ДАР БОРАИ ТАКМИЛ ДОДАНИ ТАРТИБИ АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОӢ ОЗОД КАРДАНИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН, КИ БО ИШТИБОҲ БА ТАРКИБИ СОЗМОНУ ГУРӮҲҲОИ МАНЪШУДАИ ТЕРРОРИСТӢ, ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ҒАЙРА АФТИДААНД

Дар мамлакат бино бар солимгардонии муҳити иҷтимоиву маънавӣ дар ҷамъият, ки ба таъмин кардани кушодадилии динӣ ва озодии виҷдон, инчунин ҳифзи самарабахши ҷавонон аз таъсири ғояҳои террористӣ, экстремистӣ ва дигари вайронкор нигаронида шудаанд, чораҳои васеъмиқёс андешида мешаванд.

Дар натиҷаи ин, танҳо дар соли 2017 беш аз 18 ҳазор шаҳрванд, ки аз кирдорашон пушаймон шуда, ба тарзи ҳаёти осоишта баргаштаанд, аз рӯйхати шахсони барои иштирок дар фаъолияти созмону гурӯҳҳои манъшудаи террористӣ, экстремистӣ ва ғайра моил  бароварда шуданд. Ба беш аз 10 ҳазори онҳо бобати бо кор таъмин намудан, дастгирии иҷтимоӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ ёрии амалӣ расонда шуд.
Ба мақсади фароҳам овардани имконият ба шаҳрвандоне, ки бо иштибоҳ ба таркиби созмону гурӯҳҳои манъшуда афтидаанд, аз он ҷумла дар берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доранд, хилофи ҳуқуқ будани кирдори худро дарк намуда, ба роҳи ислоҳшавӣ гузаштаанд, барои ба Ватан, оғӯши оилаи худ, ҳаёти осоишта баргаштан,  инчунин ба тамоюли инсонпарварӣ такя карда:
1. Комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ оид ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо иштибоҳ ба таркиби созмону гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ё ки дигари манъшуда афтидаанд (минбаъд – Комиссия), мувофиқи замима созмон дода шавад.
2. Аз 1 ноябри соли 2018 тартибе ҷорӣ карда шавад, ки мувофиқи он:
шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо иштибоҳ ба таркиби созмону гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ё ки дигари манъшуда афтидаанд (минбаъд – созмонҳои манъшуда), дар асоси хулосаи Комиссия аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешаванд;
дар ҳолати хулосаи манфӣ додани Комиссия тамоми ҳолатҳо дар тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, мавриди баррасӣ қарор мегирад.
3. Муқаррар карда шавад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳолатҳои зерин метавонанд аз ҷавобгарии ҷиноӣ мувофиқи Фармони мазкур озод карда шаванд:
бо эътироф кардани гуноҳашон омадан, аз кирдорашон таҳтидилона пушаймон шуда, ба роҳи ислоҳсозӣ гузаштан;
ба кушодани фаъолияти ҷиноӣ ва дигар кирдорҳои хилофи ҳуқуқ фаъол мусоидат карда бошанд;
ба қатори созмонҳои манъшуда бо роҳи фиреб ҷалб шуда бошанд;
роҳнамои ғоявӣ ва маънавии созмонҳои манъшуда нашуда бошанд;
дар амалиётҳои ҷангӣ ва амалӣ гардондани ҳаракатҳои диверсионию зараровар иштирок накарда бошанд;
дар созмонҳои манъшуда аз тайёрии махсус ё ки ҳарбӣ нагузашта, ба мақсади амалӣ гардондани фаъолияти террористӣ таҳсил нагирифта бошанд;
ба мақсади фаъолияти террористӣ баромад ё ки ҳаракат накардаанд;
дар бо маблағ таъмин кардани терроризми байналхалқӣ ширкат наварзида бошанд;
маводеро, ки мазмуни ғояҳои террористӣ, экстремистӣ ё ки дигари вайронкорро доранд, иштибоҳан ё ки қасдан ва ба мақсади дар воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ паҳн кардан  нигоҳ надоштаанд.
4. Ба зиммаи Комиссия (О. Муродов) ваколатҳои зерин гузошта шаванд:
баррасӣ намудани муроҷиатҳо дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намудани шаҳрвандоне, ки бо иштибоҳ ба таркиби созмонҳои манъшуда афтидаанд;
омӯхтани шахсияти шаҳрвандони муроҷиатнамуда, аз он ҷумла бо роҳи тафтиши ҳамаҷонибаи алоқадории онҳо ба содир намудани ҷиноят;
дар тартиби муқарраргардида ба мақомоти тафтишоти пешакӣ тақдим намудани хулосаҳо, ки бино бар натиҷаҳои баррасии муроҷиатҳо қабул шудаанд;
ирсол намудани супориш ба мақомоти бонуфуз ва ташкилотҳо бино бар баргузор намудани корҳои тавзеҳотию профилактикӣ бо шахсоне, ки аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шудаанд.
5. Муқаррар карда шавад, ки:
Фармони мазкур барои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ расмӣ гардондани ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид гардидани шаҳрвандон асос ба ҳисоб меравад;
аризаи пушаймонӣ аз кирдор ва гуноҳро эътироф карда омадани шаҳрвандоне, ки бо иштибоҳ дар хориҷ ба таркиби созмонҳои манъшуда афтидаанд, ба намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маҳалли буду боши онҳо ё ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода мешаванд;
муроҷиати такрории шахсоне, ки қаблан аз ҷавобгарии ҷиноӣ мувофиқи Фармони мазкур озод шудаанд ва дубора ҷинояти вобаста ба иштирок дар фаъолияти созмонҳои манъшуда  содир намудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд;
қароре, ки Комиссия дар доираи ваколатҳои худ қабул намудааст, барои иҷрои тамоми мақомоти давлатӣ ва созмонҳо ҳатмӣ ба ҳисоб меравад;
мақомоти кории Комиссия Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.
6. Прокуратураи генералӣ якҷоя бо Вазорати корҳои дохилӣ, Хидмати бехатарии давлатӣ ва Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ ба тартиби муқарраргардида Низомро таҳия ва тасдиқ намоянд, ки механизмҳои баррасии муроҷиатҳо ва аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардани шаҳрвандонро, ки бо иштибоҳ ба таркиби созмонҳои манъшуда афтидаанд, пешбинӣ менамояд.
7. Агентии оид ба матбуот ва ахбори Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радио, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммавии электронӣ ва Маркази иттилоотиву таҳлилии мултимедии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мунтазам дар байни аҳолӣ васеъ равшан намудани  моҳияти Фармони мазкур, инчунин корҳоро бино бар иҷрои онҳо таъмин намоянд.
8. Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 сентябри соли 2000-ум №ФП-2712 «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардани шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки бо иштибоҳ ба таркиби гурӯҳҳои террористӣ афтидаанд» беэътибор дониста шавад.
9. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов, котиби Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В. В. Маҳмудов ва муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ

шаҳри ТОШКАНД,
19 сентябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: