НОМАИ ТАБРИКӢ БА ИШТИРОКДОРОНИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР НИЗОМИ ГУЗАРГОҲҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ НАҚЛИЁТӢ: ПЕШОМАДҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ИМОНИЯТҲОИ ИСТИФОДАНАШУДА»

Муҳтарам иштирокдорон ва меҳмонони конфронс!

Хонумон ва ҷанобон!
Иҷозат диҳед ҳамаи шумо, иштирокдорони анҷумани байналхалқии бахшида ба масъалаҳои нақлиётии Осиёи Марказиро дар сарзамини меҳмоннавози Ӯзбекистон аз сидқи дил хайрамақдам гӯям.
Ба меҳмонони мо – роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои молиявӣ, сарони ҳайатҳои дипломатӣ барои иштирокашон дар конфронси кунунӣ самимона миннатдорӣ баён мекунам.
Пеш аз ҳама мехостам таъкид намоям, ки ба шарофати саъю кӯшишҳои якҷояи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар муҳлати кӯтоҳ дар минтақа муҳити нави сиёсии эътимод ва некҳамсоягӣ фароҳам оварда шуд. Мулоқот дар тамоми дараҷаҳо фаъол гардиданд, бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳои пурмуҳтаво, муфиди тарафайн ва бисёрҷанба қадамҳои муҳими таърихӣ гузошта шуданд. Вохӯрии нахустини машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 15 марти соли равон дар Остона баргузор гардид, мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад.
Баённомаи махсус оид ба Осиёи Марказӣ, ки 22 июни соли 2018-ум аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, воқеаи таърихӣ гардид, ки ибтидои давраи нави ҳамкориҳои тарафайни минтақавӣ ба шумор меояд.
Сайю кӯшишҳои воқеӣ ба ҳамкорӣ ва масъулияти тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ояндаи умумӣ кафолати боэътимоди рушди устувор ва пешрафти минтақа маҳсуб меёбад.
Соҳаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ ва маданиву инсонпарварӣ барои инкишоф  такони нав гирифтанд. Бинобар масъалаҳои истифодаи сарфакоранаи захираҳои обу энергетика, тақсимкунӣ ва марзбандии сарҳадҳои давлатӣ қарорҳои барои ҷонибҳо муфид қабул шуданд. Ба аз байн бардоштани монеа ва саддҳои гуногун дар соҳаи нақлиёт эътибори махсус дода мешавад.
Дар байни кишварҳои минтақа тартиботи раводид ва гумрук содатар карда шуда, нуқтаҳои иловагии гузаргоҳӣ кушода, даҳҳо хатсайрҳои нави автомобилӣ, роҳи оҳан ва рафтуои авиатсионӣ барқарор ва аз нав ташкил гардиданд.
Вале, тавре ки худи ҳаёт собит менамояд, ин чораҳо кофӣ нестанд.
Бо назардошти мавқеи муҳими геостратегии Осиёи Марказӣ, ки бузургтарин бозорҳои байналхалқиро муттаҳид менамояд, саъю кӯшишҳои якҷояи кишварои мо ба мақсади тезондани қаробати минтақа ба низоми гузаргоҳҳои байналхалқии нақлиётӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Ҳоло давлатҳои минтақа, ки роҳи бевоситаи баромадан ба бандарҳои баҳриро надоранд, зиёни  зиёди нақлиётиву транзитӣ мебинанд, ки 70-80 фоизи арзиши маҳсулоти содиротиро ташкил медиҳад.
Бинобар мукаммал набудани тартиботи гумрукӣ боркашонҳо барои кашондани борҳо то 40 фоизи вақти худро талаф мекунанд. Мувофиқи индекси самаранокии логистикаи Бонки умумиҷаҳонӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рейтинги 167 давлат зинаҳои поёниро ишғол менамоянд. Ҳамаи ин умуман ба коҳиш ёфтани рақобатбардории сектори нақлиётии минтақа сабаб мегардад.
Аз ин нуқтаи назар конфронсе, ки дар Тошканд баргузор мешавад, бобати ба роҳ мондани ҷараёнҳои нави қаробат дар Осиёи Марказӣ метавонад нақши муҳим бозад.
Дар назди мамлакатҳои мо вазифаи минбаъд инкишоф додани иқтидори транзитӣ ва зиёд кардани нақлиёт дар иқтисодиёти миллӣ қарор дорад. Ҷалби технологияҳои замонавӣ ва сармояҳои хориҷӣ ба инфрасохтори нақлиётӣ, ташаккул додани гузаргоҳҳои наву пешомадноки нақлиётӣ ба ҳаллу фасли амалии он мусоидат хоҳад кард.
Бинобар ҳисобу китоби коршиносони СММ, ба шарофати кооператсияи самарабахши кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақавӣ тӯли даҳ сол метавонад ҳадди ақалл ду баробар афзояд.
Мо бо назардошти ин дар доираи Муоҳидаи Ашхобод ба ташаккул додани гузаргоҳи минтақавии нақлиётии Русия – Қазоқистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Уммон – Ҳиндустон ибтидо гузоштем.
Мо ба ҳарчи зудтар оғоз ёфтани сохтмони роҳи оҳани Ӯзбекистон – Қирғизистон – Чин умед мебандем. Дар оянда вай бояд ҳалқаи муҳими гузаргоҳи нави нақлиётии аз Чин бинобар ҳудудҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон, минбаъд аз тариқи шоҳроҳи азнав сохташудаи роҳи оҳани Боку – Тбилиси – Карс ба кишварҳои Аврупои Ҷанубӣ ва Аврупои Шарқӣ, Шарқи Наздик ва дар доираи  лоиҳаи «Шарқ – Ғарб» ба бандарҳои баҳри Миёназамин гардад.
Ҳангоме ки сухан дар бораи рушди гузаргоҳҳои минтақавии нақлиётӣ меравад, мо наметавонем муҳимияти ба ин ҷараён ҷалб намудани Афғонистонро зикр накунем. Роҳи оҳани Ҳайратон – Мазори Шариф ва шоҳроҳи пешбинишудаи Мазори Шариф – Ҳирот имкон медиҳанд гузаргоҳи нави нақлиётӣ ташаккул ёбад, ки ба роҳҳои оҳани Эрон, Покистон ва Ҳиндустон, ҳамчунин  дар доираи лоиҳаи «Шимол - Ҷануб» ба бандарҳои Чахбаҳар ва Гвадар мебарояд.
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Дар бораи қаробати кишварҳои минтақа ба низоми байналхалқии боркашониҳо, аз ҷумла боркашонии баҳрӣ сухан ронда, бояд ҳамзамон изҳор дошт, ки ин ҷараёни мусбат як қатор омилҳоро дарбар мегирад.
Пеш аз ҳама он набудани нуқтаи назар ва муносибати ягона нисбат ба рушди мубодилаи нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ, аз байн бардоштани монеаҳо, содатар кардани тартиботи раводид, гумрук ва транзит, ҳамоҳангсозии сиёсати тариф, такмил додани инфрасохтори нақлиётии давлатҳои минтақа, ташаккул додани гузаргоҳҳои пешомадноки нақлиётӣ аст.
Вобаста ба ин таклифҳои зеринро пешниҳод мекунем:
якум, бояд Стратегияи доир ба рушди гузаргоҳҳои минтақавии нақлиётии Осиёи Марказӣ бо кӯмаки коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ, бонкҳои осиёӣ ва исломии рушд, идораҳои дигари байналхалқӣ коркард шавад ва дар асоси он Барномаи оид ба пешрафти устувори низоми нақлиётии Осиёи Марказӣ қабул гардад;
дуввум, бо назардошти он ки кишварҳои минтақа дар фаъолияти СҲШ нақши муҳим доранд, дар чаҳорчӯбаи ин созмон бояд низоми идораи қаробати боркашониҳои нақлиётӣ таъсис дода шавад;
саввум, созмон додани Шӯрои минтақавии коммуникатсияҳои нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқи мақсад мебошад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи соҳаҳои нақлиёту логистика сохтори ҳамоҳангсоз мегардад;
чаҳорум, бояд коммуникатсия ва инфрасохтори нақлиётӣ ба мақсади баланд бардоштани ҷолибияти сайёҳии минтақа ҳамҷиҳатона инкишоф дода шаванд. Якҷо бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ коркарди Консепсияи рушди хабҳои сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад ба ин мусоидат намояд.
Татбиқ намудани ин ва ташаббусҳои дигар, ки ман умед мекунам, дар конфронс маъқул дониста мешаванд, дар таҳкими эътидоли Осиёи Марказӣ, ба минтақаи аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта табдил ёфтани он, баланд гардидани рақобатбардориаш дар бозори ҷаҳонии хидматҳои нақлиётӣ ҳамчун яке аз ҷузвҳои асосии байналхалқии нақлиётии транзитӣ нақши муҳим хоҳад бозид.
Мутақидам, ки натиҷаҳои конфронси ҳолоина дар коркарди муносибат ва афзалиятҳои нав бинобар қаробати минтақаи мо ба низоми гузаргоҳҳои байналхалқии нақлиётӣ, татбиқ сохтани имкониятҳои бузурги истифоданашудаи он ба манфиати умумии кишвар ва халқҳои мо муфид хоҳад буд.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: