шаҳри Ленинград будааст. Дивизияи 115-уми тирандоз, ки дар он Тешабой Одилов хидмат мекардааст, дар соҳили дарёи Нева маскан гузидааст. Дар муҳорибаҳои шадиде, ки чилу ҳашт шабонарӯз баҳри аз муҳосира баровардани ин шаҳр давом кардааст ва ба номи «Невская пятачок» машҳур гаштааст, Тешабой Одилов бошиддати том ҷангидааст. Аз тири нишонгири вай даҳҳо фашист аз по афтидаву замин газидаанд, дигарон рӯ ба гурез ниҳодаанд. Ҷамъи теъдоди ба хок яксоншудаи фашистон 114 нафар қайд шудааст, аммо ин рақам шояд бештар бошад. Барои қаҳрамониҳои бемислу монанд Тешабой Одилов бо ордену медалҳои зиёди ҷангӣ сарфароз гардидааст. Баъди итмоми ҷанг ба зодгоҳаш – деҳаи Ҳушёр баргашта, дар соҳаҳои гуногун фаъолият намудааст. 
Дар бораи шуҷоати Тешабой Одилови  шерафкан адибони маъруф Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Суҳайли Ҷавҳаризода, Мухаммадҷон Раҳимӣ, Муҳиддин Аминзода, Мирсаид Миршакар, Собир Султон, ҳамчунин  адибони маъруф Ойбек, Николай Тихонов, Александр Гитович, Павел Лукнитский  ва бештар аз бист нафар мақолаҳои публитсистӣ, қиссаҳои ҳуҷҷатӣ, шеъру достон ва повестҳо  навиштаанд. 
Ҳоло боз ба баррасии маросими ҷашн идома медиҳем. Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Поён Илёсҷон Олимов, директори мактаби рақами 14 Садриддин Абдураҳмонов, омӯзгорон Наргис Ҳакимова, Нафиса Зокирова ва дигарон аз фаъолиятҳои ҷангӣ ва меҳнатии Тешабой Одилов,  лаҳзаҳои мулоқот бо вай  хотиррасон шуданд. 
Баъд навбат ба гурӯҳи донишомӯзони мактабҳои рақами 13 ва 14 расид. Онҳо намоишномаҳои адабӣ-мусиқии худро намоиш доданд. Дар ҷараёни  он донишомӯзон аз осори адибони тоҷик, ӯзбек, рус, белорус ва украин шеърҳо ва порчаҳо аз достонҳоро манзури ҳозирин гардониданд ва дар иштирокчиёни ҷашн таассуроти хеле амиқ боқӣ гузоштанд.
– Мо наздики бист рӯз ба ин ҷашн омодагӣ гирифтем. То такмили намоишномаҳо ҷиҳати пурмазмун баромадани муҳтавои он ва саҳначаҳо аз собиқадорони меҳнат Бегалӣ Болтаев, Ёқубҷон Зарипов, Мирзоамин Умаров, Мирзоносир Абулҳаев, Сайрамхон Болтаева, фарзанди Тешабой Одилов – Одилҷон Тешабоев, Қодирҷон Амирбеков ва дигарон машварату маслиҳат пурсидем, – гуфт бо ҳаяҷон муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 14 Зарифҷон Ботиров.
Дар поёни ҷашни садсолагии фарзанди барӯманди диёр Тешабой Одилов фарзандону пайвандони вай ба гурӯҳи тадорукотии ҷашн, ҳокимияти ноҳия, шӯъбаи таълими халқ  ва маъмурияти мактабҳои рақами 13 ва 14 ибрози ташаккур намуданд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Фарғона.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: