СЕ РӮЗИ ХОТИРМОНИ САФАРИ ҲУНАРӢ

Касе, ки дар фурудгоҳи байналхалқии «Тошкент» 35 сол қабл ҳузур дошт, садои карнаю доираро, ки аз омадани ҷамоаи Театри давлатии академии ба номи Г.Камоли Қазон мужда медод, дар ёд дорад.

 Бояд гуфт, ки ҷамоа 25 сол  пеш ҳам дар Ҷашнвораи байналхалқии театрӣ ширкат ҷуста, дар саҳни Театри миллии академии драмавии Ӯзбекистон спектакли худро ба маърази намоиш гузошта буд.
Инак, вохӯрии ҷамоаи театрии халқи бародар, ки бо дастгирии вазоратҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистону Ҷумҳурии Тотористон ва иштироки фаъоли намояндагии Ҷумҳурии Тотористон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад, бобати аз нав барқарор гардидани робитаҳои фарҳангӣ марҳилаи таърихӣ хоҳад шуд.
– Халқи меҳмоннавози Ӯзбекистон ҳеч аз ёди халқи мо намеравад, ҳузури ҷавонон дар толор моро шод гардонд. Онҳо аз намунаҳои ба худ хоси фарҳанги миллати худ баҳра бардоштанд, забони хушоҳанги тоторӣ ва мусиқии онро бо гӯши ҷон шуниданд, рақсҳои миллиро тамошо карданд, – бо сипосгузорӣ изҳор дошт директори театри номбурда Илфир Якупов дар вохӯриҳое, ки дар Тошканду Самарқанд баргузор шуданд. – Мо саъю кӯшиш ба харҷ додем, ки ин сафари эҷодӣ низ мисли даҳсолаҳои пеш дар ёдҳо монад, дӯстӣ ва робитаҳои эҷодии театрҳои мо идома ёбад.
...Тӯли се рӯз парда чор маротиба бардошта шуд, тамошобин ба олами ҳодисаҳои саҳна, аз спектакли «Шоли кабуд» (асари классикии драматурги тотор К.Тинчурин), ки ба ибтидои қарни сипаригардида мепайваст, ворид гардид. Бинандагон гуфтугӯйи актёронро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд.
Аз намоиши песаи «Хурӯс болои чиғ парид»-и драматург Аяз Гилязов ва нақшбозии актёрон дар он собиқадорони театр ва ҷавонон ба ваҷд омаданд. Дар он масъалаи муносибати байни одамони рӯз ба миён гузошта шуда буд.
– Мо аз омадани ҳамкасбон, хоҳарон ва бародарони худ мамнунем, ҳамааш басе хуб гузашт, мусиқӣ, декоратсия ва ҳунарнамоии актёрон тасвирнопазиранд, ҳамааш фаҳмо. Аз театри тотор метавон бисёр чизро омӯхт, – изҳор доштанд ҳунарпешагони хидматнишондодаи Ӯзбекистон Гулчеҳра Иброҳимбекова ва Раъно Ярашева, ки рост истода ҳунарнамоии ҳамкасбони худро бо кафкӯбиҳо истиқбол мегирифтанд. – Боварӣ дорем, ки робитаҳои мо идома пайдо мекунанд, ба сафарҳои эҷодии театри мо низ дар Қазон комёбиҳо мехоҳем.
Тамошобинон спектакли «Тобистони деромада»-и Илгиз Зайниевро низ гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.
Собиқадорони ҳунари театри ӯзбек, ҳунарпешагони мардумии Ӯзбекистон Рихсӣ Иброҳимова, Ёқуб Аҳмедов, Ёдгор Саъдиев, Теша Муъминов, Ходими хидматнишондодаи санъати Ӯзбекистон, дирижёр, роҳбари ансамбли созҳои халқии «Суғдиёна», профессор Фирӯза Абдураҳимова саҳнаҳоро бо таваҷҷӯҳи зиёд тамошо карданд. Адабиётшинос Шуҳрат Ризоев изҳор дошт: «Ҳайратамон ҳадду канор надорад. Баъди беш аз 30 сол робитаҳои фарҳангии мо барқарор гардид, театри тотор дар тавлид ва ташаккули мактаби театри ӯзбек бисёр корҳоро анҷом додааст. Поягузори театри тотор Галиаскар Камол дар солҳои 20-уми садаи сипаригардида якчанд намоишро дар саҳнаи театри ӯзбек гузошта буд. Баъди солҳои тӯлонӣ сафари кунунии ҳунарпешагони театри тотор хеле хотирмон сурат гирифт. Аҳсант! Сафари ҳунарии театрҳои мо ба кишвари шумо робитаҳои фарҳангиро қавитар месозад».
Вохӯриҳои Самарқанд низ хотирмон буд, меҳмонон то парвози ҳавопаймо таассуроти худро аз сафари ҳунарӣ изҳор доштанд: «Аз пазироии гарм хеле мамнун шудем, ҳатто офтоб нурҳояшро дар қудуми мо густурд, забон ва мусиқии миллии ӯзбекро бисёриҳо бори аввал мешуниданд, се рӯз гӯё се дақиқаи дидорбинӣ буд, рӯзҳо мегузаранд, вале дӯстию бародарӣ ва якдилӣ ба таври ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд».
— Яке аз ҳамкасбони мо дар Намангон, дигаре дар Тошканд, сеюмӣ дар Андиҷон таваллуд шудааст. Дар зодгоҳ будан ва дидорбинӣ бо ҳамкасбон бахти бузург аст, – изҳор доштанд ҳунарпешагони мардумии Тотористон Фарид Бикчантаев, Фаут Бакиров, мусаввири шоистаи Федератсияи Русия ва мардумии Тотористон Сергей Скоморохов, ҳунарпешаи шоиста Фанис Зиганша. – Итминон дорем, ки сафари эҷодии театри шумо дар кишвари мо бомуваффақият мегузарад.
Имрӯзҳо Театри миллии академии драмавии Ӯзбекистон дар меҳмонии Театри давлатии академии Тотористон ба номи Г.Камол аст. Дар саҳни театри мазкур спектакли «Имтиҳони тақдир»-и Қӯчқор Норқобил ва «Саҳрои модар»-и Чингиз Айтматов намоиш дода шуд.

Флора ФАХРУДДИНОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: