ГУЛМОҲӢ – КОНИ ФОИДА

Дараи Ниҳон бо табиати афсункораш дар воҳаи Сурхон маълуму машҳур аст.

Дарёи Тӯпаланг, ки зиёда аз чаҳор ҳазор метр баландӣ ба поён ҷорист, аз садҳо чашма ибтидо гирифта, ба дарёи бузурги кишвар – Ому ҳамроҳ мегардад. Азбаски оби дарёи Тӯпаланг аз баландии шахҳо чун паланг ғуррос зада, ба кӯҳҳо ғулғула андохта меояд, аз ҳамин боис мардуми ин диёри афсонавӣ ин дарёро Тӯпаланг номгузорӣ кардаанд. Агар ин диёри афсонавӣ бо табиати афсункору бои худ маълум бошад, дарёи он бо гулмоҳиҳояш диққати ҳамагонро ба худ ҷалб кардааст. Ба қарибӣ фаҳмидем, ки корманди ГЭС-и Тӯпаланг Аъзамҷон Аҳмадқулов дар тасарруфи ин корхона фирмаи «Глобал агро фиш» ташкил карда, фаъолияти онро барои парвариши гулмоҳӣ равона кардааст. Аз оғоз кормандони корхона аз Полша 150 ҳазор дона насли онро оварданд. Насли овардаро онҳо бояд дар қуттичаҳои махсус гузошта ва пасон онро ривоҷ медоданд. Барои иҷрои ин кор бояд дар ин соҳа мутахассиси таҷрибанок зарур буд. Аъзамҷон аз паи ҷустуҷӯи ин гуна мутахассис шуд. Ниҳоят Ҷӯрабек Тағоймуродов ном шиносаш дар Русия бо ин кор шуғл доштааст. Бо ӯ бо воситаи телефон дар тамос шуд. Ӯро хоҳиш намуд, ки дар ин кор ба вай кӯмак намояд. Агар ин корҳоро ҷобаҷо гузорад, метавонад ин соҳаро ба дӯши хеш гирифта, дар ривоҷи гулмоҳипарварӣ дар корхона бо маоши калон кор кунад. Ҷӯрабек хоҳиши Аъзамҷонро ба замин намонд. Ҳамин тариқ, ӯ аз Русия баргашта, ба моҳипарварӣ машғул шуд. Барои сохтани ҳавзҳо шурӯъ кард. Ниҳоят ҳавзҳои моҳипарвариро ба кор омода карданд. Ҳоло моҳипарварон дар ҳавзҳои мавҷуда беш аз 2 тонна гулмоҳӣ парвариш мекунанд. Чанде пеш Ҷӯрабек Тағоймуродов аз Полша 200 ҳазор дона насли ин моҳии ноёбро овард. Ҳоло парвариши он хеле хуб аст.
– Насли диплоид ва триплоид, ки мо аз ин кишвар овардем, – гуфт дар суҳбат Ҷ.Тағоймуродов, – ба обу ҳавои минтақаи мо мусоидат мекунад. Ҳангоми сафари хеш Президенти кишварамон ривоҷи моҳипарвариро таъкид намуда, аз ин соҳа фоидаи зиёд гирифтан мумкин аст, гуфта тавсия дода буд.
Албатта, барои ривоҷи ин соҳа мо кормандони корхона бо шавқу завқи баланд ба кор часпидем. Ба қарибӣ бо маслиҳати роҳбарон мо аз бонки «Ипотека банк» 500 миллион сӯм кредит гирифтем. Ҳокимияти ноҳия барои ривоҷи ин соҳа 6,5 гектар замин ҷудо кард. Ният дорем, ки шумораи ҳавзҳои моҳипарвариро зиёд намуда, аз ин соҳа фоидаи калон гирем. Дар воҳаи Сурхон ва сартосари ҷумҳуриамон навъи гулмоҳӣ хеле кам шуда истодааст. Албатта ин сабабҳои зиёд дорад. Агар мо ба ҳамин тартиб кор кунем, барои фурӯхтани маҳсулот ҳам ба аҳолии воҳа ва ҳам хориҷа имкониятҳо мавҷуданд.
Ҳоло дар соҳилҳои дарёи Тӯпаланг моҳипарварон Акрам, Икром, Илҳом Бобомуродовҳо тамоми рӯз ба парвариши гулмоҳӣ шуғл доранд. Аз ҳама муҳимаш, корхона ба онҳо моҳе 1,5 миллион сӯм маош медиҳад.

Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: