ТАРБИЯИ ПАДАРИ «ЗАМОНАВӢ»

Одатан рӯзҳои якшанбе майдончаҳои бозии назди бинои мо аз ҳаррӯза бештар бо бачаҳо пур мешаванд.

Диққати маро ду писарбача, ки яке панҷсола ва дигаре се-чорсола менамуд, ҷалб кард.
Писаракон муштзанӣ мекарданд ва дигарон атрофи онҳоро иҳота карда, бо чунин суханон онҳоро дастгирӣ мекарданд: «Раҳим, исто, бо поят зан, ба шикамаш занӣ нафас гирифтан наметавонад!», «Санҷар, ба гӯшу бинияш зарба деҳ, чашмонаш сиёҳӣ мезананд!»
Падари Раҳим мамнунона муштзании онҳоро тамошо мекард ва ба писараш фармон медод, ки ба рақибаш сахттар зарба занад.
Ин манзараро дида ба писарбачаи хурдакак дилам сӯхт.
Раҳим, ки ҳоло аз падари худ «санъати ҷанг»-ро меомӯхт, оё пагоҳ ба одатҳои дигари номақбул даст намезанад? Падар-чӣ? Муштзананда ва калтакхӯранда ҳам барои ӯ фарзанд-ку? «Ба як бача ҳафт маҳалла падару модар» гуфтаанд. Агар фарзандаш бо чунин тарбия ба воя расад, пагоҳ зарбаи охирин ба худи падар омада расиданашро наход намедониста бошад?
Бо чунин андешаҳо ба падар савол додам:
– Ба ҷойи он ки бачаҳоро аз ҳамдигар ҷудо кунӣ, чаро ба онҳо ҷангро ёд медиҳӣ?
– Бачаҳо дар компутер бозиҳои шумро тамошо мекунанд, ба онҳо пайравӣ кардан мехоҳанд, – ҷавоб дод ӯ.
– Чунин бозиҳои бемаъниро тамошо накарда, онҳоро ба китоб, афсонаю достонхонӣ ҷалб кардан мумкин-ку?
Падари «замонавӣ» норозиёна ба ман нигоҳ карду гуфт:
– Бачаи ҳозиразамон китоб варақ зада намешинад. Бо замон ҳамнафас бояд бошад. Афсонаю достонҳои шумо кӯҳна шуданд.
Аҷиб, падар фарзандашро ба «қаҳрамонҳо»-и хунхӯр, ки ҳамаро ба ҳалокат мерасонанд, пайравӣ карданро мехоҳад ва ба фикри ӯ ин тарзи тарбия  тарбияи «замонавӣ» аст ва намедонад, ки бемеҳрӣ, бешафқатӣ, хуни инсонро рехтан ба рӯҳияти бача таъсир мерасонад.
Қаҳрамонии Алпомиш, ки яке аз достонҳои бебаҳои эҷодиёти халқ ба шумор меравад, ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам ҷисмонӣ фарзандонамонро дар руҳи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ тарбия менамояд, ки онро дар хурдсолӣ омӯхта будем.
Бачагиам ба ёд меояд. Рӯзе додари 6-7-солаам бо ҳамсолони худ бозии «қих-қих»-ро мебохт. Онҳо аз чӯбу тахтача «милтиқ» ва «таппонча» сохта якдигарро «қих-қих» гуфта мепарронданд. Момоям, ки дар рӯйи суфачаи ҳавлӣ нишаста ин манзараро тамошо мекард, давида рафта «таппонча»-и додарамро гирифту шикаст ва гуфт, ки «илоҳо, номи ҷанг нест шавад!» Баъд ҳамаро ба гирдаш шинонда, аз ҳуҷуми «босмачиҳо», ки он вақт «ёв омад» гӯён ба кӯҳу дара мегурехтаанд, сар карда, то ҷанги Гирмон, оқибатҳои даҳшатовари он, ятим мондани кӯдакон, беному нишон рафтани бобою падарон, дар зери оташ мондани хонаву ҷой, ба як бурда нон зор шудани мардум ҳикоя кард. «Бачаҳоям, ба якдигар меҳрубон, ғамхор ва дӯст шавед. Мактабу китоб хонед, меҳнат кунед, меҳнат ба инсон роҳат мебахшад», – таъкид кард момоям.
Оре, аз қадимулайём чунин арзишҳои миллиро пос доштаем, аз хурдсолӣ бо ғояву тафаккур ва фазилатҳои неки инсонӣ ба камол расидаем ва фарзандонамонро низ бо чунин рӯҳият бояд тарбия намоем.
Дар ин боб Абдураҳмони Ҷомӣ чунин фармудааст:
Сафҳаи зар бувад дафтари умри ҳама халқ,
Инчунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт:
Хуррам он кас, ки ба ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,
Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: