ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САФИРИ ИМА ОИД БА СУПОРИШҲОИ МАХСУС ДАР СОҲАИ ОЗОДИИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ДИНИРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 сентябр сафири ИМА оид ба супоришҳои махсус дар соҳаи озодии байналхалқии динӣ Самуэл Браунбэкро, ки дар мамлакатамон бо боздиди расмӣ қарор дорад, пазируфт.

Сарвари давлатамон меҳмонро хайрамақдам гуфта, пайваста мустаҳкам гардидани ҳамкории ҳамаҷонибаи байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо қаноатмандӣ таъкид намуд.
Ба натиҷаҳои музокироти дараҷаи олӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Вашингтон ба амал омада, дар шарикии стратегии Ӯзбекистону Амрико давраи навро оғоз намуд, баҳои баланд дода шуд.
Қайд гардид, ки Ӯзбекистон ба рушди мулоқоти конструктивӣ дар соҳаи «ченаки инсонӣ», аз он ҷумла, таъмин кардани озодии динӣ ва ризоияти байнидинӣ аҳамияти муҳим медиҳад. Чи хеле ки Президенти мамлакатамон таъкид намуд, сиёсати Ӯзбекистон дар соҳаи дин аз фароҳам овардани шароитҳои баробар барои намояндагони ҳамаи конфессияҳо асос мегирад.
Дар доираи татбиқи Стратегияи рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар куллан такмил додани фаъолият дар соҳаи диниву маърифатӣ чораҳои дақиқ  андешида шудаанд.
Бино бар нигоҳ доштан ва ғанӣ гардондани асосҳои маънавию ахлоқии тинати халқамон – мисли кушодадилӣ, меҳру оқибат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, саъю кӯшиш ба дониш, инчунин эҳтиёткорона муҳофизат намудани мероси маданӣ, ки ба амалиёти динӣ алоқадор мебошанд, корҳои бузург амалӣ гардонда мешаванд.
Дар мамлакатамон ба масалаи то ҷомеаи васеъ расондани моҳияти ҳақиқии инсонпарваронаи ислом эътибори алоҳида дода мешавад. Маркази тамаддуни исломӣ, Академияи исломии Ӯзбекистон, Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии ба номи Имом Бухорӣ ташкил карда шудаанд.
Ӯзбекистон ташаббуси қабул кардани резолютсияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ «Кушодадилии маърифатӣ ва динӣ»-ро пеш гузошт, ки ба таъмин кардани имконияти таълимгирӣ барои ҳама, мустаҳкам кардани кушодадилӣ ва эҳтироми тарафайн, ҳифзи озодии виҷдон, эътиқод ва ҳуқуқҳои дигари диндорон нигаронда шудааст.
Самуэл Браунбэк ба роҳбари давлатамон барои пазироии самимӣ миннатдорӣ изҳор намуда, таъкид кард, ки ҷониби Амрико дигаргунсозиҳои васеъмиқёси Ӯзбекистонро дастгирӣ менамояд.
Пешрафти мамлакатамон дар ҷиҳати таъмин кардани озодии динӣ ва ҳуқуқи инсон алоҳида таъкид гардид.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ба васеъ гардондани ҳамкории серҷанбаи Ӯзбекистону Амрико, аз он ҷумла, дар масъалаҳои мустаҳкам кардани институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, таъмин кардани кушодадилӣ ва ризоияти байнидинӣ дар мамлакатамон омода мебошанд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: