ДӮСТИ ҚИЁМАТӢ

Муаллими мактаб Ашӯралӣ Мухторалиев, ки аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба Тошканд омад, болидатабъ ба назар мерасид.

– Дар ҷашни таваллуди дӯстам Мурод ҳозир будам, – гуфт вай «дӯстам»-ро алоҳида таъкидкунон. Ашӯралиака дар бораи таърихи ҳамин дӯстӣ ва кӣ будани дӯсташ батафсил сухан гуфтанро афзал донист.
– Соли 1974 мактаби рақами аввали ноҳияи Сӯх воқеъ дар деҳаи Ровонро ба охир расонда, ба факултаи математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Фарғона ҳуҷҷат супурдам. Имтиҳоноти қабулро бомуваффақият супурда, донишҷӯ шудам. Бинобар тоҷикзабонӣ ба ӯзбекӣ душворӣ мекашидам. Бо сакта ва душворӣ ҳарфзаниам диққати ҳамаро ҷалб мекард. Гоҳо зери обу арақ монда, дар вазъи ногувор, чӣ кор кардани худро намедонистам.
Рӯзе бо табассуми таскиномез: – Ҳамааш хуб мешавад, – гуфт ҳамсабақи бухороиам Мурод. – Ин дер давом намекунад, дӯстам. Ҳа нагуфта аз ман хуб ӯзбекидон мешавӣ.
Аз «дӯстам» гуфтанаш ҳисси ҳузурбахш дар қалб ҳис карда:
– «Дӯстам бошӣ, паҳлӯям бош», – гуфтам бо лабханди маънидор. Он вақтҳо ин суруди Шералӣ Ҷӯраев хеле машҳур буд.
Ҳамин тавр, дар забономӯзӣ, паҳлӯям истода, Мурод бароям «устодӣ» намуд. Дар назди кафедра ба саволҳои устодон ҷавоб мегардонам ва нигоҳам сӯи Мурод. Аз он ки ӯ рӯбарӯям, нерӯе дар вуҷуди худ ҳискунон ба ҷуръатнок ҳарф задан ҳаракат менамоям.
Гӯё ҳамсабақ не, муаллими мо буд Мурод. Дар дӯст шуданамон бо адабиётҳои гуногун, роҳ ёфтан ба дили инсонҳо ӯ раҳнамоямон.
Донишҷӯӣ – давраи тиллоӣ. Чаҳор сол якҷо давраи тиллоиро гузарондем. Соатҳои беғубор ва пур аз шавқу шодии ҷавониамон ҳамроҳ гузашт. Дамҳои ғамнок ва ташвишомез низ кам набуданд. Ҳамеша, дар ҳар гуна вазъият, ҳамроҳ будем.
Ҳамсабақи мо Муродҷон Баракаев бо хоксорӣ ва бурдборӣ эътибори ҳамаро мекашид, дар вазъҳое ҳам, ки аҳволи худаш хуб не, ҳаракат дошт кӯмак аз касе дареғ надорад. Ҷавони аз ҳама меҳнаткаш дар гурӯҳ ҳам – Мурод. Шояд донишҷӯе нест, ки аз тангдастии иқтисодӣ азият надида бошад. Кор ҷуста, ба «бозори сиёҳ» мерафтем. Ғайрати Мурод ҷӯш мезад. Аз ҳамаамон бисёр кор кунад ва арақи ҷабин резад ҳам, музди меҳнатро баробар тақсим менамуд. Шиораш – баробарию бародарӣ. Саховати қалб, кушодадилии ба худ хос дошт дӯсти азизи мо.
Ба қавле «ҳамту дӯст» не, дӯсти қиёматӣ шудем бо Мурод.
Соли 1978 донишгоҳро хатм кардем. Мурод ба пойтахт рӯй овард ва дар ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Низомӣ ҳамчун муаллим ба фаъолият сар кард. Ман ба зодгоҳ баргашта, дар дабистоне, ки як вақтҳо хондаам, муаллими математика шудам. Шукри бисёр, ки риштаҳо канда нашуданд. Мурод бо аъзои оилааш ба хонаамон ояд, аз ҳама бештар, падари раҳматиам хурсанд шуда мегуфтанд: «Ба рӯи дӯстҳои ҳақиқӣ ва қиёматӣ дарҳои ҷаннат кушода!»
Вақт – дарёи равон. Аз «давраи тиллоии мо» низ чиҳил сол гузаштааст...
Мурод дӯстони ҷавониро ба Тошканд, ба вохӯрии ҳамсабақон даъват намуд – дар ҳамоии қадрдонҳои дерин ташаббус нишон дод. Омадем, сӣ нафар. Канӣ қалбамро пояндоз созам, гуфт дӯсти мо бағал кушода. Ӯ дарёдилии худ дигарбора исбот намуд. Гирди дастархони шоҳона нишаста, лаҳзаҳои беғубор ва афсонамонанд дар даври донишҷӯиро ёд овардем, ба ҷавонӣ саёҳат намудем. Мавзӯи дигаргунсозиҳо дар соҳаи таълим, албатта, фаромӯш нашуд. Муаллим куҷое равад, «ташвиши мактаб»-ро бо худ намебарад? Аз қувват ёфтани эътибор ба мактаб ва муаллим, умуман, соҳаи таълим қалбҳо лабрези нишот.
Дар давра зиёиён менишастанд. Аз ҳарфҳои онҳо пайдост, номзади илмҳои педагогӣ, мутахассиси пешбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи Низомӣ Мурод Баракаев дар маскани таълими олии мазкур нуфузи алоҳида дорад. Тӯли чаҳор-панҷ соли охир «Методикаи таълими математика», «Амалиёти малакавӣ», «Дар шароити ҷаҳонишавӣ технологияҳои омӯзиши фанни математика», «Дар сохтори таълими паиҳам амалиёт ва методикаи технологияи таълими модулҳо», «Лоиҳаҳои технологии методикаи таълими математика» барин якчанд дастуруламали таълимиаш ба табъ расидаанд. Бештар аз 200 мақолаи илмӣ-методӣ ва тезисҳояш, ки дар маҷмӯа ва маҷаллаҳои илмӣ чоп шудаанд, аз ҷониби ҳамкасбонаш хуб истиқбол гардидаанд. Сухани қалб, меҳрномаҳои дӯстон, ҳамкорон ва шогирдон ба шарафи 60-солагии ӯро маҷмӯае фаро гирифтааст. Ба Ифтихорномаи Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус тақдиронида шудааст. Ӯро бо чунин комёбиҳо ва ҷашнаш сидқан муборакбод намудем.
Дарвозаи Мурод чун қалбаш ба рӯи мо ҳамеша боз аст – манзили ӯ дар шаҳри Тошканд бароямон хонаи умед. Дарашро кушоям, аҳли хонадон мисле каси азизашон омада, бо чеҳраи кушод пешвоз мегиранд. Ба фарзандонаш «тағо», ба наберагонаш «бобо»-ям. Ҳамсараш Бозоргул зани саранҷому саришта. Шиори ҳаётии зану шавҳар «Некӣ куну ба дарё андоз». Ёрони мувофиқро гӯё «фарзандони накӯӣ» наздиктар сохтаанд. Онҳо чаҳор писар ва як духтарро тарбия ва ба воя расондаанд. Муносибатҳои самимона дар оиларо дида, ба воқеан саодати бузург будани якдигарфаҳмӣ имон меоваред. Аз чун Мурод дӯсти қиёматӣ доштанам мамнунам. Дур аз якдигар зиндагӣ кунем ҳам, гӯё бо ҳамем, – гуфт Ашӯралиака дар фуроварди сухан.
Фикр кардам, ба ин чизе илова кардан ҳоҷат нест.

Ш. МУҲАММАД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: