«ШАШМАҚОМ» – МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

Яке аз шоҳкориҳои халқҳои тоҷику ӯзбек – ҳунари навозандагӣ ва сарояндагии «Шашмақом» таърихи беш аз ҳазорсоларо дорост.

Донишмандони соҳа бар онанд, ки ин ҳунари воло дар қарнҳои IX-X ба ҳаёти иҷтимоию фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказию Шарқ таъсиргузор будааст.
Дар тӯли таърихи дароз ба рушду такомули он ҳунарпешагон ва оҳангсозони зиёде саҳм гузоштаанд. Дар Ӯзбекистону Тоҷикистон оҳангсозон ва мақомшиноси саршинос Фазлиддин Шаҳобов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Юнус Раҷабӣ, Шоназар Соҳибов, Исҳоқ Раҷабов ва дигарон дар роҳи эҳёи он корҳои амалиро анҷом додаанд. «Шашмақом» ба нота дароварда шуд. Шашҷилдаи Юнус Раҷабӣ – анталогияи «Шашмақом» (соли 1959) дар ин росто яке аз корҳои ба назар намоён буд.
Мутахассисони соҳа натиҷа гирифтаанд, ки «Шашмақом»-и тоҷику ӯзбек, муғоми озариҳо, нуғбаи эрониён ва муқоми уйғурҳо як маъниро ифода намуда, решаашон аз як сарчашма об хӯрдааст.
Бо саъю эҳтимоми Тоҷикистон ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудани «Шашмақом» дар рӯзгори мадании ду халқи бародар ҳодисаи муҳим гардид.
Моҳи ноябри соли сипаригардида доир гардидани қарори Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи рушди минбаъдаи санъати мақоми миллии ӯзбек» идомаи корҳои амалӣ дар роҳи рушди ҳунари навозандагӣ ва сарояндагии аҷдод буд. Тибқи ин қарори таърихӣ муайян гардид, ки бояд дар ҳар ду сол як бор дар шаҳри Шаҳрисабзи бостонӣ конфронси байналхалқии санъати мақом баргузор шавад.
Ҷомеаи ҷаҳон шоҳиди он гардид, ки конфронси нахустин бо омодагии шоиставу боиста, пуршукӯҳ баргузор шуд. Суханронии пурмуҳтавои Президенти кишварамон дар ин анҷумани пурнуфузи байналхалқӣ ба иштирокдорон, ки аз 73 мамлакати ҷаҳон омада буданд, таассуроти амиқ боқӣ гузошт. Суханони зерини ӯ: «Бешубҳа, бидуни дарки амиқи санъати мақом моҳияти ҳунари воқеиро идрок кардан душвор аст. Бино бар ҳамин ҳам моро зарур мебошад, ки ба рушди он эътибори махсус диҳем.
Мо бояд тамоми имкониятҳои мавҷударо ба он сафарбар намоем, ки оҳангҳои мақом, рӯҳ ва фалсафаи он дар шуур ва дили ҳамзамонони мо, пеш аз ҳама насли наврас, мақоми мустаҳкам пайдо кунанд».
Бешубҳа, чунин чорабиниҳо то ҷое барои дар шуур ва дили ҳамзамонон мақоми мустаҳкам пайдо кардани оҳангҳои мақом, рӯҳ ва фалсафаи он мусоидат менамоянд. Ба фикрам, ин суханони сарвари кишвар бо назардошти он гуфта шудаанд, ки баъзе ҷавонони мо, ба сабаби парвариш наёфтани завқ, тобу тавони шунидани оҳангҳои мақомро надоранд. Биноан, зарурате ба миён омадааст, ки ҳунари навозандагӣ ва сарояндагии аҷдод – «Шашмақом» дар мактабҳои миёна таълим дода шавад.
Вақте оҳангҳои мақом тавассути танбӯру дутор, наю чанг, доираю ғиҷҷак ва дигар созҳои миллӣ ҳанӯз дар мактаби миёна ба самъи насли наврас мерасанд, зеҳннишин мегарданд. Чун зеҳннишин гардиданд, дар тӯли ҳаёт аз шунидани савту сурудҳои қадимӣ хушашон меояд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҷавонони дар ин самт тарбияёфта савту сурудҳои миллии классикиро бо камоли майл гӯш мекунанд. Аз ин дидгоҳ барномаҳои муассисаҳои таълимие, ки дар бахши мусиқии миллӣ кадрҳои омӯзгор омода мекунанд, таҷдиди назар мехоҳад.

А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: