ХАБАРИ МУХТАСАР

ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ ШОНЗДАҲУМИ УМУМИИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

27 сентябри соли 2018 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади шонздаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро оғоз кард.
Дар кори ҷамъомад аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои марказӣ, намояндагони расонаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карданд.
Ҷамъомад таҳти раёсати Раиси Сенати Олий Маҷлис Ниғматилла Йӯлдошев гузашт.
Баъд аз тасдиқ шудани рӯзномаи ҷамъомади умумӣ сенаторон ба муҳокимаи масъалаҳои баррасишаванда сар карданд.
Депутатҳо корро аз муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи хидмати давлатии гумрук» дар таҳрири нав оғоз намуданд. 
Зикр шуд, ки қонуни мазкур ба такмил додани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти гумрук, фароҳам овардани механизмҳои иловагии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи муътамади ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин иштирокдорони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ нигаронида шудааст.
Мувофиқи қонун вазифаҳои асосии Хидмати давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои аз ҷониби қонун ҳифзшавандаи ашхоси ҷисмонӣ ва юридикӣ, татбиқ намудани назорат барои риоя гардидани қонунгузории гумрук, пешгирӣ кардан, ошкор намудан ва боздоштани вайронкуниҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла қочоқи нашъа муайян шудааст.
Баробари ин қонун вазифаҳои нави мақомоти гумрукро бинобар татбиқ кардани пешгирии қонунвайронкуниҳо, баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон, мониторинги мунтазами самаранокии истифодаи низоми идоравии хавфу хатар, корбурди технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ ва воситаҳои назорати техникӣ, коркарди самтҳои бартариноки пешрафт ва такмил додани кори гумрук, мониторинги амалиётҳои савдои хориҷӣ, таҳлил намудани ҷараёни иҷрои қарордодҳои содиротиву воридотӣ, ҳамчунин риоя гардидани қонунгузории асъор ҳангоми гузаронидани амалиётҳои савдои хориҷӣ, аз ҷумла вобаста ба мақомоти гумрук, ба роҳ мондани омори гумрукии савдои хориҷии молҳо ва номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ мушаххас менамояд. 
Равандҳои асосии фаъолияти онҳо: қонунмандӣ, ягонагӣ, рӯшодӣ ва шаффофият, риоя ва эҳтиром кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ашхоси ҷисмониву ҳуқуқӣ қонунӣ мешаванд.
Қайд гардид, ки қонуни мазкур ҳуқуқ ва ӯҳдадории иловагии кормандонро пешбинӣ мекунад ва тартиби муфассал, шароити адои хидмат: қабул ба хидмат, додан, паст ва бекор кардани унвонҳои махсус, таъин ва озод кардан,  тайёрӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисос, сафар, аттестатсия, пешниҳоди рухсатӣ ба кормандон, адои муҳлати хидмат, озод ва ба хидмат барқарор кардан, таъмин намудани тартиботи адои хидматро муайян мекунад. Ҳамчунин чораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷамъиятии кормандони мақомоти хидмати гумрук мушаххас карда мешаванд.
Нотиқон таъкид намуданд, ки қонун ба мустаҳкам шудани кафолати корҳои ҳуқуқӣ, ки ба иҷрои ӯҳдадориҳои кормандони мақомоти гумрук, минбаъд беҳтар шудани ҳифзи моддӣ ва иҷтимоии онҳо алоқаманданд, мусоидат ҳоҳад кард. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи оҷонсиҳои хусусии шуғл»-ро баррасӣ намуданд. Қайд шуд, ки Қонун зиёд кардан ва вусъат додани имкониятҳои бошуғл таъмин кардани аҳолии Ӯзбекистонро ҳам дар мамлакат, ҳам дар хориҷа, танзими дақиқи механизмҳои ҳамкории хидматҳои давлатӣ ва сектори хусусии шуғл, муайян намудани тартибот ва шароити хидматрасонӣ бинобар бошуғлфарогирӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои оҷонсиҳои хусусии шуғл, корхона ва ашхосеро, ки кор меҷӯянд, пешбинӣ мекунад.
Қонун ваколати Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар соҳаи танзими фаъолияти оҷонсиҳои хусусии шуғл мустаҳкам менамояд. Мувофиқи меъёрҳои қонун мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигар ба оҷонсиҳои хусусии шуғл бобати ҷалби онҳо ба татбиқ намудани барнома ва лоиҳаҳое, ки ба таъмин намудани аҳолӣ бо шуғл, аз ҷумла дар хориҷа, рушди шарикии давлативу хусусӣ дар соҳаи бошуғлфарогирии аҳолӣ, дар тайёр кардан ва гузаронидани маъракаҳои ахбор, конфронсҳо, симпозиумҳо, машваратҳо бинобар масъалаҳои ба кор ҷойгиркунии аҳолӣ нигаронида шудаанд, кӯмак мерасонанд. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи интихоботи раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандон»-ро муҳокима карданд. Қонун ба риоя шудани равандҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофияти ҷараёни интихобот ба мақомоти худидораи шаҳрвандон, таъмин гардидани мустақилии роҳбарони ҷамоатҳои шаҳрвандон аз мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани иқтидори кадрии ҷамоатҳои шаҳрвандон ва самаранокии фаъолияти идораи маҳалла нигаронида шудааст. Муҳлати ваколати раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандон аз дуюним сол то се сол дароз карда мешавад.
Ба мақсади таъмин кардани иштироки беш аз пеш васеи шаҳрвандон дар интихоботи раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандон дар қонун меъёри камтарини намояндагӣ аз ҳавлиҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва кӯчаҳо бо назардошти миқдори аҳолии ҳар кадом минтақаи мамлакат муқаррар карда шуд. Дастуре сабт гардид, ки мувофиқи он меъёри камтарини намояндагӣ барои таъмин сохтани квотаи дифференсиалӣ аз миқдори шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан доранд, 12 фоиз муайян карда мешавад. Дар қонун нисбат ба намояндагии шаҳрвандон ба интихобот талабот муқаррар мегардад. Чун қоида онҳо шахсоне мебошанд, ки қобилияти ташкилотчигӣ, таҷрибаи ҳаётӣ доранд ва дар байни аҳолӣ соҳибобрӯ мебошанд.
Мувофиқи қонун барои ташкил кардан ва баргузор намудани интихобот дар сатҳи ҷумҳуриявӣ Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба кӯмакрасонӣ дар ташкил ва баргузор кардани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон машғул мешавад, ки аз ҷониби Шӯрои Сенат созмон дода шудааст, ба ҳайати он метавонанд депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ, аъзои Сенат, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, илмӣ ва ғайра низ дохил шаванд. 
Барои таъмин кардани шароитҳои дахлдор, ки эҳтимоли ягон хел назоратро барои ифодаи иродаи шаҳрвандон аз байн мебардорад, баргузор кардани овоздиҳии пӯшида дар интихоботи раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандон муқаррар карда мешавад.
Мувофиқи меъёрҳои қонун маълумот дар бораи ташкил ва баргузор кардани интихоботи раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандон, сана, вақт ва ҷойи гузаронидани интихобот, номзадҳо ба вазифаи раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандон, натиҷаи овоздиҳӣ бояд дар веб-сайтҳои махсуси шӯроҳои оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд ҷойгузин карда шаванд. Қонун аз ҷониби сенаторон пазируфта шуд.
Сенаторон ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмил додани интихоботи раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандон»-ро баррасӣ намуданд.  Қонун ба таъмин сохтани шароит барои татбиқи пурраи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон барои иштирок дар интихоботи раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандон, рӯшодӣ ва шаффофияти ҷараёни интихобот, ба раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандон пешниҳод кардани имкониятҳои зиёд барои намоиш додани дониш ва иқтидори ташкилотчигии худ равона карда шудааст.
Мувофиқи қонун ба Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрвандон» тағйирот ворид карда мешаванд. Аз ҷумла, аз Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қонун «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрвандон» суханони «ва мушовирони ӯ» хориҷ карда мешаванд. Аз Сарқонун муҳлати ваколати раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандон хориҷ карда мешавад, ки ифодаи худро дар Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи интихоботи раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандон» дарёфтааст. 
Нотиқон қайд карданд, ки қабул шудани қонун шаффофияти ҷараёни интихоботро ба мақомоти худидораи шаҳрвандон, мустақилии ҳайати роҳбарии ҷамоати шаҳрвандонро аз мақомоти давлатӣ таъмин менамояд, сифати иқтидори кадрии ҷамоатҳои шаҳрвандон ва самаранокии фаъолияти идораи маҳалларо баланд мебардорад. Сенаторон қонунро маъқул карданд. 
Сипас Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муқаррар намудани  Рӯзи Хидмати амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мавриди баррасии сенаторон қарор гирифт. Мувофиқи қонун 5 апрел Рӯзи Хидмати амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар гардид.
Сенаторон зикр намуданд, ки қабули қонун ба беҳтар шудани кори ҳарбию ватандӯстӣ, тарбияи маънавиву ахлоқии хизматчиёни содиқи вазифаи хидматӣ, дар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандон баланд гардидани эҳсоси ифтихор аз касби интихобкарда, ҳамдилии ҳайати шахсӣ, баланд гардидани самаранокии фаъолияти хидмат, дар шаҳрвандон, аз ҷумла дар ҷавонон ташаккул ёфтани мавқеи фаъоли ҳаётӣ, ҳамчунин ҷолибияти хидмати ҳарбӣ мусоидат хоҳад кард. Сенаторон қонунро қабул карданд.
Аъзои Сенати Олий Маҷлис ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистонро «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва соҳибкорӣ нигаронида шудаанд», муҳокима намуданд.
Тавре ки аз ҷониби сенаторон зикр гардид, минбаъд такмил додани қонунгузории соҳаи рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва соҳибкорӣ мақсади қонун ба шумор меравад. Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 апрели соли 2018 «Дар бораи чораҳои минбаъд коҳиш додан ва соддатар кардани тартиботи рухсатнома ба иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамчунин беҳтар намудани шароити тиҷорат» тағйироти воридшуда бекор кардани муҳлати амали рухсатномаҳоро барои ҳуқуқи татбиқ намудани баъзе намудҳои фаъолият пешбинӣ менамояд.
Аз Рӯйхати хелҳои фаъолият, ки барои татбиқ сохтани онҳо рухсатнома тақозо мешавад, чаҳор намуд: фаъолият бинобар хидмати киштиҳои ҳавоӣ дар аэропортҳо, ки бо иҷрои боркашониҳои ҳавоӣ алоқаманданд, тайёр кардан, нусха бардоштан ва дар экран намоиш додани асарҳои аудиовизуалӣ; татбиқ кардан, фурӯхтани асарҳои аудиовизуалӣ, фонограмма ва барномаҳо барои ЭВМ; ферментатсияи маҳсулоти тамоку хориҷ карда, ҳамзамон чаҳор намуди рухсатномавии фаъолият – лоиҳабандӣ, сохтмон, истифода ва хидматрасонии шабакаҳои телекоммуникатсияҳо ба як намуд муттаҳид карда мешаванд. 
Мувофиқи қонун баъзе талабот барои корхонаҳои дорои саҳмияҳои давлатӣ дар бунёди оинномавӣ: дар бораи зарурати мувофиқа бо мақомоти ваколатдор асоснокии техникиву иқтисодии ҷараёни коркарди мол дар ҳолати коркарди мол берун аз ҳудуди гумрук, дар бораи зарурияти мавҷуд будани муоҳидаи мақомоти ваколатдор дар бораи он ки коркарди мол дар берун аз ҳудуди гумрук ба манфиатҳои иқтисодии мамлакат зарар намерасонад, дар бораи зарурияти бо мақомоти ваколатдор мувофиқат кунонидании асоснокии техникиву иқтисодии ҷараёни коркарди мол дар мавриди коркарди мол дар ҳудуди гумрук бекор карда мешаванд.  
Бинобар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 апрели соли 2018 «Дар бораи куллан такмил додани фаъолияти мақомоти Хидмати давлатии гумрук» мувофиқи қонун тағйироте дохил карда мешаванд, ки бекор кардани ҳуҷҷати рухсатдиҳиро барои ба сифати брокери гумрук татбиқ намудани фаъолият, ҳамчунин талаботро дар бораи зарурати аттестати ихтисосии мутахассис оид ба қайди гумрукӣ пешбинӣ менамоянд.
Ҳамчунин бинобар қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 марти соли 2018 «Дар бораи чораҳои иловагии баланд бардоштани дастрасии хидматҳои бонкӣ» ва аз 12 сентябри соли 2017 «Дар бораи чораҳои рушди минбаъда ва баланд бардоштани пойдории низоми бонкии ҷумҳурӣ» тағйироте ворид карда мешаванд, ки мувофиқи онҳо ба бонкҳо ҳуқуқи додани қарзҳои кӯчак пешниҳод мегардад. Дар ин маврид ба афзун кардани фоизҳо, ситондани пардохтҳои комиссионӣ ва ҷаримаҳои аҳдшиканӣ (ҷарима, иловапулиҳо), корбурди чораҳои дигари ҷавобгарӣ бинобар муоҳидаҳои хидматрасонии микромолиявӣ, ки беш аз нисфи миқдори қарзи яксоларо ташкил медиҳанд, манъ карда мешавад.
Сенаторон қайд карданд, ки қабули қонун ба минбаъд такмил додани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқии дастгирии соҳибкорӣ ва умуман ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ хидмат мекунад. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмил додани низоми кӯмакҳои юридикӣ ва хидматрасонҳои ҳуқуқӣ»-ро баррасӣ намуданд.    
Мувофиқи қонуни мазкур ба Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ, кодексҳои Шаҳрвандӣ, Манзил ва Андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи нотариат» ва «Дар бораи адвокатура» тағйирот ва иловаҳо дохил карда мешаванд.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 майи соли 2018 «Дар бораи куллан баланд бардоштани самаранокии идораи адвокатура ва вусъат додани мустақилии адвокатҳо» тағйироти воридшуда муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои монеъ шудан ба фаъолияти адвокатро пешбинӣ менамояд, ба баъзе табақаҳои шахсоне, ки на камтар аз 3 сол ҳамчун корманди соҳаҳои хидмати ҳуқуқ, дар вазифаҳои судя, муфаттиш, прокурор таҷрибаи корӣ доранд, ҳуқуқ дода мешавад, ки дар имтиҳони ихтисосӣ бидуни гузаштан аз таҷрибаомӯзӣ бо сару либоси адвокатӣ иштирок кунанд.
Қонун ба адвокатҳое, ки бюрои адвокатӣ таъсис додаанд, ҳуқуқ медиҳад, ки фаъолияти худро дар биноҳои истиқоматие, ки моликияти онҳо мебошанд, ё худ бино бар ягон асоси дигари қонунӣ ба онҳо тааллуқ доранд, татбиқ намоянд. Дар ин маврид тағйир додани бинои истиқоматие, ки моликияти адвокат ба шумор меравад, ба бинои ғайриистиқоматӣ барои дар фаъолияти бюрои адвокатӣ истифода бурдани онҳо тақозо карда намешавад. Ба адвокат ҳуқуқ дода мешавад, ки ба сифати вакили патентӣ ва медиатор, корманди хидмати ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, мақомоти идораи хоҷагӣ, корхонаи давлатӣ, муассиса ва ташкилот дар пояи шартнома, ҳамчунин судя дар судҳои ҳакамӣ ва арбитражӣ (судҳои байналхалқии тиҷоратӣ) ба фаъолият машғул шавад.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25 майи соли 2018 «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми нотариат ҳамчун идораи суди одили огоҳкунанда» тағйирот ва иловаҳое, ки ворид карда мешаванд, бекор кардани тасдиқи нотариалии муоҳидаҳои иҷора ва истифодаи ройгони моликияти ғайриманқул, муътадил гардондани рӯйхати амалро, ки ба тасдиқи нотариалӣ тааллуқ дорад, тасдиқи нотариалии санади қабул шудани қарори мақомоти коллегиалии шахси ҳуқуқӣ бино бар хоҳиши ӯ аз ҷониби мақомоти масъул, кӯтоҳ кардани муҳлати таҷрибаомӯзӣ барои номзад ба вазифаи нотариус аз ду сол то як солро пешбинӣ менамояд. Ҳамчунин талабот бобати аз бозомӯзӣ гузаштани номзадҳо ба вазифаи нотариус барои шахсоне, ки дар вазифаи судя на камтар аз 5 сол, дар вазифаҳои бо роҳбарият ва назорати фаъолияти нотариалӣ вобаста на камтар аз 3 сол кор кардаанд, бекор карда мешавад. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмил додани низоми таъминоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва хидматрасонии  манзиливу коммуналӣ»-ро муҳокима карданд.
Қонун дохил кардани тағйирот ва иловаҳоро ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъминоти давлатии нафақаи шаҳрвандон» ва Кодекси манзили Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ мекунад.
Тағйирот ва иловаҳое, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 декабри соли 2017 «Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати ташкил кардани шароитҳои мусоид ба баъзе табақаҳои нафақахӯрон, ки фаъолияти меҳнатӣ доранд», ҷорӣ намудани тартиботеро пешбинӣ менамояд, ки мувофиқи он дар мавриди розӣ набудани нафақахӯр аз қарори шуъбаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и Бунёди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молия дар бораи бар илова нигоҳ дошта шудани миқдори пардохташавандаи нафақа, ки қарздории ошкоршуда дар тартиби судӣ, вале на бештар аз 3 соли санаи ошкор шудани он ситонида мешавад.
Тағйирот ва иловаҳое, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 16 ноябри соли 2017 «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани интизоми пардохт дар соҳаи хидматрасонии таъминоти об ва тақсимоти об» ворид карда мешаванд, ҷорӣ намудани пардохтҳои ҳатмиро барои хидматрасонии таъминоти об ва тақсимоти об (канализатсия) дар фондҳои давлатӣ ва хусусии истиқоматӣ дар пояи пардохти 100 фоизаи пешакӣ пешбинӣ менамояд. Дар ҳолати напардохтани пешпардозии 100 фоиза барои хидматҳои таъминоти об ва тақсимоти об (канализатсия) нисбат ба мулкдорон, кирокунандагон, иҷоранишинони бино дар бунёдҳои давлатӣ ва хусусии манзил метавонад то ба дараҷаи куллан ҷудо кардан аз низоми таъминоти об ва тақсимоти об чораҳо истифода бурда шаванд. Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд.
Сипас Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба таъмин намудани амнияти ҷамъиятӣ нигаронида шудаанд» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки қонун ба минбаъд такмил додани қонунгузории ҷиноӣ, ҷиноиву протсессуалӣ ва қонунгузорӣ дар бораи масъулияти маъмурии соҳаи таъмин сохтани амнияти ҷамъиятӣ нигаронида шудааст.
Аз ҷумла, мувофиқи қонун ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои амнияти ҳаракати роҳ пурзӯр карда мешавад.
Ҳамчунин мувофиқи қонун ҷавобгарии маъмурӣ барои сартобии хилофи қонун барои пешниҳоди кӯмакҳои зудамал ва таъҷилии тиббӣ ба шахсоне, ки дар вазъи хавфноки ҳаётӣ ё худ ҳолати саломатӣ қарор доранд, пешбинӣ мегардад.
Ғайр аз ин ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ барои монеъгарӣ, дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ва қонунвайронкуниҳои дигар, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидорӣ дахолат мекунанд, пурзӯр карда мешаванд.
Дар ҷараёни муҳокима қайд гардид, ки қабули қонун ба мустаҳкам гардидани асосҳои қонунгузории таъминоти амнияти ҷамъиятӣ мусоидат хоҳад кард. Сенаторон қонунро қабул карданд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба пурзӯр шудани ҷавобгарӣ барои қонунвайронкунӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити атроф, истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ»-ро баррасӣ карданд. 
Сенаторон таъкид намуданд, ки қонун ба минбаъд такмил додани меъёрҳои қонунгузории дарамал, баланд бардоштани масъулияти мансабдорон ва татбиқ гардидани чораҳо бино бар мустаҳкам намудани механизмҳои ҳуқуқии пешгирӣ, профилактика, ошкор кардан ва боздоштани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаҳои ҳифзи муҳити атроф, истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ нигаронида шудааст.
Тағйирот ва иловаҳое, ки қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ҳамчунин ба Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи партовҳо» дохил карда мешаванд. 
Чунончи, ба Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ иловае дохил карда мешавад, ки чораҳои ҷиддии ҷавобгариро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳисобу китоби давлатии об, зарар дидани иншоот ва воситаҳои хоҷагии об, вайрон кардани қоидаҳои истифодаи онҳо, вайрон кардани режими ҳудудҳои ҳифзшавандаи табиӣ, ҳамчунин вайрон кардани талаботи табиӣ ҳангоми ҷамъ овардан, безарар кардан, нигоҳ доштан, истифода бурдани партовҳои саноатӣ, маишӣ ва ғайраро пешбинӣ менамояд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи партовҳо» мазмуни мафҳуми «муомила бо партовҳо» аз ҳисоби чунин намудҳои фаъолият, аз ҷумла ҳисобу китоб ва назорати соҳаи муомила бо партовҳо, ба роҳ мондани кадастри давлатии ҷойи гӯрондан ва утилизатсияи партовҳо, кашондани наздисарҳадии партовҳо вусъат дода мешавад. Ҳамчунин безараркунии партовҳои саноатӣ ва маишӣ бидуни сохторҳои махсуси техникӣ манъ карда мешавад.
Зикр шуд, ки қабули қонун ба пурзӯр шудани чораҳои профилактикӣ, баланд бардоштани масъулияти мансабдорон ва шаҳрвандон барои қоидавайронкунӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити атроф, истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ, ҳамчунин ба роҳ мондани кори таъҷилӣ ва самараноки мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ мусоидат хоҳад кард. Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд. 
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки минбаъд баланд бардоштани самаранокии қарорҳои суди одил, ҳамчунин эътирофи бекор дониста шудани Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи шикоят ба суд бино бар амалиёт ва қарорҳое, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро халалдор мекунанд» нигаронида шудааст, муҳокима карданд.
Қонун ба баланд бардоштани самаранокии қарорҳои суди одил ва ба роҳ мондани фаъолияти судҳо нигаронида шудааст. Чунончи, ба мақсади пурзӯр кардани масъулияти муовинони раис – раисони коллегияҳои дахлдори судии Суди олӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ дар ташкили фаъолияти коллегияҳои судӣ ва судҳои поёнӣ мувофиқи қонун ба моддаи 27-уми Қонун «Дар бораи судҳо» тағйирот дохил карда мешавад.
Мувофиқи тағйиротҳои воридшуда шахсони дар боло зикршуда баробари татбиқ кардани роҳбарӣ ба кори коллегияҳои дахлдори судии Суди олӣ ба ҷамъомадҳои судии коллегияҳои зарурӣ роҳбарӣ мекунанд, барои баррасии парвандаҳо дар ҷамъомадҳои коллегияҳои дахлдори судӣ ҳайатҳоро ташкил медиҳанд.
Тағйирот ба Қонун «Дар бораи судҳо» пурзӯр кардани масъулияти раисон ва муовинони судҳои вилоятӣ ва судҳои ба онҳо баробаркардашударо барои баланд бардоштани самаранокии ташкили фаъолияти суд ва судҳои поёнӣ пешбинӣ менамояд.
Тағйироте, ки ба мақсади дар фаъолияти судҳо таъмин кардани истифодаи васеи технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ, ҳамчунин барои тақсимоти дуруст ва баробари кор дар байни судяҳо дохил карда мешаванд, тақсимоти корҳои судиро бо истифодаи низомҳои автоматиконидашуда пешбинӣ мекунад.
Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд.
Сипас сенаторон як қатор қонунҳоро дар бораи тасдиқи шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тасдиқи Оиннома ва Дастури тартиботии Идораи меъёрҳо ва метрологияи кишварҳои исломӣ (Истанбул, 7 ноябри соли 1999 бо тағйиротҳо аз 7 майи соли 2017)», «Дар бораи тасдиқи Тасҳеҳ ба Оинномаи Ҳамкории ташкилоти исломӣ (Абиджан, 10-11 июли соли 2017)», «Дар бораи тасдиқи Муоҳидаи Париж (Париж, 12 декабри соли 2015)»-ро муҳокима карданд.
Бо ҳамин рӯзи аввали кори ҷамъомади шонздаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом ёфт.

***
28 сентябри соли 2018 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади умумии шонздаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро идома дод.
Сенаторон масъалаи дохил намудани тағйиротро ба харҷи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2018 баррасӣ намуданд. Қарори Сенати Олий Маҷлис дар бораи дохил намудани тағйироти дахлдор ба харҷи Буҷаи давлатӣ қабул гардид.
Баъд аз он масъалаи тағйир додани сарҳадҳои ноҳияи Ғиҷдувони вилояти Бухоро ва ноҳияи Конимехи вилояти Навоӣ мавзӯи муҳокима гардид.
Таъкид гардид, ки тағйир додани сарҳадоти ноҳияҳои мазкур аз рӯи зарурати такомули низоми идора ба вуҷуд омада, ба баланд бардоштани самаранокии он мусоидат менамояд. Ин ҳуҷҷат пешбинӣ менамояд, ки 10651 гектар замини ноҳияи Ғиҷдувони вилояти Бухоро, аз он ҷумла 609,65 гектар замини шаҳраки Зафаробод ба таркиби ноҳияи Конимехи вилояти Навоӣ гузаронда мешавад.
Пас аз он сенаторон масъалаи равон намудани дархости парлумониро ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири молия Ҷ.А. Қучқоров  доир ба масъалаи ба тартибандозии муносибати меҳнатӣ дар хоҷагии қишлоқ ва бошуғлфарогирии ғайрирасмии соҳаи мазкур муҳокима намуданд.
Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои аграрӣ, хоҷагии об ва экология ва Кумитаи оид ба масъалаҳои илм, таълим ва тандурустӣ ташаббускори ин дархост гардиданд.
Таъкид ёфт, ки бино бар маълумоти Вазорати шуғл ва муносибати меҳнатӣ дар нимаи аввали соли 2018 теъдоди кормандоне, ки дар хоҷагиҳои фермерӣ бо шуғл фаро гирифта шудаанд, беш аз 2 миллион нафарро ташкил намудааст. Аз онҳо беш аз 500 нафар расман бо кор таъмин гардидаанд ва ғайрирасмӣ қариб 1,5 миллион нафар соҳиби кор аст. Сенаторон ташаббуси дархости парлумониро дастгирӣ намуданд.
Аъзои Сенати Олий Маҷлис маълумоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуҳакимовро дар бораи иҷрои Барномаи чорабиниҳо оид ба рушди минбаъдаи кумаки тиббии махсус ба аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои солҳои 2017-2021, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20 июни соли 2017 тасдиқ гаштааст, шуниданд.
Зимни муҳокима сабабҳои иҷро нагардидани чорабиниҳои «харитаи роҳ» пешбининамуда дар руҳи танқидӣ таҳлил гардида, тавсияҳо доир ба бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва иҷрои бечунучарои барномаи мазкур ва ҳамчунин баланд бардоштани самаранокии корҳои татбиқгардида дар самти мазкур изҳор гардиданд. Сенаторон қарори Сенатро дастгирӣ намуданд.
Сенаторон инчунин ҳисоботи ҳокими вилояти Бухороро дар бораи инкишофи ҳудуд ва фаъолияти шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ шуниданд.
Таъкид гардид, ки бо назардошти вазифаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни боздид аз вилояти Бухоро моҳи феврали соли 2018 муайян намудааст, корҳои мақсаднок доир ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят пеш бурда мешавад.  Соли 2017 рушди ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақа ба 102 фоиз расид. Соли 2017 ва дар муддати гузаштаи соли 2018 дар вилоят ба ҳаҷми бештар аз 1 триллиону 66 миллиарду 954 миллион сӯм сармоя азхуд карда шуда, беш аз 2185 лоиҳа татбиқ гардид, ки дар натиҷа 21854 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда шуд.
Соли 2017 ва дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ дар вилоят қариб 3800 воҳиди соҳибкории хусусӣ ва тиҷорати хурд ташкил гардида, миқдори умумии онҳо аз 14700 гузашт. Аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ барои онҳо маблағи кредит ба миқдори 2 триллиону 157 миллиарду 400 миллион сӯм ҷудо карда шуд.
Ҳамзамон сенаторон таъкид карданд, ки дар вилояти Бухоро чандин мушкилот ва камбудиҳо вуҷуд доранд, ки ба рушди ҳудуд ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳамзамон зарфияти мавҷуда ба таври пурра ба кор бурда намешавад.
Дар поёни муҳокимарониҳо қарори дахлдор, ки ба баланд бардоштани масъулияти вазорат ва идораҳо ва ҳамчунин мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо дар заминаи ҳалли масъалаҳои рушди ҳудуд нигаронда шудааст, қабул гардид.
Аз ҷониби Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дигар масъалаҳое низ баррасӣ гардиданд, ки марбути ваколати он мебошад.
Зимни ҷамъомади умумии шонздаҳум 21 масъала, аз он ҷумла 14 қонун, ки ба мустаҳкамсозии асосҳои ҳуқуқии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъият ва баланд бардоштани самаранокии бозсозиҳои доманфарохи дар мамлакат татбиқшаванда, рушди ҳамкории байналхалқӣ нигаронда шудааст, баррасӣ гардид.
Бо ҳамин ҷамъомади умумии шонздаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро ба поён расонд.
Худи ҳамон рӯз дар Маркази матбуоти Сенат барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ брифинг бахшида ба ҷамъбасти кори ҷамъомади умумии шонздаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: