ДОИР БА САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БА ҲИНДУСТОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бино бар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд 30 сентябр – 1 октябри соли 2018 бо боздиди давлатӣ ба Ҳиндустон ташриф меоварад.

Дар рафти мулоқот ва музокирот бо Президент Рам Натҳ Ковинд, Сарвазир Нарендра Модӣ ва роҳбарони дигари Ҳиндустон баррасии роҳҳои дақиқи минбаъд амиқ гардондани ҳамкории байнидавлатӣ, мубодилаи афкор намудан бино бар масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Сарвари давлатамон дар шаҳри Ню-Делӣ бо роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Ҳиндустон барои баррасии ҷанбаҳои амалии ба роҳ мондани алоқаҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз он ҷумла таклиф оид ба таъсис додани Шӯрои кории Ӯзбекистону Ҳиндустон вомехӯрад.
Дар доираи ташриф ҳайати вакилони Ӯзбекистон инчунин ба пойтахти қадимаи Ҳиндустон – шаҳри Агра, ки яке аз ҷойҳои ҷолиби диққати ба ҷаҳон машҳури он мақбараи муҳташами Тоҷмаҳал мебошад, ташриф меоранд.
Бино бар натиҷаҳои ташриф қабул намудани Изҳороти муштараки Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Ҳиндустон, ба имзо расондани силсилаи созишномаҳои  муҳими байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, ҳуҷҷатҳо байни минтақаҳо ва муассисаҳои ду мамлакат, ки барои ба дараҷаи сифатан нав бардоштани муносибатҳои ӯзбекистониву ҳиндустонӣ асосҳои ҳуқуқиро мустаҳкам менамоянд ва ривоҷ медиҳанд, ба нақша гирифта шудааст.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: