ВАЗИФАҲОИ ИМРӮЗАИ ЖУРНАЛИСТОН

Дар Маркази захираи ахбори шаҳри Намангон бо ҳамкории Бунёди ҷамъияти дастгирӣ ва рушди расонаҳои ахбори оммавии мустақили чопӣ ва агентиҳои ахбори Ӯзбекистон, Агентии матбуот ва ахбори Ӯзбекистон, Садорати матбуот ва ахбори вилоят бо иштироки муҳаррирон ва хабарнигорони рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ таҳти унвони «Андешаю дархостҳо оид ба беҳтар намудани матолиби чопӣ дар рӯзномаҳо» семинари амалӣ баргузор гардид.

Алҳол дар ҳама соҳаҳо ислоҳот амалӣ мегарданд, ки ба ободӣ, фаровонӣ ва рушди мамлакат, беҳтар гардонидани некӯаҳволии халқамон нигаронда шудаанд, дар ин ҷода вазъият дар расонаҳои ахбори оммавӣ чӣ гуна аст. Барои беҳтар кардани маводи чопии рӯзномаҳо дар ин самт, вазифаҳои журналистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар  чорабинӣ вакили Агентии матбуот ва ахбори Ӯзбекистон Муҳиддин Амон, мутахассиси Бунёди ҷамъияти дастгирӣ ва рушди расонаҳои ахбори оммавии мустақили чопӣ ва агентиҳои ахбори Ӯзбекистон Музробҷон Тоғаев, дотсентҳои факултаи журналистикаи Донишгоҳи забонҳои ҷаҳони Тошканд Назира Тошпӯлатова ва Берунӣ Алимов иштирок карда, дар баробари дигар воситаҳои ахбори оммавӣ дар рӯзномаҳои даврӣ низ бо зудӣ ва шаффофӣ ба чоп ҳозир кардани ҳар як мавод талаботи давр буда, дар ин бора вазифаҳои пешистодаи журналистонро дар маърӯзаҳояшон баён карданд.
Дар кори семинар сардори Садорати матбуот ва ахбори вилоят Зиёвуддин Мансуров ба сухан баромада, гуфт, ки рӯзноманигорони вилоят аз машварат хулосаи зарурӣ бароварда, ҳар як маводашонро пурмазмун ва хонданибоб ба чоп ҳозир мекунанд.

А.МУРОДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».   

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: