ДАР БОРАИ ЗИЁД КАРДАНИ МИҚДОРИ МУЗДИ МЕҲНАТ, НАФАҚА, СТИПЕНДИЯ ВА КӮМАКПУЛИҲО

Ба мақсади баланд бардоштани даромад ва сатҳи ҳаёти аҳолӣ, пурзӯр гардондани дастгирии давлатии аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор, инчунин пайваста таъмин кардани баланд бардоштани миқдори музди меҳнати кормандони муздаш кам:

1. Аз 1 ноябри соли 2018 миқдори музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷавӣ, нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳо 1,1 баробар зиёд карда шавад.
2. Аз 1 ноябри соли 2018 дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон миқдори камтарини:
музди меҳнат моҳе – 202 730 сӯм;
нафақа бино бар синну сол моҳе – 396 500 сӯм;
кӯмакпулиҳо ба ногироҳои модарзод моҳе дар ҳаҷми 396 500 сӯм;
кӯмакпулиҳо ба пирон ва шаҳрвандони ғайри қобили меҳнат, ки собиқаи ногузири корӣ надоранд, моҳе ба миқдори 243 300 сӯм муқаррар карда шавад.
3. Муайян карда шавад, ки тамоми хелҳои иловапулӣ ва пардохтҳо ба музди меҳнат ва нафақаҳо, ҷубронпулӣ ва пардохтҳои дигар, ки нисбати музди камтарини меҳнат муқаррар шудаанд, аз 1 ноябри соли 2018-ум бино бар миқдори камтарини музди меҳнати дар Фармони мазкур муайяншуда амалӣ мегарданд.
4. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
аз 1 январи соли 2019-ум коэффисиентҳои тарифии Сеткаи ягонаи тарифии музди меҳнатро, бо дарназардошти пайваста баланд бардоштани музди меҳнати кормандони каммузд бо роҳи зиёд гардондани коэффисентҳои тарифии разрядҳои пасти Сеткаи ягонаи тарифӣ ба ҳисоби миёна ба 10 фоиз, аз он ҷумла бино бар разряди 1-ум – 15 фоиз, бино бар разряди 2-юм – 10 фоиз ва разряди 3-юм – 5 фоиз  аз нав дида барояд;
аз 1 январи соли 2019-ум разрядҳои навшударо бино бар пардохти ҳақи меҳнати кормандони касбҳои ҳамакора, ки дар ташкилотҳои аз ҳисоби Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъминшаванда машғуланд, аз нуқтаи назари танқидӣ дида баромада, ҷорӣ намояд;
якҷоя бо институтҳои байналхалқии молиявӣ коркард ва дар муҳлати то 1 сентябри соли 2019 тақдим намудани лоиҳаи Консепсияи минбаъд такмил додани низоми додани музди меҳнати ташкилотҳои буҷаро, ки таъмин кардани вобастагии узвии миқдори музди меҳнатро бо натиҷаҳои он, мураккабӣ ва масъулиятнокии вазифаҳои меҳнатии иҷрошаванда ба назар мегирад, таъмин намояд.
5. Вазорати молия якҷоя бо Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва  вазорату идораҳои манфиатдори дигар, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ташкилотҳое, ки аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маблағ таъмин карда мешаванд, ҳисобу китоби саривақтии миқдори нафақа, стипендия ва маоши вазифавии кормандони муассиса ва ташкилотҳои буҷавиро бо назардошти қоидаҳои Фармони мазкур таъмин намоянд.
6. Хароҷоти вобаста ба зиёд кардани миқдори музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷавӣ, нафақа, кӯмакпулӣ ва стипендияҳо аз ҳисоби Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бунёди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал бароварда шавад. 
Ба корхона ва ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ тавсия дода шавад, ки миқдори музди меҳнатро мувофиқи музди камтарини меҳнат зиёд гардонанд,  додани музди меҳнатро на кам аз миқдори камтарини музди меҳнат, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, таъмин намоянд.
7. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ба Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар бораи ворид намудани тағйирот ба параметрҳои буҷаҳои дахлдор барои пӯшондани хароҷоти иловагӣ бо қабули Фармони мазкур таклифот тақдим созанд.
8. Аз 1 ноябри соли 2018 Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 июли соли 2018-ум №ФП-5469 «Дар бораи зиёд кардани миқдори музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳо», ғайр аз  банди  6-ум беэътибор дониста шавад.
9. Вазорати адлия якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклифот пешниҳод кунад.
10. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
13 октябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: