Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

барои ҷудо намудани грантҳои давлатӣ таҳти мавзӯи «Ҳавасмандгардонии лоиҳаҳое, ки ба мустаҳкам кардани кушодадилии байнимиллӣ, сулҳ, дӯстӣ ва эҳтироми тарафайн дар ҷомеа» озмун

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Ба озмун дархостҳои лоиҳавии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва идораҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандӣ, ки мақсадҳои зерини аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро пешбинӣ менамоянд, қабул карда мешаванд:
1. Оммавӣ гардондани мероси ғайримоддии мадании халқҳои Ӯзбекистон (ҳунарҳои халқии бадеӣ, ёдгориҳои фолклорӣ, ҷашнҳои миллӣ, ҷашнвораҳо, ошхонаҳои миллӣ ва ғайра) байни аудиторияи хориҷӣ.
2. Баланд бардоштани нақш ва аҳамияти институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар ташаккул додани муҳити эҳтироми тарафайн, самимият ва ҳамоҳангӣ дар он, нигоҳ доштан ва ривоҷ додани арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ.
3. Дар интернет пеш бурдани (манбаъҳои махсуси хориҷӣ) иттилоот оиди намунаҳои равшани меъмории миллӣ ва ёдгориҳои таърихӣ, фарҳанги миллӣ, санъат ва адабиёт, ки ба рӯйхати объектҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд.
4. Ташкил кардани чорабиниҳое, ки ба оммавӣ гардондани таърих ва фарҳанги халқҳои Ӯзбекистон, зебогии беназир ва гуногунии мероси таърихӣ ва фарҳангии он нигаронда шудаанд.
5. Хабардор намудани ҷомеаи васеъ оиди чорабиниҳои дар соҳаи нигоҳ доштани анъана ва урфу одатҳои миллӣ, анъанаҳои халқу халқиятҳои гуногуни маскуни Ӯзбекистон татбиқшаванда.
6. Ташкил кардани интернет-захираҳои махсус (бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ) бахшида ба нигоҳ доштани анъана ва урфу одатҳои миллӣ.
7. Баланд бардоштани нақш ва аҳамияти институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар таъмин кардани ризоияти байниконфессиявӣ, муттаҳид гардондан, ҳамоҳангии байниэтникӣ, дӯстӣ ва якдилӣ.
8. Баргузор намудани корҳои маърифатӣ ва тарғиботӣ, ки ба дар ҷавонон тарбия намудани эҳтиром ба мероси маданӣ, нигоҳ доштан, мустаҳкам кардан ва барои авлоди оянда расондани он нигаронда шудааст.
9. Тайёр кардани китоб, маҷмӯа, барномаҳои телевизиону радио бино бар оммавӣ гардондан ва тарғиб намудани таҷриба дар таъмин кардани сулҳу устуворӣ байни намояндагони миллатҳои гуногун.
10. Ташкил кардани озмунҳо таҳти шиори «Ман чаро дӯст медорам, Ӯзбекистонро!» байни намояндагони миллатҳои гуногун, соҳаҳои иҷтимоӣ, ки дар мамлакатамон истиқомат мекунанд.
11. Ҳамаҷониба кӯмак намудан ба марказҳои миллии фарҳангӣ дар нашр намудан ва то ба аҳолӣ расондани иттилоот оиди маҷмӯаҳои гуногун ва корҳои эҷодӣ, ки рушди озоди демократии мамлакатамонро инъикос менамоянд.
12. Хабардор намудани ҷомеаи ҷаҳон дар бораи чораҳо бино бар таъмин кардани иҷрои анъанаву урфу одатҳои миллӣ, анъанаҳои намояндагони гурӯҳҳои гуногуни миллӣ ва этникӣ дар мамлакатамон.
13. Мустаҳкам кардан ва пурзӯр гардондани шарикии иҷтимоӣ байни муассисаҳои давлатӣ ва СҒҒ бино бар нигоҳ доштани мероси маданӣ, гузарондани фаъолияти васеи тарғиботӣ бино бар ёдгориҳои таърихӣ.

Барои иштирок дар озмун барои гранти давлатӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин тақдим карда шаванд:

1. Мактуби ҳамроҳ фиристодашаванда бо имзои роҳбар ва муҳри ташкилот.
2. Дархости лоиҳавӣ ба гранти давлатӣ дар шакле, ки дар сайти www.fundngo.uz. ҷойгир карда шудааст.
3. Нусхаи Оинномаи (Низом)-и СҒҒ ва идораҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, инчунин нусхаи гувоҳномаи қайди давлатӣ бо муҳри ташкилот.
4. Агар татбиқи лоиҳа фаъолияти литсензиониро тақозо намояд, нусхаи литсензия тақдим мегардад.
5. Ба ҳуҷҷатҳои мазкур нақшаҳои муштараки шарикии иҷтимоиро, ки якҷоя бо созмонҳои манфиатдори давлатӣ ва бузурги ҷамъиятӣ тартиб дода шудаанд, ҳамроҳ намудан мумкин. 

Миқдори гранти ҷудошаванда бино бар як лоиҳа 30 миллион сӯмро ташкил медиҳад. Ҳуҷҷатҳо аз 15 сентябр то 22 октябри соли 2018 қабул карда мешаванд. 
Ҳуҷҷатҳо дар лифофаи муҳрзада, ки ба воситаи ҶС «Ӯзбекистон почтаси» (формати А 4) ба Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯйи нишонии: 100163, шаҳри Тошканд, кӯчаи Ислом Каримов, хонаи 43  фиристода шудааст, қабул карда мешаванд. 
Бо шартҳои тақдим намудан ва намунаҳои ҳуҷҷатҳо дар сайти расмии  Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлис: www.fundngo.uz. метавон ошно шуд.
Телефонҳо барои маълумот: (0-371) 239-26-76; 239-26-86.

Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон 

ба муносибати 70-солагии қабули Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон барои ҷудо намудани грантҳои давлатӣ таҳти мавзӯи «Дар Ӯзбекистон ҳуқуқи инсон – арзиши олӣ» озмуни иловагӣ

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Ба озмун дархостҳои лоиҳавии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва идораҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандӣ, ки мақсадҳои зерини аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро пешбинӣ менамоянд, қабул карда мешаванд:
1. Баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинӣ, маданияти ҳуқуқ ва озодии инсон дар ҷамъият.
2. Мустаҳкам кардани  шарикии иҷтимоӣ бо мақомоти  давлатӣ дар минбаъд васеъ гардондан ва баланд бардоштани самарабахшии шакл ва механизмҳои пеш бурдани мулоқоти кушоди давлат ва ҷамъият.
3. Васеъ қарор додани институти назорати ҷамъиятӣ, баланд бардоштани таъсирбахшии шакл ва механизмҳои он. 
4. Ҷорӣ кардани методҳои инноватсионии то сомеони васеи ватанӣ ва хориҷӣ расондани моҳият ва аҳамияти ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар доираи Стратегияи амалиёт қабул шудаанд.
5. Кӯмак расондан ба таҳкими нақши институти оила, баланд бардоштани нуфузи он дар ҷамъият, пешгирӣ намудани ҷудошавиҳои оилавӣ ва ятимии иҷтимоӣ.
6. Расондани кӯмаки амалӣ ба шаҳрвандон дар таъмин намудани шуғл, интихоби озодонаи касб, ҳимоя намудан аз бекорӣ дар тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст. 
7. Кӯмак кардан бобати дар ҷамъият таъмин кардани озодии эҷодии илмиву техникӣ, ҳуқуқ барои истифода бурдан аз комёбиҳои фарҳангӣ.
8. Таъмин кардани ҷонибдории иҷтимоии ҷавонон, хусусан, бачаҳое, ки аз васояти падару модар маҳрум шудаанд, ташаккул додани шарикии иҷтимоӣ ва назорати ҷамъиятӣ дар ин соҳа.
9. Пурзӯр гардондани шарикии иҷтимоӣ дар ҷараёни ҳамгароӣ ба ҷамъият, офият ва мувофиқгардонии табақаи ночори аҳолӣ, ки дар ҳолати вазнини иҷтимоӣ қарор доранд.
10. Васеъ ҷорӣ намудани механизмҳои шарикии иҷтимоӣ бо мақомоти давлатӣ дар пешгирӣ ва профилактикаи қонуншиканиҳо дар маҳаллаҳо, ташаккули муносибати оштинопазир ба қонуншиканиҳо.
11. Расондани ёрии амалӣ ба мақомоти давлатӣ дар кор бо ҷавонони номуташаккил ва душвортарбия, минбаъд пурзӯр гардондани шарикии иҷтимоӣ.
12. Такмил додани  низоми таъмин кардани ҳуқуқи истеъмолгарон, ҷорӣ кардани шаклу механизмҳои нави назорати ҷамъиятӣ дар соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таълим, фарҳанг ва варзиш.
13. Кӯмак ба минбаъд мустаҳкам кардани тамоюлҳои ризоияти тарафайни байнимиллӣ, кушодадилӣ, арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ дар ҷамъият.
14. Расондани ёрии амалӣ ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрвандон дар маҳалҳо дар татбиқи Барномаи давлатии «Маҳаллаи обод», «Деҳаи обод», «Ҷавонон – ояндаамон».
15. Мазмуннок ташкил кардани  фароғати ҷавонон, рағбатноксозии онҳо ба гирифтани дониши замонавӣ.
16. Ташкил кардани силсилаи чорабиниҳои тарбиявӣ байни ҷавонон таҳти шиори «Бар зидди ҷаҳолат бо маърифат». 
17. Пурзӯр гардондани ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигари бузурги иҷтимоӣ ба мақсади минбаъд беҳтар гардондани вазъияти иҷтимоиву маънавӣ дар маҳаллаҳо. 

Барои иштирок дар озмун барои гранти давлатӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин тақдим карда шаванд:

1. Мактуби ҳамроҳ фиристодашаванда бо имзои роҳбар ва  муҳри ташкилот.
2. Дархости лоиҳавӣ ба гранти давлатӣ дар шакле, ки дар сайти www.fundngo.uz. ҷойгир карда шудааст.
3. Нусхаи Оинномаи (Низом)-и СҒҒ ва идораҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, инчунин нусхаи гувоҳномаи қайди давлатӣ бо муҳри ташкилот.
4. Агар татбиқи лоиҳа фаъолияти литсензиониро тақозо намояд, нусхаи литсензия тақдим мегардад.
5. Ба ҳуҷҷатҳои мазкур нақшаҳои муштараки шарикии иҷтимоиро, ки якҷоя бо созмонҳои манфиатдори давлатӣ ва бузурги ҷамъиятӣ тартиб дода шудаанд, ҳамроҳ намудан мумкин. 

Миқдори гранти ҷудошаванда бино бар як лоиҳа 30 миллион сӯмро ташкил медиҳад. Ҳуҷҷатҳо аз 17 сентябр то 22 октябри соли 2018 қабул карда мешаванд. 
Ҳуҷҷатҳо дар лифофаи муҳрзада, ки ба воситаи ҶС «Ӯзбекистон почтаси» (формати А4) ба Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯйи нишонии: 100163, шаҳри Тошканд, кӯчаи Ислом Каримов, хонаи 43  фиристода шудааст, қабул карда мешаванд. 
Бо шартҳои тақдим намудан ва намунаҳои ҳуҷҷатҳо дар сайти расмии  Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлис: www.fundngo.uz. метавон ошно шуд.
Телефонҳо барои маълумот: (0-371) 239-26-76; 239-26-86.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: