КОР БИНО БАР РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИЯҲО ТАҲЛИЛ ГАРДИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 сентябр бахшида ба таҳлили корҳои низоми технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо, муайян кардани чорабиниҳои иловагӣ оид ба рушди босуръати соҳа ҷамъомад баргузор намуд.

– Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо ба рушди босуръати тамоми соҳаҳо мусоидат намуда, барои одамон қулаӣ фароҳам меоранд, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Иҷрои вазифаҳое, ки оид ба рушди соҳаи мазкур аввали сол муайян шуда буданд, ба дараҷаи бояду шояд таъмин нагардиданд. Ҳолати ҷалб намудани сармояҳо ба соҳа, содироти хидматрасонӣ ва маҳсулоти тайёри барномавӣ комилан ғайриқаноатбахшанд.
Аз ин рӯ, мо маҷбур шудем, роҳбарияти вазоратро иваз намоем. Вазири нав ва муовинони ӯ бояд аз ин хулосаҳои зарурӣ бароварда, корашонро бо усули куллан нав ташкил намоянд. Бояд мушкилоти мавҷуда ба зудӣ барҳам хурад, соҳа куллан ривоҷ ёбад, ҳаҷми сармоя ва содирот якбора афзун гардонда, аз ҳама муҳимаш, дар муҳлати кӯтоҳтарин дар низом тағйиротҳои мусбат таъмин карда шаванд, – гуфт Президент.
Дар ҷамъомад рафти иҷрои Фармони сарвари давлат «Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд такмил додани соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо» аз 19 феврали соли 2018 ва супоришоти дахлдори Президент таҳлил гардиданд. Бино бар рушди босуръати соҳа вазифаҳои муҳим муайян шуданд.
Зарурати ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо, зиёд гардондани миқдори лоиҳаҳо бо иштироки сармояҳои хориҷӣ таъкид гардид. Вазифаи соли ҷорӣ то 200 миллион доллар  ва соли 2019-ум то 500 миллион доллар расондани ҳаҷми сармояҳо, хусусан сармояҳои бевосита гузошта шуд.
Бино бар баланд бардоштани нуфузи ширкати «Ӯзбектелеком», рушди оператори миллии алоқаи мобайлии «Ӯзмобайл» супоришот дода шуданд.
Таъкид гардид, ки дар соҳа дараҷаи содироти хидматрасонӣ кифояткунанда нест, бояд ин нишондиҳанда, пеш аз ҳама коркард ва содироти маҳсулоти барномавиро якбора афзун гардонд.
Паст будани сифати хидматрасонии телефонӣ ва дастрасӣ ба интернет, ки ба истифодабарандагон расонда мешаванд, инчунин ҳамагӣ аз хати нахи оптикӣ иборат будани 27 фоизи шабакаҳои алоқаҳои мавҷуда, аз хати сими мисин иборат будани қисми асосии онҳо зери танқид гирифта шуд. Бино бар тезондани суръати пайвастшавӣ ба интернет, пурра иваз кардани шабакаҳои алоқаи хатҳои нахи оптикӣ супориш дода шуданд.
Бино бар рушди минбаъдаи низоми «Ҳукумати электронӣ», куллан беҳтар гардондани хидматрасонии давлатии интерактивӣ вазифаҳо муайян шуданд. Зарурати куллан такмил додани фаъолияти алоқаи почта зикр гардид.
Ба мустаҳкам кардани бехатарии иттилоотӣ эътибор дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар соҳа норасоии кадрҳо ба назар мерасанд, дар Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ва филиалҳои он педагогҳои дорои салоҳияти илмӣ ҳамагӣ 21 фоизи таркиби омӯзгориро ташкил медиҳад. Ба ин муносибат зарурати баланд бардоштани иқтидори илмии омӯзгорон ва васеъ гардондани миқёси корҳои илмиву тадқиқотӣ дар донишгоҳ таъкид гардид.
Супориш дода шуд, ки барномаи рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионии мамлакат, ки ба 5 сол пешбинӣ шудааст, дар асоси омӯзиши амиқи таҷрибаи хориҷӣ таҳия гардад.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: