ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШДРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 сентябр президенти Бонки исломии рушд Бандар Ҳаҷарро, ки ба мамлакатамон таҳти сарварии ҳайати вакилони фондҳои бонуфузи арабии Гурӯҳи мутобиқат омадааст, пазируфт.

Сарвари давлатамон меҳмонро гарму ҷӯшон истиқбол намуда, бо қаноатмандӣ шарикии самарабахши бисёрсоларо бо Бонки исломии рушд дар татбиқи барномаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва маданиву инсонпарварӣ дар мамлакат таъкид намуд.
Имрӯз доираи ҳамкории муфиди Ӯзбекистон бо гурӯҳи БИР  лоиҳаҳоро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷалб намудани маблағҳои имтиёзнок ба миқдори 1,9 миллиард доллар фаро мегирад.
Онҳо чунин соҳаҳо, мисли навсозии инфрасохтори роҳи нақлиёт, энергетикӣ ва коммуналӣ, сохтмони манзил дар деҳот, рушди низоми таъминоти оби нӯшокӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва таълим, дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва дигарро фаро мегиранд.
Дар рафти суҳбат пешомади васеъ гардондани ҳамкории амалӣ бо ин бонк баррасӣ гардид.
Ба татбиқи барномаву лоиҳаҳои муҳим, ки ба беҳдошти сифати ҳаёти аҳолӣ дар деҳот, навсозии инфрасохтор, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардондани муассисаҳои тиббӣ ва таълимии минтақаҳо, дастгирӣ намудани ташаббусҳои тиҷоратии  соҳибкорон ва ба рӯи об баровардани иқтидори содиротии онҳо, аз он ҷумла бо истифодаи механизми шарикии давлативу хусусӣ нигаронда шудаанд, эътибори алоҳида дода шуд.
Мавҷуд будани иқтидори бузург барои ҳамкорӣ, аз ҳама муҳимаш, саъю кӯшиши тарафайн барои минбаъд мустаҳкам кардани онҳо қайд гардид. Ба қарибӣ дар доираи ташкил намудани «Рӯзҳои гурӯҳи БИР», ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, ба имзо расидани  Стратегияи шарикии  байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бонки исломии рушд дар солҳои 2018-2021 бо ҳаҷми 1,3 миллиард доллар аз ин далолат медиҳад.
Президенти мамлакатамон ба роҳбари Бонки исломии рушд барои кӯмакаш ба фаъолияти Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии ба номи Имом Бухорӣ дар Самарқанд, ки ба мақсади омӯхтани мероси ғании маънавии гузаштагони бузургамон, ки ба рушди тамоми тамаддуни ҷаҳонӣ ҳиссаи беназир ҳамроҳ намудаанд, ташкил шудааст, миннатдории самимӣ изҳор кард.
Дар навбати худ Бандар Ҳаҷар таъкид намуд, ки барои гурӯҳи Бонки исломии рушд Ӯзбекистон дар минтақа шарики асосӣ ба ҳисоб меравад.
Меҳмон ба дигаргунсозиҳои васеъмиқёси Ӯзбекистон баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки БИР тайёр аст ба ислоҳоти мамлакатамон кӯмаки ҳамаҷониба расонад ва ҳамкории ба ҳамдигар муфидро мустаҳкам намояд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: